Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истифодаи самараноки нуриҳои маъданӣ кафили гирифтани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ

27.01.2021
Илм ва таҷрибаи пешқадами кишоварзон собит намудааст, ки баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо рушд додани технологияҳои парвариши зироатҳои кишоварзӣ ба даст оварда мешавад. Афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ бе истифодаи нуриҳо дар шароити камзамини Тоҷикистон ғайриимкон аст.
Истифодаи оқилонаи нуриҳои маъданӣ яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳо ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки дар давоми 30 соли охир бо сабаби норасогӣ ва кам истифода бурдани нуриҳо, ҳосилхезии хокҳо ба дараҷаи паст омада расидааст ва ин моро водор менамояд, ки дар самти барқарор намудани онҳо таваҷӯҳи махсус зоҳир намоем. Агар дар давраи шуравӣ истифодаи нуриҳои маъданӣ ба миқдори 600 ҳаз. тоннаро ташкил дода бошад, пас солҳои охир ин миқдор 150-200 ҳаз. тоннаро ташкил медиҳад.  Бинобар ин, хоҷагидорону заминистифодабарандагонро зарур аст, ки қонуни асосии зироаткорӣ – қонуни баргардонидани моддаҳои ғизоии хок, ки бо ҳосил аз замин бароварда шудааст риоя намуда, бо роҳи мунтазам истифода бурдани нуриҳо талафоти онро ҷуброн намоянд.   
Ворид намудани нуриҳои маъданӣ ва органикӣ ба хок аз рӯи меъёр вобаста ба намуди зироат бояд илман асоснок, яъне дар асоси талаботи растанӣ ва таъминнокии хок бо моддаҳои ғизоӣ муайян карда шавад. Аз ин лиҳоз, гузаронидани ташхиси хок барои муайян намудани ҳосилхезии он барои заминистифодабарандагон муҳим ва зарурӣ мебошад.
Дар заминҳое, ки дар он рӯёнидани 2-3 ҳосил ба нақша гирифта шудааст, меъёри нуриҳо 30 - 40 % зиёд карда шуда, истифодаи 15-30 тонна нуриҳои органикӣ, 5-6 тонна хокистар, 200-250 кг суперфосфат ва 60-80 кг хлориди калийро ҳангоми ғизодиҳии асосӣ (дар фасли тирамоҳ) тавсия дода мешавад. Таҷрибаи хоҷагидорон ва мушоҳидаҳои илмӣ нишон медиҳад, ки на дар ҳамаи ҳоҷагиҳо истифодаи нуриҳои фосфорӣ, бинобар сабаби гаронарзиш буданаш ба таври васеъ ба роҳ монда нашудааст. Дар ин маврид истифодаи поруи мурғ, хокистар айни муддаост. Хокистар дар таркибаш бештар фосфор, калий ва дигар элементҳои ғизоӣ дорад. Ҳангоми дар як сол руёнидани 3 ҳосил яке аз зироатҳо бояд аз оилаи лубиёдонагиҳо интихоб ва кишт карда шавад.
Макроэлементҳои асосии растанӣ аз қабили нитроген, фосфор ва калий дар ҳаёти растанӣ роли муҳимро мебозанд. Нитроген дар синтези сафеда, дигар пайвастаҳои органикии сафедадор дар растанӣ иштирок намуда, ҷараёни инкишофи растаниро муайян менамояд. Фосфор системаи решаҳо ва ташаккули узвҳои генеративии растаниро пурзӯр намуда, дар таркиби ферментҳо дохил мешавад. Дар мавриди аз фосфор таъмин набудани растаниҳо оксиген ба растанӣ кам дастрас мегардад, ки ин як қатор мубодилаҳои химиявиро бозмедорад. Дар ҳолати  истифодабарии меъёри муқаррарии нуриҳои фосфорӣ пуррагии дони гандум таъмин гардида, миқдори моддаи сафеда ва ширешнокии орд дар дараҷаи баланд нигоҳ медорад. Аз ҳама беҳтарин намуди нурии фосфорӣ барои ҳамаи ғалладонагиҳо, аз он ҷумла гандум суперфосфат мебошад.
Калий одатан ба зиёд ва ё камшавии моддањои сафеда ва ширешнокии дон таъсир намерасонад. Нурии  калийдор устувории растанињои гандумро ба камобї, касалињо ва хоб кардан баланд мегардонад.
Нурии калийдор, аз қабили калии хлордор ва сульфати калий истифода бурдан мумкин аст.
Дар тирамоҳ асосан зироатҳои ғалладонагӣ кишт карда мешаванд. Хусусан гандуми тирамоҳӣ ба нуриҳои минералӣ талаботи зиёд дорад. Меъёри солонаи нуриҳо барои гандуми тирамоҳӣ: нитрогенӣ  250-300 кг, фосфорӣ 110-150 кг, калийдор 60-80 кг муқаррар карда шудааст. Талаботи гандуми тирамоҳӣ ба фосфор аз давраи нешзанӣ то сарак бастани зироат дида мешавад. Калий аз хок аз рўзҳои аввали инкишофи растанӣ то давраи гулкунӣ ворид мегардад, лекин истифодаи зиёди он дар давраҳои найчакашӣ ва хушабандии растанӣ мушоҳида карда мешавад.
Миқдори солонаи нуриҳои фосфори ва калийгиро пеш аз шудгори тирамоҳӣ ворид менамоянд, чунки ин намуди нуриҳо аз як шакл ба шакли дигар намегузаранд ва шуста намешаванд. Нуриҳои нитрогениро пеш аз шудгор истифода намебаранд, чунки ин нуриҳо шусташаванда мебошад.  Дар нашъунамои гандуми тирамоњї ду давраи барзиёд истифода бурдани нитроген ќайд карда мешавад: дар аввали инкишоф ва дар ваќти ширагирии дон. Гандуми тирамоњї баъд аз давраи зимистонгузаронӣ ба нуриҳои нитрогенӣ ниёз дорад. Норасогии  нитроген дар давраи аввал ба пастшавии њосил, дар  давраи дуюм ба паст шудани сифати ѓалладона, хусусан кам шудани миқдори сафеда оварда мерасонад. Бинобар ин, 20 % -и меъёри солонаи нитроген ҳангоми кишт ва боқимондаи он (80%) ҳамчун ғизои якум ва дуюм ба растанӣ дода мешавад.
Ҳангоми ворид намудани нуриҳои минералӣ ба ғалладонагиҳо, намнокии хок бояд ба инобат гирифта шавад, дар ин ҳолат самаранокии нуриҳо зиёд мегардад.
         Ҷав пас аз гандум дар кишти тирамоҳӣ ҷойи дуюмро  ишғол менамояд. Меъёри истифодаи нуриҳои маъданӣ дар кишти ҷави тирамоҳӣ дар муқоиса бо гандуми тирамоҳӣ  тахминан 30 % камтар муайян карда шудааст. Мӯҳлат ва тарзи ғизодиҳӣ бо нуриҳои маъданӣ ба мисли гандум мебошад.
Нуриҳо мақоми асосиро дар афзоиш ва нашъунамои зироатҳо  иҷро намуда, бе истифодаи самараноки онҳо зиёд рӯёнидани  ҳосили дилхоҳ  аз имкон берун аст. Илми агрохимия исбот намудааст, ки нуриҳои маъданӣ ва органикӣ ҳамон вақт самаранокии баланд медиҳанд, ки агар онҳо илман асоснок ва дар асоси ташхиси аниқи агрохимиявии хок истифода бурда шаванд.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: