Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истифодаи заҳрохимикатҳои ҷопонӣ дар зироати картошка

12.02.2021

Мо амалан ба инқилоби аграрӣ, яъне таъмини сатҳи сифатан нави низоми кишоварзӣ ниёз дорем ва он ба неруӣ баланди ихтисосӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси экологӣ, иқлимӣ ва технологӣ амалан имконпазир аст.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Имсол картошкапарварони ҷумҳурӣ ният доранд, ки ҳосили хуби картошкаро бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва истифодаи технологияи муосир ба даст оранд. Яке аз омилҳои асосии гирифтани ҳосили баланди картошка ин қабули қарорҳои муосир ва комилан нав дар соҳаи ҳифзи растаниҳо ва истифодаи ғизои минералӣ, инчунин усулҳои инноватсионии технологӣ, ки қаблан дар парвариши картошка истифода намешуданд, мебошад.

Соли 2020 дар ҷумҳурӣ майдони паҳнгаштаи зараррасону касалиҳои картошка дар майдони 11915 гектар мушоҳида гардида, коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд. Новобаста аз ин, пешгирии талафоти ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ беҳбудиро мехоҳад. Аз ин рӯ вобастагии он пеш аз ҳама аз сифат ва тозагии препаратҳои истифодашаванда бар зидди зарарасонҳои кишоварзӣ, махсусан дар зироати картошка мебошад ки дар ин роҳ дарёфт ва хариду истифодаи препаратҳои истеҳсоли Ширкатҳои ҷопонӣ  бар зидди касалиҳои картошка метавонад талафёбии зироати картошкаро дар хоҷагиҳо кам ва гирифтани ҳосили хуб таъмин  карда шавад.

Яке аз ширкатҳои  пешрафта ин ширкати ҷопонии SumiAgro мебошад. Ворид намудани намудҳои маҳсулотҳои ширкати номбурда ҷиҳати пешгирии касалиҳо ва зарарасонии зараррасонҳои зироати картошка ба қатори технологияҳои нави воситаҳои муҳофизатӣ ба Тоҷикистон ҳолати фитосанитарии майдонҳоро бо истифодаи камтарини препаратҳои химиявии ширкат беҳтар мегардонад. Потенсиали баланди илмии олимони ҷопонӣ, ростқавлӣ нисбати шарикон, рад кардани фоидаи якдафъаина барои ҳадафи баланд ба кашфи молекулаҳои нави кимиёвӣ ва пешрафти тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Ҳашароти зараррасон нахоҳад гузашт.SumiAgro мушкилоти деҳқононро хуб мефаҳмад. Картошка махсусан аз ҳашарот ва касалиҳо зарар мебинад. Афзоиши якбораи майдонҳо ва парвариши доимии картошка дар ҳамон ҷо боиси бад шудани вазъи фитосанитарӣ дар бисёр майдонҳо гардид. Дар байни зараррасонҳо, гамбуски колорадоии картошка (номи лотиниаш Leptinotarsa decemlineata) мебошад, ки  хатарноктарин ба ҳисоб рафта ба картошка зарар мерасонад. Ширкати SumiAgro тавсия медиҳад, ки картошкаро ҳатто дар давраи кишт бо истифода аз препарати инсектитсидӣ-фунгицидии Престиж муҳофизат кардан аз кирми симкирмак ва гамбӯсаки колорадои фоидаоварии зиёд дошта, онро то дараҷаи 90% муҳофизат менамояд.Нет описания.

Препарати "Престиж" чанде пеш дар бозор пайдо шуд, аммо аллакай муваффақ гашт, ки ҳам дар байни мутахассисон ва ҳам дар байни кишоварзони дигар мамлакатҳо эътирофи умумро ба даст орад.  Препарати Престиж таъсири мураккаб дошта, хосиятҳои инсектитсидӣ ва фунгицидиро дар як вақт муттаҳид мекунад. Ба Тоҷикистон ворид намудани ин намуди препарат дар фуруш аз ҷониби соҳибкорон ба пешгирии касалӣ ва зарарасонҳои зироати картошка мусоидат менамояд.

Нет описания.

Препарати Престиж шакли суспензияи сурхи консентарсионӣ буда, инчунин таъсири зиддистрессӣ (зиддибуҳронӣ) дорад, ки сабзиши картошкаро беҳтар намуда, равандҳои рушдро такмил медиҳад ва тухмдонҳои иловагиро дар картошка  ба вуҷуд меорад.

Ин препарат формулаи дукомпонентӣ мебошад, ки ба имидаклоприд 140 г / л ва пентекурон 150 г / л дар бастаи мувофиқи 1 л асос ёфтааст.

Таъйинот ва макони истифодабарӣ

Асоси истифодабарӣ дар давраи кишти картошка ин заҳролуддонии тухмӣ буда, 70-100 млт/1лт об/100 кг тухмии картошка коркард карда мешавад. Лӯндаҳои картошкаи пеш аз кишт офтобдодаро дар болои матои ғафс ё пленкаи полиэтиленӣ пеш аз шинонидан ба замин тунук намуда, 7-10 мл маҳлули консентратро дар 100 мл об омода кунед, ки барои коркарди 10 кг бехмеваи картошка кифоя аст.

Возможно, это изображение (1 человек и еда)Солиев Шамсиддин Толибович - номзади илмҳои кишоварзӣ, Муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ 10.02.2021.

Илова кунед: