Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

МАЙДОНҲОИ ПАХТАЗОР ДАР ҶУМҲУРӢ

30.06.2020

Дар асоси ахбороти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрўзҳо майдонҳои пахтазор сабзишу нашъунамои хуб дошта, дар он корҳои агротехникӣ мувофиқи талабот дуруст ба роҳ монда шуда истодааст.

Ба ҳолати 26.06.2020с. дар ҷумҳурӣ 188173 гектар пахта кишт шудааст, ки он соли 2019  дар ҳамин давра 186811 гектарро ташкил медод. Бо афзоиш ёфтани 1361,5 гектар нисбат ба соли гузашта 188172,5 гектар пахта пурра сабзиш ёфтааст.

Давраҳои афзоиши пахта ба ҳолати зикр гардида нигаронкунанда набуда аз он  1204 га дар ҳолати аз 1 то 2 барга, майдони 3287,5 га дар ҳолати аз 3 то 4 барга, майдони 20574,5 га дар ҳолати аз 5 то 6 барга, майдони 92719,5 га дар ҳолати шонабандӣ ва майдони 49013 га дар ҳолати гулкунӣ, 13938 га ба ҳолати 1 то 2 курака, 7436 га ба ҳолати 3 то 4 курака  қарор дорад.

Чорабиниҳои агротехникӣ бо маром идома дошта то ба имрӯз  дар майдони 431968 га  коркарди байни қатораҳо, 187821 га ягонакунӣ ва дар майдони 239813,5 га озуқадиҳӣ гузаронида шудааст. 

Илова кунед: