Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маслиҳати мутахассис! Чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зараррасонҳои боғу токзор дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор.

04.01.2022

     Яке аз омилҳои фаровонҳосилии меваю токзорҳо ин муборизаи саривақтӣ бар зидди зараррасону касалиҳои онҳо мебошад. Бинобар ин, ба чорабиниҳо барои рушду инкишофи минбаъдаи боғдорӣ, токпарварӣ ва масъалаи ҳифзи онҳо диққати махсус дода мешавад.

       Чораҳои мубориза бар зидди зараррасонҳои боғу токзор асосан дар 2 давра гузаронида мешавад:

-давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор ҳангоми пурра дар оромӣ будани дарахтону токзор бар зидди зимистонгузаронии зараррасонҳо ва барангезандаи касалиҳо

-давраи нашъунамои дарахтону токзор ҳангоми пайдо ва паҳншавии зараррасону касалиҳо.

         Дар давраи зимистонгузаронии зараррасонҳои боғу токзор мувофиқи маълумотҳои олимони соҳа аз ҳисоби микрооганизмҳо, ҳашаротҳои дарандаю муфтхурҳо ва хазандаҳо, хусусан аз ҳисоби иқлими маҳал (боришоти зиёд, сардии ҳаво) аз 12 то 40% зараррасонҳо талаф меёбанд, ки ин албатта басанда нест.

         Бинобар ҳамин дар ин давра барои як миқдор кам кардани пайдошавии зараррасонҳо ба боғдорону токпарварон чораҳои пешгирикунанда (механикӣ, агротехникӣ, кимиёвӣ) тавсия дода мешавад.

Усули механикӣ:

- ҷамъ ва сӯзонидани баргҳои ба замин рехта, ҳамчунин меваҳои пӯсида ва мӯмиёшуда;

- охири тирамоҳ ё дар давраи зимистон бо ёрии калтаки дарози дар нӯгаш  қайчии баста ё қайчии дастӣ лонаҳои зимистонаи дулонахӯрак ва зарриндумболро гирифта месӯзонанд, шохчаҳои тухмгузории кирми ҳалқатоби кӯҳӣ, ки он ҷо тухм мегузоранд низ бурида гирифта месӯзонанд;

- тоза намудани пӯстлохҳои нобудшуда, бартараф намудани бехҷастаҳои наздирешагӣ, буридани навдаҳои хушк, сахт зарардида аз зараррасонҳо ва осебдида аз касалиҳо;

- ба тухммонаки абрешимресаки ноҷуфт ва кирми ҳалқатоби кӯҳӣ  молидани  сӯзишвории дизелӣ ё ивазкунандаи он;

- тоза намудани ковокӣ, захм ва тарқиши дарахтон. Сафед кардани тана  ва таҳкурсии асосии навдаҳо бо маҳлули 20%- и оҳак  (2 кг оҳак ва 500 гр. лой дар 10 литр). 

                       Усули агротехникӣ:

 - шудгори байни қаторҳо, нарм кардани атрофи танаи дарахт ва бехи буттаи ток;

- даровардани нуриҳои органикӣ ва минералӣ дар мутобиқат бо тавсияҳои агрономӣ;

- яхобмонӣ;

                       Усули кимиёвӣ:

       Бо вуҷуди ин, дар айни ҳол тарзи асосии ҳифзи боғу токзор усули химиявӣ боқӣ мемонад.

Нишонаҳои хусусияти усули химиявии ҳифзӣ:

- зудтаъсир;

- камхарҷ;

- дастрас;

- самаранокии баланд ва истифодабарии он ба таври оддӣ.

      Ҳангоми гузаронидани коркарди кимиёвии дарахтони мевадиҳанда ва буттаи ток яке аз заҳрхимикатҳоро истифода мебаранд, аз ҷумла;

- бо маҳлули 4 %, препарати 30В, 76% эмулсия нафту равған (10-76 кг/га);

-  бо моеъи 3 % -и бордосӣ (ба 100 литр об - 3 кг даҳони фаранг-3 кг оҳаки навшукуфта шуда);

-   бо маҳлули 4 % - и равғани муҳаррик.

        Пошидани заҳрдоруҳои номбаршуда то муғчабандии дарахтон ва ё буттаи ток, ҳарорат на паст аз +4°С на баланд аз +20°С бояд бошад.

                                        Тайёр кардани моеъи бордосӣ:

         Барои ба даст овардани моеъи 1 % бордосӣ 1кг даҳони фаранг ва 1 кг оҳаки навшукуфонидашуда ва 100 литр об мегиранд. Дар зарфи чӯбин ва ё пластмассагӣ (металлиро истифода бурдан мумкин нест) 50 литр оби гарм ва дар он даҳони фарангро маҳлул мекунанд.

         Дар зарфи дигар 1 кг оҳакро мешукуфонанд ва ба он 10 литр об мерезанд. Шири ҳосилшудаи оҳакиро соф мекунанд ва то 50 литр об илова мекунанд. Вақте, ки ҳарду маҳлул хунук мешавад, маҳлули даҳани фарангро бо фавраки борик ба шираи оҳаки рехта бо ҷидду ҷаҳд  меомезанд. Хеле муҳим аст, ки нишондоди пайдарҳамӣ риоя карда шавад.

        Моеъи дуруст тайёр кардашудаи бордосӣ ранги кабуди осмонӣ ва бетарафӣ ва ё ишқорнокии аксуламалаш суст дорад

        Барои муайян намудани аксуламал ба моеъ қоғазӣ лакмусӣ мепартоянд. Агар қоғазчаи сурх кабуд шавад ва кабудӣ тағйир наёбад моеъи бордосӣ дуруст тайёр карда шудааст.

        Агар чунин қоғазак набошад, ба моеъ ягон ҷисми оҳанин (корд ва ё мех) мепартоянд. Агар баъди 2 - 3 дақиқа  дар ҷисм ранги сурхчатоби мис пайдо шавад, ба он шири оҳакиро илова кардан лозим.

        Ба сифати моеъи бордосӣ  сифати оҳак ва ҳарорат таъсир мекунад. Ҳангоми омехтан чӣ қадаре маҳлул хунуктар бошад, ҳамон қадар беҳтар аст.

        Агар зарурати тайёр кардани маҳлули 3% пайдо шавад, он вақт ба таври мувофиқ 3 кг даҳони фаранг ва 3 кг оҳак мегиранд.

Заҳрнокшавӣ

        Дар меъёри тавсияшуда ба наботот безаҳр мебошад. Заҳрдору барои занбӯри асал миёназаҳр аст. Моъеи бордосӣ барои ҳашаротҳои фоидаовар камзаҳр. Ҳангоми аз ҳад зиёд истифодабарии меъёри сарфа дар давраи нашъунамо ба сӯхтан ва азияти сабзиши мева ва сабзавотҳо оварда мерасонад. Моеъи бордосӣ бо заҳрдоруҳои дигар ғунҷошиннопазир аст.

Меъёри сарфа ва мавзеъи зараррасон

 

Зироат

Мавзеъи зараррасон 

Мӯҳлати коркард

Ток

 

Антракноз

маҳлули 3% то пайдошавии муғчабандӣ,

маҳлули 1% дар давраи нашъунамо

Себ

Қӯтур, монилиоз, саратони  бактериалӣ

маҳлули 3% то пайдошавии муғчабандӣ, 

маҳлули 1% дар давраи нашъунамо 

Шафтолу

Печидашави  барги шафтолу, саратони  бактериалӣ

маҳлули 3% то пайдошавии муғчабандӣ

Зардолу

 Клястероспориоз (доғзании сӯрохи),  монилиоз

маҳлули 3% то пайдошавии муғчабандӣ

маҳлули 1% дар давраи нашъунамо 

Олуча - бандак ва гелос

Клястероспориоз (доғзании сӯрохи), монилиоз, саратони  бактериалӣ

маҳлули 3% то пайдошавии муғчабандӣ

маҳлули 1% дар давраи нашъунамо 

 

 Суҳроб Ҳамидов - муовини сардори Муассисаи давлатии муҳофизати

 растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

 

Илова кунед: