Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маслиҳати мутахассис! Парвариши полизиҳо: стратегия ва дурнамои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.09.2021
        Зироатҳои полизӣ аз зироатҳои маъмултарини кишти одамон ба ҳисоб мераванд. Қобилияти ташаккули ҳосили хеле баланд дар шароити тағйирёбии иқлим, ки парвариши ҳосили баланди дигар намудҳои зироат бо мушкилотҳои зиёд ба даст меояд, ба ин намуди зироати мутобиқ ба шароити ҷумҳурӣ имкониятҳои васеъро фароҳам меоварад.
        Мувофиқи маълумоти Ташкилоти байналмилалии озуқаворӣ (ФАО), айни замон зироати асосии харбуза - тарбуз дар зиёда аз 130 кишварҳои ҷаҳон парвариш карда мешавад.
       Майдони кишти тарбузи хурданбоб беш аз 3,5 миллион га, ҳосили умумӣ 104 миллион тонна ва ҳосили миёна 29,3 т / га мебошад.           Бояд қайд кард, ки тамоюли устувори афзоиши ҳама нишондиҳандаҳои истеҳсоли тарбузи хурданбоб дар ҷаҳон вуҷуд дорад.                   Майдони кишти зироатҳои полизӣ дар давлатҳои Аврупо 9,5%, Амрико ва Африқо 7% масоҳати умумиҷаҳониро ишғол мекунанд, ки дар он зироатҳои тарбузи хурданбоб ҷойгиранд. Бояд кайд кард, ки солҳои охир дар заминаи кам шудани майдони тарбузи хурданбоб дар Африқо, дар дигар қитъаҳо мунтазам меафзояд. Афзоиши назаррас дар Осиё мушоҳида мешавад. Аз охири солҳои 90-ум, рушди босуръати полизиҳо дар Ҷумҳурии Чин ба амал омада, кишварро ҳамчун пешсафи ҷаҳон дар истеҳсоли тарбузи хурданбоб гардонид.            Майдони кишти зироатҳои полизӣ дар ин кишвар ба 2 миллион гектар наздик шуда, дар соли 2011 ба 1 миллиону 898 ҳазор гектар баробар шуд, ки он 53% зироатҳои полизии ҷаҳон ва 69% зироатҳои полизӣ дар Осиёро ташкил медиҳад.
       Бешубҳа, пешсафӣ дар истеҳсоли полизиҳо ба Осиё тааллуқ дошта, маҳз дар ҳамин ҷо тақрибан дар давраи ҳозира 77% майдони кишти ин зироат мутамарказ гардонида шудааст.
       Парвариши полизиҳо дар ҷумҳурӣ асосан дар ҷануб ва шимоли кишвар ҷойгир аст, ки бо сабаби захираҳои иқлимӣ, метавонанд аз ҳисоби заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва заминҳои нави азхудшуда ҳам майдон ва ҳам ҳосилнокии ин намуди зироатро баланд бардоранд.
       Майдони кишт, ҳосилнокӣ, истеҳсол ва худтаъминкунӣ бо полизиҳо дар ҷумҳурӣ, (оморӣ)
       ПОЛИЗИҲО
       Солҳо 1991 2001 2010 2020
Майдон (ҳаз/га) 10,9, 10,5, 20,9, 22,7
Ҳосилнокӣ (с/га) 87,3, 103,3, 204,2, 266,8
Истеҳсол (ҳаз./т) 175,0, 96,9, 482,4, 756,9
Истеҳсол ба ҳар 1 нафар, (кг)
31,2, 15,3, 64,1, 80,5
       Вобаста ба зиёд гардидани майдонҳои зироатҳои полизӣ дар солҳои охир ҳосилнокии зироатҳои полизӣ низ тамоюли баландшавӣ доранд. Баланд гардидани ҳосилнокии зироатҳои полизӣ аз солҳои 2009 (426,6), соли 2010 (482,4), соли 2014 (545,7), соли 2016 (594,2) соли 2018 (641,7) ва соли 2019 (756,9) оғоз гардида, истеҳсол ба ҳар як нафар аз 31,2 кг соли 1991 ба 80,5 кг расидааст, ки ин намуди зироат дар давраи тағйирёбии иқлим хосияти пластикӣ ва мутобиқ будани худро дар сохтори зироатҳои кишоварзӣ нишон медиҳад.
       Мувофиқи маълумотҳои Вазорати кишоварзӣ соли 2020 махсусан дар ҷануб - вилояти Хатлон ноҳияҳои майдони парвариши зироатҳои полизӣ дар ноҳияҳои Ҷайҳун (2077 га), Дӯстӣ (1295 га), Вахш (1305 га), Ёвон ( 1323 га), Ҷ. Балхӣ (1114 га) ва Данғара (1239 га)-ро ташкил менамояд, ки дар қиёс ба соли 1991 қариб 4 маротиба ва дар ҷумҳурӣ 2 баробар соли 1991 (10894 га) ва соли 2020 (22754 га) зиёд аст. Ҳамасола ба хотири таъмин намудани бозорҳои дохиливу хориҷӣ дар 10 соли охир майдони кишти полизиҳо амалан қариб, ки бетағйир боқӣ мондааст (аз 19,3 то 22,7 ҳаз га). Тағйирёбии ҳаҷми майдонҳои кишти полизиҳо асосан бо тағйирёбии шароити обу ҳавои ҳарсола ва содироти он аз ҷумҳурӣ алоқаманд мебошад. Дар ҷумҳурӣ 2,3% ҷамъи умумии кишти зироатҳо дар сохтори киштро зироатҳои полизӣ ташкил медиҳанд.
      Дар робита ба афзоиши истеҳсоли полизиҳо дар минтақаи шимол парвариши полизиҳои барвақтӣ бо арзиши камтари истеҳсол ва интиқоли полизиҳо аз қисмати ҷануб дар истеҳсоли маҳсулоти харбузаи барвақтӣ ва тарбузҳои дерпаз, ки дар бештари минтақаҳои шимол имконияти захираҳои иқлимӣ нисбатан камтар аст, шароит мавҷуд аст.
      Динамикаи майдонҳои кишти зироатҳои полизӣ дар ноҳияҳои асосии ҷанубии парвариши зироатҳои полизӣ (оморӣ соли 2020)
      Минтақаи Хатлон
      Солҳо, га 1991, 2000, 2010, 2020
1. ноҳ. Ҷайҳун 456, 624, 1764, 2077
2. ноҳ. Ёвон 547, 310, 372, 1323
3. ноҳ. Дустӣ 295, 577, 1228, 1295
4. ноҳ. Данғара 659, 288, 672, 1239
5. ноҳ. Ҷ. Балхӣ 285, 889, 1606, 1114
6. ноҳ . Вахш 376, 378, 1591, 1305
7. ноҳ. Қубодиён438, 754, 1316, 945
8. ноҳ. Восеъ 555, 274, 401, 953
      Чи хеле, ки дида мешавад, имконияти зиёд намудани майдони кишт дар чор ноҳияҳои иқлимашон барои парвариши полизиҳо мусоид (Қубодиён, Шаҳритуз, Н. Хисрав ва Восеъ), инчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавҷуд аст.
      Яке аз захираҳои асосии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти зироатҳои полизӣ баланд бардоштани ҳосил мебошад. Дар ҷумҳурӣ ҳосили зироатҳои полизӣ аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ тақрибан се маротиба камтар аст. Ин ба паст будани технологияи кишоварзӣ вобаста аст; маданияти заминдорӣ, тухмиҳои хушсифат, обёрии қатрагӣ, истифодаи миқдори ками нуриҳои минералӣ, мавҷуд набудани киштгардони дуруст ва якказироатӣ омилҳое ҳастанд, ки барои ҳосили баланд гирифтан мушкилиҳо ба вуҷуд меоранд. Новобаста аз ин, тибқи нишониҳандаҳои истеҳсолии маҳсулотҳои растанипарварӣ ҳосили зироатҳои полизӣ бо дигар зироатҳо аз ҷумла сабзавотпарварӣ қариб, ки баробар аст. Сарфи назар аз вазъи душвори кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, соҳаи парвариши полизиҳо дар минтақаи кишоварзӣ ва тағйирёбии иқлим фоидаовар боқӣ мемонад. Илова ба ин деҳқонон бо роҳи такмил додани усулҳои парвариш (истифодаи стимуляторҳои афзоиш, усулҳои гуногуни тайёр намудани тухмӣ пеш аз кишт, шаклҳои нави нуриҳо, обёрии қатрагӣ ва истифодаи гармхонаҳои мавсимӣ) ба таври назаррас васеъ кардани навъҳои нави полезиҳои минтақабобшударо ба роҳ монда, истеҳсоли маҳсулотҳои полизиро дар дараҷаи зарурӣ таъмин намуда истодаанд.
     Дар сурати ба 30 ҳазор гектар расонидани майдони кишт ва гирифтани ҳосилнокии аз 300 сентнер зиёд имконияти дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсоли 1 млн тонна полизиҳо мавҷуд аст, ки қисмати зиёди он ба бозорҳои давлатҳои ҳамсарҳад ва Россия содирот карда хоҳад шуд.
     Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи соҳаи парвариши полизиҳо ба ҳисоб рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд.
     Афзун намудани истеҳсоли зироатҳои полизӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо аз истифода бурдани тухмиҳои хушсифат вобастагии калон дорад. На танҳо барои таъмини бозори дохилӣ, балки барои содирот низ нигаронида шуда, имконият медиҳад, ки самаранокии соҳа ва даромаднокии истеҳсолот моҳиятан баланд бардошта шавад. Дар солҳои шӯравӣ селексия ва тухмипарварӣ ба пуррагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ таъмин мегардид, вале бинобар дар мамлакат ба амал омадани ислоҳоти иқтисодӣ маблағгузории ин соҳа якбора кам гардид. Ҳалли вазифаи мазкур қабули маҷмӯи тадбирҳоеро тақозо мекунад, ки ихтирои навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, сари вақт гузаронидани санҷиши расмӣ ва минтақабоб намудани навъҳои беҳтарин бо мақсади ҳифзи хусусиятҳои генетикии онҳо, истеҳсол, коркард, сертификатсиякунонӣ ва маркетинги тухмиро дар бар мегирад.
     Илм ва амалияи хоҷагиҳои пешқадами кишвар нишон медиҳанд, ки яке аз шартҳои асосии ҳосили баланд гирифтани зироати полизӣ, мисли дигар соҳаҳои кишоварзӣ, махсусгардонии хоҷагиҳо ва консентратсияи зироатҳои полизӣ мебошад.
     Ҳарчанд якчанд Барномаҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ ва шабакаҳои тухмипарварӣ дар соҳа ташкил шуда, ба амал бароварда шуда бошад ҳам, дар ҷумҳурӣ хоҷагии тухмипарварии махсус оид ба истеҳсоли тухмиҳои зироатҳои полизӣ мавҷуд нест. Дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳо ва гибридҳои нави серҳосили полизӣ имкон медиҳад, ки ҳосилнокӣ бе хароҷоти иловагӣ 15-20% афзоиш ёфта, оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва омилҳои сунъӣ истифода бурда шавад. Аммо, бояд дар назар дошт, ки бо афзоиши ҳосилнокии потенсиалии навъҳо ва гибридҳо, вобастагии андоза ва сифати зироат аз омилҳои танзимнашавандаи табиӣ (хушксолӣ, сардиҳо, зараррасонҳо ва касалиҳо) хеле меафзояд.
      Бинобар ин, ҳангоми гузаштан ба маданияти заминдории адабтивӣ ва мутобиқшавии зироатҳои полизӣ дар шароити ҷумҳурӣ, парвариши тухмиҳои интродутсионӣ ва навъу дурагаҳои ба стрессҳои абиотикӣ ва биотикӣ тобовар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, соҳаи тухмипарварии зироатҳои полизиро ривоҷ додан зарур аст. Барои ин ташкили хоҷагиҳои тухмипарварии махсус ба зироатҳои полизӣ машғулбуда барои ояндаи ин соҳа муфид мебошад.
      Таъминоти илмии соҳаи парвариши зироатҳои полизӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Институти боғутокпарварӣ ва сабзавотпарварии АИКТ ва пойгоҳҳои онҳо ва стансияҳои соҳавӣ амалӣ карда мешавад. Селексионерони Тоҷикистон як қатор навъҳои арзишноки зироатҳои сабзавотӣ ва полизӣ рӯёнидаанд. Хоҷагиҳои тухмипарварӣ солҳои пешин тухмии ин зироатҳоро истеҳсол менамуданд, ки қисми зиёди он берун аз мамлакат содир карда мешуд. Вале айни замон тухмипарварии навъҳои зироатҳои сабзавотӣ ва полизӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар ин муассисаи илмӣ таҳкурсӣ ва асосҳои парвариши ватании навъу намунаҳои зироатҳои полизӣ дар даврони Шӯравӣ (Навъи сиёҳпучоқи Вахшӣ) - парвариш карда мешуд.
      Алҳол ин намуди навъ, ки дар шароити ҷумҳурӣ ҳам барои заминҳои обӣ ва ҳам барои заминҳои лалмӣ тавсия карда мешуд, дар ҳолати нестӣ қарор дошта, тухмипарварии он дар сатҳи паст қарор дорад ва хоҷагидорон тухмии онро дарёфт карда наметавонанд.
      Тухмипаварии муқаррарӣ бошад, ба тариқи ғайрисистемавӣ татбиқ мегардад. Истеҳсоли воқеии маҳсулоти зироатҳои афзалиятноки зикрёфта аз сатҳи потенсиалии имконпазир хеле қафо мемонад. Истифодаи навъҳои комил ва маводи тухмии сифатан баланд дар бобати зиёд намудани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли махсулот нақши муҳим мебозад.
      Тибқи Маълумотнома оид ба навъ ва дурагаҳои минтақабобшудаи зироатҳои кишоварзӣ дар солҳои 1991-2020 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзӣ ҳамагӣ як навъ тарбузи (Навъи «Княжин») дар соли 1991 минтақабоб карда шудааст, ки набудани хоҷагиҳои тухмипарварии махсуси зироатҳои полизӣ ва норасоии мутахассисони соҳаи селлексияи полизиҳо имкон намедиҳад, ки дар сатҳи зарурӣ навъу намунаҳои нави зироатҳои полизӣ афзоиш ва зиёд карда шуда, ба хоҷагидорон пешниҳод карда шавад.
      Дар Тоҷикистон имкониятҳои минбаъдаи баланд бардоштани самаранокии парвариши полизиҳо мавҷуданд.
      Гармшавии глобалӣ, дер ё зуд моро водор хоҳад кард, ки намудҳо ва навъҳои растаниҳоеро ҷустуҷӯ кунем, ки ба шароити хушксолӣ ва ҳарорати баланд мутобиқтар бошанд ва зироатҳои полизӣ аз рӯи хусусиятҳои биологии худ маҳз ба чунин гурўҳи зироатҳо дохил мешаванд.
      Дурнамои парвариши полизиҳо аз эҷод ва истифодаи навъҳои мутобикгардонидашуда ва гибридҳои серҳосил бо таъми болаззат ва зиёд будани миқдори ликопен дар таркиби полизиҳо иборат аст. Технологияҳои муосири парвариши истеҳсоли ниҳолҳо, бо роҳи кассетаҳои парвариш барои парвариши зироатҳои полизии барвақтӣ, аз ҷумла тарбуз ва харбуза, обёрӣ ва ғизодиҳӣ, истифодаи маводҳои нави пӯшиш, системаҳои муосири муҳофизати растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, усулҳои тайёр намудани маҳсулотҳои полизӣ пеш аз фурӯш, чӣ дар давраи марҳилаи парвариш (додани шакли дилхоҳ) ва ҳам пас аз ҷамъоварии полизиҳо (аз рӯи андоза, сифат, вақт ва ҷойи кишт ҷудо кардан, қисмҳо ва бастабандӣ ва ғ.) аҳамияти махсус дорад.
      Мушкилоти дигари ҷиддии парвариши зироатҳои полизӣ, ин набудани пешинакишти хуби зироатҳои полизӣ дар ҳаҷми зарурӣ мебошад.     
      Захираҳои заминҳои корами кӯҳна амалан тамом шудаанд, мавҷуд набудани майдонҳои растаниҳои бисёрсола, махсусан юнучқа дар минтақаҳои асосии парвариши зироатҳои полизӣ имкон намедиҳад, ки киштгардони дуруст ва ҷойгир намудани онҳоро дар заминҳои пешинакишти ин намуди зироат таъмин намояд. Дар айни замон, пешинакишти беҳтарин дар заминҳои обии ҷумҳурӣ ин заминҳои майдонҳои зироатҳои хушадорон (гандум, ҷав, пиёзи барвақтӣ, картошкаи барвақтӣ) чӣ дар кишти асосӣ ва чӣ дар кишти такрорӣ ба ҳисоб мераванд. Ин метавонад ҳамчун омили муҳим дар баланд бардоштани ҳосили зироатҳои полизӣ дар минтақа ва тағйирёбии иқлим хизмат кунад.
      Чун даврони пешини Шӯравӣ масъалаи муттаҳид кардани истеҳсолкунандагони полезӣ дар ассотсиатсияҳое, ки метавонанд фурӯши маҳсулоти парваришшударо ташкил кунанд, кӯмаки машваратӣ расонанд, таблиғ кунанд, иборат мебошад.
      Норасоии ғизо муҳимтарин мушкилоти замони мо дар бисёр кишварҳост ва дар оянда, бо афзоиши аҳолии ҷаҳон, ин масъала роҳи ҳалли худро тақозо менамояд. Ба туфайли қобилияти додани ҳосил дар шароити тағйирёбии иқлим полизиҳо дар ҳалли мушкилоти ғизо нақши муҳим доранд.
      Навъҳо ва гибридҳои муосири онҳо дорои потенсиали табдилёбии захираи арзишманди озуқаворӣ мебошанд.
      Полизиҳоро инчунин метавон ҳамчун сарчашмаи об истифода бурд, зеро таркиби онҳо зиёда аз 90% оби биологиро ташкил медиҳад.
     Ҳамин тариқ, имрӯз тамоми асосҳо мавҷуданд, ки полизиҳоро на танҳо манбаи ғизо, балки онро ҳамчун омили муассири таҳкими саломатии инсон дар асри XXI шуморем.
 
Солиев Ш.Т. - Муовини сардори Раёсати робитаҳои
байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои
илмӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ

Илова кунед: