Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Маслиҳати мутахассис! Шохабурӣ, шаклдарории дарахтони мевадиҳанда ва намудҳои он.

15.12.2021

     Шаклдиҳӣ ва буридани шоху навдаи дарахтони мевадиҳанда ва ток (пиростан), чорабинии агротехникиест, ки мунтазам барои танзими сабзиш, рушд, баланд бардоштани маҳсулнокию сифати мева ва дарозумрии онҳо гузаронида мешавад.

     Шаклдарории шохсори дарахтон яке аз тадбирҳои муҳими боғдорист. Шохсори дарахтон ба тарзҳои гуногун шакл дароварда мешаванд. Буридани шоху навдаҳо ҳосилнокиро зиёд, устувории шоху навда ва пойдории дарахтро мустаҳкам, таркиби кимиёвии меваро хуштаъм, ҳаҷми меваро калон, сифатнокиашро баланд, инчунин байни қаторҳо гаштани тракторҳо ҳангоми коркарди замин ва пошидани заҳркимиёвиҳо бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасон осон мегардонад. 

      Айни замон дар боғдории ҷумҳурӣ чор шакли шохсор васеъ қабул гаштааст, ки онҳоро вобаста аз шакли  боғ ва намуди дарахтони мевадиҳанда истифода мебаранд.

       Тухмдоронро ҳангоми ташхис додани суроби дарахт шакли зина ба зинаи қабатдор ва муқарарии беқабат сохта мешавад, шохсори  косашакл ин шакли шохсорро асосан дар боғҳои шафтолу баъзан дар дигар навъҳои себ, нок, олу ва ғайра истифода мебаранд. Чунин намуди шохсор дар 1-2 сол аз 3-4 навдаи син барои шафтолу ва 4-5 барои дигар намуди дарахтон бунёд мекунанд. Шаклдиҳии шохсори палметтӣ ин усул асосан дар боғҳои сермаҳсул (интенсивӣ), ки дар тагпайвандҳои миёнақаду қадпаст бунёд гаштаанд, истифода мешаванд. Ҳамаи намудҳои суроби дарахтони мевагӣ аз ҷиҳати шаклдарорӣ мешавад табиӣ, табиатан ба тарзи беҳтар кардашуда, сунъӣ ва сунъие, ки ба шакли табиӣ наздиканд.  Шакли табииро танҳо дар дарахтони мевадиҳандаи ҷангалӣ мушоҳида кардан мумкин аст. 

      Вобаста аз шароити маҳал, намуд, навъ, сину сол инчунин мақсади гузошташуда, дарахтонро охири тирамоҳ, зимистон, баҳор ва тобистон мебуранд. Дар шароити ҷумҳурии мо пас аз хазонрез  буриданро сар кардан мумкин аст. Хуб мешавад, ки дар навбати аввал охири тирамоҳу зимистон дарахтони себ баътар ноку олуро буред. Охирҳои зимистон ва аввали баҳор бо истиснои рӯзҳои хӯнук бо навбат биҳӣ, олуболу, гелос, зардолу, бодом ва шафтолуро буридан беҳтар аст.

        Шафтолуро дар давраи гулкунӣ бо назардошти аз хунукӣ осеб дидани муғчаҳои гулӣ ва муътадил гузоштани сарборӣ мебуранд. Буридани дарахтон дар рузҳои хунуки зимистон, ки агар ҳарорат аз -50С паст бошад, инчунин донакдоронро ҳангоми ҳавои хунук, намнок ва тира, ки сабаби шилмбарории онҳо мегардад, тавсия дода намешавад.            Баъди саршавии сабзиш, буридан ниҳоят рушди дарахтонро суст мегардонад. Ҳатто дар боғҳои навбунёдшуда сабаби хушкшавии ниҳолҳо мегардад.

        Пас аз шинонидани ниҳол дар  баландии 60-80см барои себ дар тагпайванди қадбаланд; 50-70см нок дар тагпайванди қадбаланд, себ дар тагпайванди миёнақад, инчунин олу, гелос, зардолу; 50-60см барои олуболу; 40-50см барои себ, нок дар тагпайванди қадпаст соқ мемонанду бо 3-4 Навдаҳои шохачаҳо ва шохнавда қабати якумро барпо мекунад. Навдаҳои шохачаҳоро баробар ва шохнавдаро 20-25см аз онҳо дарозтар монда мебуранд. Бояд масофаи байни навдаҳои шохачаҳо 15-20см ва кунҷи байни онҳо наздики 90-1200 бошад. Солҳои минбаъда қабатҳои болоиро барпо мекунанд, ки масофаи байни қабатҳо дар дарахтони қадбаланд 80-100см, миёнақад 60-80см, ва қадпаст 40-60см бояд бошад. Аз соли сеюм сар карда, дар навдаҳои шохачаҳо қабати поёнии 2-3 ва қабати болои 1-баъзан 2-навдаи тартиби дуюмро мегузоранд.

       Минтақаҳое, ки шароити иқлимашон континенталӣ аст, пояи ниҳолҳо дар шакли паст, ҷойҳое, ки иқлимаш муътадил аст, пояи ниҳолҳо дар шакли баланд ороста мешаванд.

       Ҳамин тариқ то пурра ба ҳосил даромадани ниҳолҳо, баъд  шоху навдабурии шохсор ба анҷом мерасад. Баъди ба ҳосили пурра даромадан танҳо танаи дарахт аз шоху навдаҳои зиёдати барои ҳаворасӣ, ҳосили баланд ва сифати хуби мева, ба омилҳои беруна тобовар буданаш гирифта партофта мешавад.

 

 Раҳматов Сулаймон - мудири шуъбаи мевапарварӣ ва буттамевагиҳои Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ.

 Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: