Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мозаикаи тамокуи помидор - касалии вирусии хатарнок. Роҳҳои муборизаи он дар гармхона ва заминҳои наздиҳавлигӣ.

27.01.2021
Мозаикаи тамокуи помидор касалии сироятии хатарноки вирусӣ буда метавонад дар киштзорҳои помидор то 50% ҳосилро нобуд созад. Сирояти вируси номбаршуда хеле гузаранда ва амалан табобатнопазир аст. Танҳо чораҳои дурусти муҳофизатӣ, саривақт муайян кардани профилактикаи касалии пайдошуда ва нобуд кардани манбаъҳо бар зидди вирус самаранок мебошанд. Аз ин рӯ, мубориза бо сироят хеле  барвақт, пеш аз шинонидани помидор оғоз мешавад.
 
Расми1. Сироятёбии барг ва меваи помидор аз вируси мозаикаи помидор
Хусусиятҳои ВМП Барангезанда: Тобамовируси мозаикии помидор (ToMV). Пештар, ин фитопатоген ҳамчун вируси мозаикаи тамоку (TMV) номида мешуд. Аммо ҳоло ҳам, дар байни сабзавоткорон ва дар дастурҳо барои агрономҳо таъриф бештар маъмул аст - вируси мозаикаи тамоку (TMV). Биологияи патоген Вируси ToMV ба муҳити зист бениҳоят тобовар аст. Танҳо дар ҳарорати аз 95 ° C нобуд хоҳад гашт, хушкӣ ба вирус ягон таъсир расонида наметавонад.. Дар заминҳои хушк ва боқимондаҳои растанӣ, он метавонад то 2 сол вуҷуд дошта бошад.
Барангезанда дар асбобҳои кории дар боғ истифодашаванда, иншоотҳои гармхонавӣ, дохилшавии сироят ба растанӣ тавассути ҳуҷайраҳо ва мӯякчаҳои зарардидаи эпидермис рух медиҳад. Яке аз паҳншавандатарин вирус ба шумор рафта, дохилшавии барангезанда аз растании касалӣ ба воситаи растании солим дар ҳолати контактӣ, янеъ кучаткунии ниҳолҳо, ҷамъоварӣ, бастани он ба бандҳои гармхона, чеканка, умуман корҳои бо дастӣ ба анҷом расонидашуда, роҳҳоеанд, ки касалї ба тамоми майдон паҳн мешавад. Поя ва баргҳои помидор бо мӯякчаҳои майда пӯшонида шудааст, ки ҳангоми заррае  бо  даст расидан, шикаста мешавад.. Агар растанӣ сироят ёфта бошад пас вирусҳои ВМП бо қатраҳои шарбат ба даст ё таҷҳизоти кории истифодашавандаи коригари дар гармхона коркунанда меафтанд. Айнан ҳамин тавр, вируси фаъол ба ҳуҷайраҳои растаниҳои солим ворид мешавад ва захмҳои хурди ба чашм ноаён барои вирус воридгоҳ ба ҳисоб меравад.
  Касалӣ  инчунин тавассути  зараррасонҳои макканда  ширинчаҳо , трипсҳо ва цикадаҳо низ мегузарад. Ба воридшавии вирус ҳангоми ба дигар намуди касалиҳои сирояти бактериявӣ ва замбуруғӣ гирифтор шудани растанӣ низ омили зиёдшавии онро зиёд менамояд.
Ба паҳншавии касалӣ тухмиҳои касал, ғафсии зиччии ниҳолҳо, ва намии баланд,маҳкам будани гармхона ва шамол надодани он, тағйирёбии ҳарорати ҳавои гармхона мусоидат мекунад. Механизми инкишофи вируси ВМП Пас аз ворид шудан ба ҳуҷайраҳои растанӣ, ба афзоиш сар мекунад,  ва ба ҳуҷайраҳои хлоропласт таъсир мерасонад, ки ин ба нобудшавии хлорофиллҳо оварда мерасонад. вайроншавии протсесҳо дар фотосинтез, вайрон шудани нафаскашӣ ва дигар равандҳои муҳими ҳаёти помидор ба назар мерасад. Буттаи помидор аз инкишоф монда тадриҷан нобуд мешавад.
Дар баргҳои помидор сироятҳои нишонаҳои аввалини пайдодоиша ба мушоҳида мерасанд. Ин намуди ранги гуногунранг (мозаика) аст, ки дар он ҷойҳои сабук ва зарди торик-зард иваз мешаванд. Ҳангоми пешрафти беморӣ, нишонаҳои дигар низ пайдо мешаванд: баргҳо нобуд мешаванд; лавҳаи барг чиндор мешавад; меваҳо хурдтар мешаванд, нобаробар мепазанд; пайдоиши доғҳои зард дар меваҳо, баргҳо метавонанд шакли  печидашудаи муякмонанди борикро бигиранд.
Табобати зироати помидор аз мозаикаи тамоку
Барои касалии ВМП (Вируси мозаикаи помидор) ягон препарати химиявӣ вучуд надорад, ки табобати комилро кафолат диҳад. Пас аз сар задани беморӣ дар помидор, тамоми чораҳо ба ҳифзи буттаҳои солим равона карда шудаанд. Агар дар ҳадди аққал як бех аломатҳои сироятёбӣ пайдо шаванд, ҳамаи растаниҳо бодиққат тафтиш карда мешаванд. Помидорҳои беморро фавран дар якҷоягӣ бо мевааш ва алафҳои бегона тоза карда, канда мепартоянд. Амалияи сабзавоткорон исбот кард, ки буридани қисмҳои зарардидаи помидор бо табобати минбаъда ба натиҷа намерасонад. Растании касалӣ ба манбаи хатарноки вирус мубаддал мегардад ва метавонад эпифитотия (паҳншавии касал дар тамоми майдони помидор) -ро ба вуҷуд орад. Замини сироятёфташуда пурра аз боқимондаҳои растаниги ва решагӣ бодиққат тоза кардашуда сузонида мешавад. Ҳама боқимондаҳои растанӣ сӯзонида мешаванд. Агар дар ҳамин майдони сирорятёфта дуюмбора ниҳол шинонидан хоҳанд, пас бояд хоки онро иваз намуда, ба ҷои он хоки нав оварда коркарди фумигатсионӣ намуда, баъдан шинонидани ниҳол иҷозат дода мешавад. Вобаста ба ин заминро бо маҳлули 5% перманганати калий Фумигатсия намуда, ворид намудани нуриҳои азотӣ баъди шинонидан тавсия дода мешавад. Растаниҳои шинонидашударо баъди як ҳафта бо маҳлули тайёркардашудаи зардоби шири -1литр+ мочевина 1қ/ошхурӣ дар 10/л об+40гр собуни ҷомашуии майдакардашуда, агар мочевина набошад дар он 5-6 қатра йод низ истифода бурдан мувофиқи мақсад аст. Дар сурати пайдошавии зараррасонҳо бо препаратҳои Искра М, Инта-Вир, Командир Макси, Фуфанон Нова ва ғайра  коркард карда мешавад.
Коркарди помидор пас аз  пайдошавии сирояти касалӣ
Ҷамъшавии вирусро дар хок парвариши зироати помидор се чор сол пайддарҳам дар як майдон шинонидани он мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, ҷои помидор дар майдони кушод ҳар сол иваз карда мешавад ва танҳо пас аз 3-4 давра онҳоро бармегардонад. Дар гармхона ташкил кардани киштгардон хеле мушкилтар аст. Дар ин ҷо мушкилот бо роҳи пурра иваз кардани хок ва агар парвариши помидор бо бодиринг якҷоя карда шуда, ҷойҳои онҳо иваз карда шавад, ҳал карда мешавад. Дар ҳар сурат, фавран пас аз ҷамъоварӣ, ҳамаи боқимондаҳои растанӣ ва реша ва алафҳои бегонаи боқимондаҳои растанигӣ ҷамъоварӣ ва  сӯзонида мешавад. Хок чуқур побел карда шуда, ба он нуриҳои минералӣ вобаста ба талаботи зироати баъдинакишт ворид карда, баҳорон заминро бо маҳлули 2% -и 40% формалин кор карда, хокро то пурра тар шуданаш мерезанд. Сипас бо пленка пӯшида ва онро 3 рӯз нигоҳ медоранд. Бо ин маҳлул гармхонаро низ коркард карда мешавад. Буғдиҳии хок дар сурати пайдошавии чунин касалиҳо метавонад яке аз воситаҳои асосии кам намудани ин касалиҳои сироятӣ гардад. Тартиби он чунин аст.: Бо оби ҷушидаистода  ба тамоми сатҳи замини сироятёфта рехта, баъд онро бо пленка ба муддати 1 руз мепӯшонанд. Баъди он як бори дигар заминро чаппа карда, боз оби ҷӯш рехта, як рӯзи дигар низ бо пленка мепӯшанд. Бо ин усул қисмати зиёди касалиҳои сироятӣ нобуд карда мешавад.
Коркарди пешакии ниҳолҳои помидор
Пошидани муҳофизатӣ ва профилактикии ниҳолҳои помидорро ҳангоми парвариши ниҳолҳо оғоз менамояд. Барои ин, 1 литр зардоби шириро дар 10 литр оби гарм омехта карда мешавад. Кор бо дорупошаки дастӣ пурра тар кардани барг ва пояи помидор анҷом дода мешавад. Дар натиҷа, дар сатҳи растаниҳо қабати тунуке ба вуҷуд меояд, ки паҳншавии  вирусро ҳангоми алоқаиодамон дар раванди гузаронидани корҳои  истеҳсолӣ пешгирӣ мекунад.
Коркарди аввалинро як рӯз пеш аз пикировкаи ниҳоли помидор охиронашро бошад як рӯз пеш аз шинонидани ниҳол ба гармхона ё саҳро мегузаронанд. Фосилаи байни дорупошӣ набояд аз 8 рӯз зиёд бошад. 5-7 рӯз пеш аз шинондани ниҳолҳо бо маҳлули 0,05% кислотаи бор дорупошӣ гузаронида мешавад. Дар мавсим помидорро 4 маротиба бо маҳлулҳо коркард менамоянд.: 0,05% кислотаи бор; 0,01% нитрати кобалт; 0,01% сулфати мис. Коркарди онро  бегоҳӣ то фарорасии шом бо фосилаи 15-20 рӯз гузаронида мешавад.  Дар ин байн пас аз 14 рузи шинонидани помидор дар тӯли мавсим бо фосилаи ду ҳафта бо танзимкунандаҳои сабзиш ва рушд гибериллин", "Гибберсиб", "Эпин", "Эпин экстра". пошида мешавад.
Хатогии асосии бисёр сабзавоткорон муносибати сабукфикрона ба касалиҳои растанӣ мебошад: ба назар чунин мерасад, ки агар имсол ҳосили кам гирифта шудааст пас ин ҳуҷ асаре нахоҳад дошт  ба ҳосили соли минбаъда. . Аммо бояд дар хотир дошт, ки тақрибан ҳамаи барангезандаҳои бемории помидор метавонанд дар хок ва дигар маводҳои кории истифодашаванда ва  дигар  таҷҳизотҳо муддати дароз боқӣ монанд. Дар натиҷа, дар он ҷо захираи бузурги сироятёбӣ ба вуҷуд меояд, ки барои бартараф кардани он хеле  вақти беҳуда ва маблағро талаб мекунад. Дар чунин майдонҳо имконияти ҳосил гирифтан бисёр мушкил мегардад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки бар зидди бемориҳои эҳтимолӣ мунтазам мубориза барем, ҳатто агар дар майдони киштамон растаниҳои сироятшуда мушоҳида карда нашуда бошад ҳам.
Чораҳои мубориза:
  1. Интихоби навъҳои устувор нисбати касалиҳои вирусӣ ;
2 Заҳролудкунии ҳатмии тухми пеш аз кишт дар ниҳолхонаҳо;
3.Дезинфексияи тамоми ашёҳо, асбобҳои корӣ ва иншооти гармхона пеш аз шинонидани ниҳол;
  1. Ҳамаруза дида баромадани ниҳолхонаи помидор ва ҷудо карда тоза намудани ниҳолҳои касалӣ;
5.Дезинфексияи асбобҳои корӣ (секаторҳо, қайчиҳо) пеш аз истифодабарӣ ва гузаронидани ин намуди корҳо, махсусан канда партофтани навдаҳои бағалӣ ва баргҳои поёнии ниҳоли помидор ҳангоми саҳарии барвақт ба хотири дар давоми руз маҳкам шудани ҷои захмҳо;
6.Риояи низоми гарми ва намии даруни гармхона;
  1. Бештар додани нуриҳои калийгӣ ва фосфорӣ ба хотири баланд бардоштани тобоварии растани ба касалӣ.
Муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ,
илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ    Солиев Ш. Т.
 

 

Илова кунед: