Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мубориза ба зидди малах

25.05.2021

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз минтақаҳои паҳнгаштаи малах дар вилояти Хатлон боздид намуд. Дар ин сафар Вазирро намояндаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, сардори МД "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ва дигар шахсони мутасаддӣ ҳамраҳи намуданд.

Ба Вазир иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаҳои паҳнгаштаи малах корҳои безараргардонӣ бо маром идома дошта, тавассути заҳрхимикатҳои кимиёвӣ ва техникаи махсуси дорупошӣ амалӣ карда мешавад. 

Тибқи маълумоти фаврӣ  оид ба майдони паҳнгаштаи малах ва коркарди кимиёвӣ бар зидди он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 21.05.2021 майдони тухмгузошташудаи малах 113869 гектарро ташкил дода, дар майдони 95559 паҳн гаштааст.

Аз ин дар майдони 79282 га коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, майдони 16277 га боқӣ мондааст.

Малах дар вилоятҳои Хатлон дар майдони 59031 га, Суғд 22125 га, НТҶ 14350 га ва ВМКБ дар майдони 53 га паҳн гаштааст.

Қайд кардан ба маврид аст, Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корро ҷоннок намуда, бо ташкили Ситодҳои махсус дар тамоми ҷумҳурӣ барзиди малах мубориза бурдаистодааст.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Нет описания.

Нет описания.

Нет описания.

Илова кунед: