Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ўзбекистон

10.06.2021

         9-уми июни соли 2021 дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ўзбекистон таҳти роҳбарии вазирони кишоварзӣ доир гардид.

        Дар вохўрии мазкур маҷмўи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва ҳайати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ўзбекистон таҳти роҳбарии вазири кишоварзии ин кишвар Ходжаев Жамшид дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ карда шуда, самтҳои афзалиятноки ояндадори ҳамкорӣ муайян гардиданд.

        Бо дарназардошти аҳамияти муносибатҳои хуби дўстию ҳамҷавории байниҳамдигарӣ ҷонибҳо барои тадбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёд намудани боғи интенсивӣ, гармхонаҳои инноватсионӣ, «Боғи Дўстӣ» изҳори омодагӣ намуданд.

        Ҳамзамон, барои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тухмипарварӣ, парандапарварӣ, табодули таҷрибаи олимону мутахассисон, такмили ихтисос ва мубодилаи донишҷӯёни донишгоҳҳои аграрии Тоҷикистону Ўзбекистон ҳавасмандии худро иброз намуданд.

       Дар маҷмўъ, мулоқоти мазкур дар фазои дўстию ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, тарафҳо барои дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои зикргардида омодагӣ намуданд.   

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: