Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо намояндаи Бонки Рушди Осиё Ясмина Сиддиқи

16.02.2022

         Санаи 16-уми феврали соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазир Нигина Анварӣ бо намояндаи Бонки Рушди Осиё Ясмина Сиддиқи  дар сатҳи баланд баргузор гардид.

         Сухани ифтитоҳиро муовини вазир Нигина Анварӣ оғоз карда, қабл аз ҳама меҳмонон ва иштирокчиёни мулоқоти мазкурро хайрамақдам намуда, баромади пурмӯҳтаво намуд.

          Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии шарикони бовариноки иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  баррасӣ гардида, ҷонибдорон зимни гуфтушунид ба ҳалли масъалаҳои мусбӣ ноил шуданд.

          Инчунин дар баромади муовини вазир Нигина Анварӣ барномаҳои амалигаштаи соҳавии кишоварӣ ва нишондодҳои ноилгашта  қайд гардида,  барои боз ҳам вусъат бахшидани онҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз хадафҳои стратегии ҷумҳурӣ мебошад рушди соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил, ки асоси он албатта аз тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ вобастагии калон дорад тазаккур гардид.

         Қайд кардан ба маврид аст, ки вохӯрии мазкур дар фазои дӯстию рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангии минбаъда барпо гардид.

  

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

235- 39- 23

 

Илова кунед: