Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти вазир бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Беларус

24.11.2021

        Санаи 24.11.2021 дар бинои вазорат мулоқоти Вазири кишоварзӣ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо Сафири навтаъини Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович баргузор гардид.

        Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзоиши содироти молу маҳсулот, тухмипарварӣ, чорводорӣ, табодули таҷриба миёни олимону донишҷӯён дар соҳаҳои бойторӣ ва моҳипарварӣ баррасӣ гардиданд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

 

 

Илова кунед: