Мулоқоти Вазири кишоварзӣ бо Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)
Санаи 4-ми сентябри соли ҷорӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бо Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидеки Танабэ мулоқоти корӣ анҷом дод.
Вохӯрии мазкур бо мақсади дастгирии хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва мусоидат барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар давраи паҳн гардидан пандемияи СОVID-19, бо дархости Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар бинои Вазорати кишоварзӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкории техникӣ (грантӣ) барои дастрасии хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо нурии минералӣ, тухмии хушсифат ва тухмии хӯрокворӣ ба имзо расонида шуд.
Дар маҷмўъ мулоқоти мазкур дар фазои дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
235 38 63