Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти вазири кишоварзӣ бо намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея

26.11.2021

26 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи вазорат мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ  бо намояндагони  ширкатҳои кореягии   Yulchon – Sunny Han, KAAON – Kim Young Ho  ва Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Шарифзода Юсуф ва мулоқот баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар доираи мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ мавриди гуфтушунид қарор доданд. Намояндагони ширкатҳои мазкур мавриди  таҷрибаи худро вобаста ба истифодаи технологияи иноватсионӣ дар самти беҳтар намудани сифати хок ва ҳосилхези зироатҳо, бой гардонидани таркиби хӯрока барои чорвои калони шохдор, моҳӣ ва парандаро муаррифӣ намуда ва барои ҷорӣ намудани технологияӣо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Вазири кишоварзӣ Зиёзода Сулаймон тақвияти ҳамкории ду ҷонибаро дар самтҳои воридоти технологияи навтарини соҳаи кишоварзӣ, тухмии зироатҳо, бунёди боғҳои суперинтенсивӣ, чорводорӣ ва парандапарвариву моҳипарварӣ, табодули таҷриба ва таъсиси квотаҳо барои донишҷуёни тоҷикистонӣ дар Ҷумҳурии Кореяро ибрози назар намуданд.

Дар маҷмӯъ мулоқоти мазкур дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо барои тақвитяи ҳамкориҳои минбаъда изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

 

Илова кунед: