Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти Вазири кишоварзӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон

27.11.2021

           Санаи 29 ноябри соли ҷорӣ Вазири кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собириро ба ҳузур пазируфтанд.

       Мулоқот ҷиҳати муҳокимаи ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба  ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки санаи 18 сентябри соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ ҳангоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расонида шуда буд, дар бар гирифт.

       Тарафҳо оид ба ҳамкориҳо дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҳифзи растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли тухмиҳои сертификатсияшуда, омӯзиши мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ибрози назар карданд.

        Маврид ба ёдоварист, ки тибқи маълумоти оморӣ гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар даҳ моҳи соли равон 74538,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

                                                         Шуъбаи матбуот ва иттилооти

                                          Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Илова кунед: