Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Бошқирдистон

31.05.2022

 

Санаи 31 майи соли равон мулоқоти мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Бошқирдистон таҳти роҳбарии Муовини Сарвазир – вазири кишоварзии Ҷумҳурии Бошқирдистон Фазрахманов Илшат Илдусович баргузор гардид.

Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ қайд намуд, ки мулоқоти имрӯзаи мо саривақтӣ буда, зеро мавсими пухта расидани маҳсулоту зироатҳои хоҷагии қишлоқ оғоз ёфта, барои дастрасии саривақтии он ба истеъмолкунандагон ва махсусан содироти он аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Маҳз Федератсияи Русия шарики муҳими стратегӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамкориҳои мо аз хоҳиши таҳким ва густариши робитаҳо дар соҳаи кишоварзӣ иборат аст.

Муовини Сарвазир – вазири кишоварзии Ҷумҳурии Бошқирдистон Фазрахманов Илшат Илдусович қайд намуд, ки имкониятҳои соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зиёд буда, барои гирифтани ҳосили такрорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, таъсиси фермаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ шароити мусоид мавҷуд мебошад.

Дар рафти мулоқот Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода Усмон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, Сардори КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” Назаров Машокир дархосту пешниҳодҳои худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати расмии Ҷумҳурии Бошқирдистон барои фаъолияту ҳамкориҳо дар оянда пешниҳодҳо дар доираи лоиҳаҳо иброз гардид.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Илова кунед: