Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

МУШТЕ АЗ ХИРВОРИ КИШОВАРЗОН

30.06.2020

 

Кишоварзони ҷумҳурӣ бо мақсади саҳм гузоштан ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат корҳои саҳроиро вусъат бахшида ба ҷамъоварии ҳосили ғалла пардохтанд.

То санаи 26.06.2020с. дар  ҷумҳурӣ 282260 га майдони кишт ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 109788 га даравида шудааст.

Дар соли 2020 ҳосили умумии ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 381867 тоннаро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли 2019  50380 тонна зиёд мебошад.

Аз он ҷумла, дар ВМКБ майдони кишт 3753 га, вилояти Суғд 98847 га, ба қайд гирифта шуд ва аз он 20437 га (21 фоиз) даравида шуд, вилояти  Хатлон 131595 га ба қайд гирнифта шуд ва аз он 75136 га (57 фоиз) даравида шуд, Н.Т.Ҷ. 48064 га ба қайд гирифта шуд ва аз он 14215 га (30 фоиз) ғалла ҷамъоварӣ карда шуд.

Илова кунед: