Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат дар Вазорати кишоварзӣ

19.07.2020

Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи 21.07.2020 бо иштироки  муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Ғ. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба  шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат миёни кормадони дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои зертобеъ ва дустдорону алоқамандон оғоз гардид.

Дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар чор марҳила дар алоҳидагӣ байни варзишгарони касбӣ (дорандаи дараҷаи 1-и варзишӣ, НУВ ва дигар унвонҳои варзишӣ) ва дӯстдорони варзиши шоҳмот (бе дараҷаҳои варзишӣ то дараҷаи 2-и варзишӣ) баргузор мегардад.

Ёдовар мегардем, ки ҳамасола дар ҷаҳон 20 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии шоҳмот таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳамин сана дар мамлакат дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат оғоз мегардад.

 На изображении может находиться: 1 человек

 На изображении может находиться: один или несколько человек и люди сидят

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят и в помещении

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят и стол

На изображении может находиться: 1 человек

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзӣ

Илова кунед: