Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Намоишгоҳи тахассусии «Рӯзи саҳрои Россия ва Тоҷикистон 2021» баргузор гардид!

12.10.2021

       11-12-уми октябри соли 2021 Намоишгоҳи тахассусии «Рӯзи саҳрои Россия ва Тоҷикистон 2021» дар майдони назди  бинои Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

       Маросими кушодашавии намоиши мазкури расмиро Сафири фавқулоддаи мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон муҳтарам Игор Семенович Лякин-Флоров, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон муҳтарам Евгений Анатолиевич Кореньков, директори Департаменти кишоварзӣ, хӯрока ва сохтмони роҳҳои мошинсозии Минпромторги Россия муҳтарам Мария Игоровна Ёлкина, муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханрониҳои шодбошӣ ҳусни оғоз бахшиданд. 

       Сипас намояндагони кишварҳо аз намоишгоҳи техникаҳои кишоварзӣ дидан намуданд.

       Баъд аз анҷоми намоиш бо иштироки намояндагони Россия ва Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Руссия ва Тоҷикистон: дурнамои шарикӣ дар муҳандисии кишоварзӣ” баргузор шуд.

       Дар маҷмӯъ гуфтушунидҳои тарафҳо дар доираи хамдигарфаҳмӣ, сулҳу суббот ва ҳамкориҳои минбаъда баргузор гардид.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: