Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БО МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

06.09.2020

28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.
Аз ҷумла, ба се нафар намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид, ки бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шаванд.
Ясакиева Гулсифат Абдураҳмоновна – сардори Раёсати молия ва муҳосиботи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Акрамзода Юсуф Акрам – Директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Назаров Машокир Фозилович – сардори Корхонаи воҳиди давлатии “Саногати парандапарварии Тоҷикистон”- и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

На изображении может находиться: 1 человек, стоит и костюм

На изображении может находиться: 2 человека, люди стоят

На изображении может находиться: 1 человек, сидит и в помещении

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: