Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Натиҷаи фаъолияти Вазорати кишоварзӣ дар соли 2020

08.02.2021
Санаи 09.02.2020 09.02.2021 дар толори маҷлисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо иштироки зиёда аз 30 нафар намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ оид ба «Натиҷаи фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нишасти матбуотӣ бо сухани ифтитоҳии Вазири кишоварзӣ Зиёзода С.Р. оғоз гардида, барои шиносоии хабарнигорон бо натиҷаи фаъолияти вазорат дар соли 2020 ахборот пешниҳод карда шуд.
Сипас, аз ҷониби намояндагони ВАО аз ҷумла, АМИТ “Ховар”, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Садои мардум”, “Азия-Плюс” маҷаллаҳои “Тоҷикистон”, “Илм ва ҳаёт”, телевизионҳои “Синамо”, “Ҷаҳоннамо”, “Сафина”, “МИР”, “Россия сегодня” радиоҳои “Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Озодӣ” сомонаҳои “Авеста”, “Спутник (Русия)”, “Озодӣ”, “Reuters” ва гайраҳо саволгузорӣ карда шуд, ки ба ҳар яки он посух гардонида шуд.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 33607,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ ба андозаи 8,8 фоиз зиёд мебошад. Суръати рушд нисбат ба соли гузашта 1,7 фоиз афзоиш ёфт.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 16819 млн. сомонӣ ё ба андозаи 50 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 16788,1 млн. сомонӣ ё 50 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти растанипарварӣ ба 23853,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 8,1 фоиз зиёд мебошад. Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти растанипарварӣ 15389,2 млн сомонӣ ё 64,5 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 8464,3 млн сомониро ташкил дода, ба 35,5 фоиз баробар мебошад.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти чорводорӣ ба 9753,6 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли гузашта, ба андозаи 10,7 фоиз зиёд гардид. Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти чорводорӣ 1429,8 млн. сомонӣ 14,7 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 8323,8 млн. сомонӣ ё 85,3 фоизро ташкил медиҳад.
Самти растанипарварӣ
Дар соли ҷорӣ барои замина гузоштан ба таъмини амнияти озуқавории кишвар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ дар майдони 856822 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки дар маҷмўъ кишти зироатҳо, нисбат ба соли 2019, 9832 гектар ё 1,1 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҷумла, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 389559 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2019 5809 гектар зиёд мебошад. Аз кишти умумии ғалладонагиҳо 300305 гектар ё 77,1 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 89254 гектар ё 22,9 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Дар кишти соли ҷорӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 51612 тонна тухмии захирагардида васеъ истифода карда шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1562109 тонна ғалладонагиҳо истеҳсол карда шудааст, ки дар он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 1069641 тонна ё 68,5 фоиз ва хоҷагиҳои аҳолӣ 492468 тонна ё 31,5 фоизро ташкил медиҳад. Нисбат ба соли гузашта истеҳсоли ғалладонагиҳо 10,4 фоиз зиёд шудааст.
Возможно, это изображение (7 человек, люди стоят и люди сидят)
Аз ҷумла, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли гандум ба 863693 тонна баробар гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 27479 тонна ё 3,3 фоиз зиёд мебошад. Дар истеҳсоли гандум ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 636071 тонна ё 73,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 30412 тонна ё 5 фоиз зиёд мебошад.
Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагиҳо (бе ҷуворимакка) ба ҳисоби миёна аз як гектар 29,1 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 0,5 сентнер зиёд мебошад. Инчунин, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз як гектар гандум 32 сентнерӣ ҳосил рўёнидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 1,0 сентнер зиёд мебошад.
Пахта
Кишти пахта дар майдони 186155 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 484 гектар зиёд мебошад. Бо тавсияи мутахассисони вазорат аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ ва шарикони рушд ба миқдори 93,3 тонна чигити тухмӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба хоҷагиҳои пахтапарвар дастрас карда шуд. Инчунин аз ҳисоби захираи чигит 12955 тонна тухмӣ дар кишт васеъ истифода бурда шуд.
Дар натиҷа соли 2020 дар ҷумҳурӣ 409477 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6494 тонна ё 1,6 фоиз зиёд мебошад.
Барои ҳимояи пахтазори ҷумҳурӣ аз зараррасонҳо майдони 59525 гектар коркарди кимиёвӣ, барои пешгирии паҳншавии зараррасонҳои маккандаи пахта, хусусан тортанаккана майдони 21411 гектар бо хокаи олтингўгирд (сулфур) коркард ва дар майдони 63228 гектар ҳашаротҳои фоидаовар аз он трихограмма дар 29133 гектар, тиллочашмак 26222 гектар, габрабракон 7873 гектар истифода шуда, ба миқдори 25451 адад домҳои феромонӣ гузошта шуд.
Картошка
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тибқи маълумоти фаврии оморӣ дар майдони 52731,5 гектар кишти картошка гузаронида шудаст, ки аз он 29191,5 гектар ё 55,4 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 23540 гектар ё 44,6 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост омада, дар маҷмўъ нисбат ба соли гузашта 975,5 гектар зиёд мебошад. Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ нисбат ба соли гузашта кишти картошка 4467,5 гектар кам гардида, аз ҳисоби 5443 гектар зиёд кишт гардидани картошка дар хоҷагиҳои аҳолӣ таъмин гардидааст. Бо ҷалби шарикони рушд 120 тонна картошкаи тухмӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба хоҷагиҳои картошкапарвар дастрас карда шуд. Аз ҳисоби зиёда аз 60 ҳазор тонна захираи картошкаи тухмӣ дар кишти соли ҷорӣ истифода шуд, ки ин 52 фоизи талаботи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқониро ташкил медиҳад.
Бо дарназардошти 40 фоиз зиёд намудани майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тибқи дурнамо 65312 гектар пешбинӣ гардид, ки мутаасифона кишт дар майдони 52731,5 гектар гузаронида шуд, ки 80,7 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои дурнамои кишти картошка асосан аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 24,9 фоиз, вилояти Суғд 19,5 фоиз, вилояти Хатлон 29,5 фоиз ва шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Ҳисор 46,7 фоиз, Рудакӣ 10 фоиз, Ваҳдат 12 фоиз,Тоҷикобод 10 фоиз, Нуробод 40,8 фоиз, Сангвор 26,2 фоиз, Файзобод 37,6 фоиз таъмин нагардид, ки новобаста аз маҳдудияти эпидемиологии ҳамлу нақли бор, сустшавии гардиши савдо, воридот ва қимматшавии нархи тухмӣ ва нуриҳои минералӣ, норасоии воситаҳои молиявӣ ва таъсири манфии офатҳои табиии моҳи апрели соли ҷорӣ, дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1022542 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз он 656556 тонна ё 64,2 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ, 365976 тонна ё 35,8% ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Нисбат ба соли гузашта истеҳсоли картошка 28112 тонна ё 2,8 фоиз зиёд таъмин гардид.
Возможно, это изображение (1 человек, стоит и в помещении)
Сабзавот
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 69785 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2019 2770 гектар зиёд мебошад. Аз кишти умумии сабзавот 39902 гектар ё 57,1 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 29883 гектар ё 42,9 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2480595 тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 1512066 тонна ё 61 фоиз ва хоҷагиҳои аҳолӣ 968530 тонна ё 39 фоизро ташкил медиҳад.
Полизӣ
Кишти полизӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 22754 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2019 871 гектар зиёд мебошад. Аз кишти умумии полизӣ 19449 гектар ё 85,5 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 3305 гектар ё 14,5 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар соли ҳисоботӣ 756988 тонна полизӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 618304 тонна ё 81,7 фоиз ва хоҷагиҳои аҳолӣ 138684 тонна ё 18,3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 470355 тонна мевагиҳо истеҳсол карда шудааст, ки дар он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 252499 тонна ё 53,7 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 217856 тонна ё 46,3 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли мева 3273 тонна ё 0,7 фоиз коҳиш ёфтааст.
Ангур
Инчунин, дар соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 239956 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки дар он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 123941 тонна ё 51,7 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 116015 тонна ё 48,3 фоизро ташкил медиҳад. Истеҳсоли ангур ба 97,1 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар буда, истеҳсол 7210 тонна коҳиш ёфтааст.
Рушди соҳаи боғу токпарварӣ
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2021 дар майдони 2664 га (91,4%), аз ҷумла 2273,6 га боғ (92,3%) ва 388,9 га токзор (86,2%) бунёд карда шудааст. Дар баробари ин 108,4 га (70,8%) боғҳои интенсивӣ бунёд ва майдони 2002 га (94,3%) боғу токзорҳои кўҳна барқарор карда шудааст.
Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар минтақаи Бохтар ва Кўлоби вилояти Хатлон ва дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд намоиш-фурўши ниҳолҳо таҳти унвони «Самараи умри деҳқон» гузаронида шуд, ки дар он аз ҷониби хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВДҶ хоҷагиҳои ниҳолпарвари “Тоҷикниҳолпарвар”-и вазорат ниҳолҳои хушсифат ба харидорон пешниҳод карда шуд.
Ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ
Бо мақсади пешгирии саривақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах дар соли ҷорӣ ба миқдори 23885 литр заҳрдору, инчунин таҷҳизотҳои зарурӣ, либосҳои муҳофизавӣ ва ба миқдори зарурӣ қисмҳои эҳтиётиву сўзишворӣ захира карда шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах зиёда аз 1000 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шуд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳо бар зидди малах дар мавсими имсола майдони 396543,0 га зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо, чарогоҳҳо аз зарароварии малах эмин нигоҳ дошта шуданд.
Возможно, это изображение (11 человек, в том числе Нурали Хоркашев, люди стоят, люди сидят и в помещении)
Кишти такрорӣ
Барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2020 дар майдони 102525 гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 16252 гектар ё 18,8 фоиз зиёд мебошад.
Кишти ғалладонагиҳо якҷо бо ҷуворимакка дар майдони 44747 гектар, аз он шолӣ 9758 гектар, дигар ғалладонагиҳо 14592 гектар, зироатҳои техникӣ 2927,3 гектар, дигар зироатҳои техникӣ 2914,3 гектар, картошка 1821,4 гектар, сабзавот 15790 гектар ва полизӣ дар майдони 4850,5 гектар ва зироатҳои хўроки чово 32389 гектарро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 73289,5 тонна зироатҳои ғалладонагиҳо ва лубиёгиҳо, аз ҷумла 42560 тонна шолӣ ва 90212 тонна ҷуворимаккаи дон гирифта шудааст, ки мутаносибан 27,3 фоиз, 40,1 фоиз ва 61,9 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин аз ҳисоби кишти такрорӣ 6081 тонна картошка, 345072 тонна сабзавот ва 104130 тонна полизӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта картошка 2,1 баробар, сабзавот 38,6 фоиз ва полизӣ 14,3 фоиз зиёд мебошад.
Рушди гармхонаҳо
Бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бо сабзавоти тару тоза тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2021 дар гармхонаҳои доимоамалкунандаи хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ дар майдони 86,4 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он 18,4 гектар бодиринг, 53,9 гектар помидор ва 14,1 гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳад. Аз майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои доимамалкунанда 2558 тонна сабзавоти тару тоза истеҳсол гардида, ба бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳо пешкаш карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 289 тонна зиёд мебошад. Аз ҷамъи умумии сабзавоти истеҳсолшуда 562 тоннаро бодиринг, 1757 тоннаро помидор ва 239 тоннаашро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки майдони мавҷудбудаи гармхонаҳо барои таъминоти талаботи аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон қонеъкунанда набуда, вобаста ба ин ҷиҳати вусъат додан ба бунёди гармхонаи замонавӣ аз ҷониби бахши хусусӣ, пешниҳод оид ба додани имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешниҳодҳо ба Вазорати молия ирсол карда шудааст.
Корҳои омодагӣ барои ҳосили соли 2021
Барои замина гузоштан барои ҳосили соли 2021 тибқи маълумоти оморӣ ба 01.01.2021 хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 163315 гектар кишти тирамоҳӣ барои дон гузаронида шудааст, ки 96,7 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ин давра хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти сабзавоти барвақтиро дар майдони 14155 гектар, аз он пиёз 10914 гектар, карам 748 гектар, сабзӣ 1678 гектар, сирпиёз 63 гектар, дигар сабзавотҳо 662 гектар ва сабзавоти тухмӣ 73гектар гузаронидаанд, ки кишти сабзавоти барвақтӣ ба 95,9 фоиз, аз он пиёз 94,4 фоиз, карам 106,7 фоиз, сабзӣ 101,1 фоиз, сирпиёз 107,9 фоиз, дигар сабзавотҳо94,8 фоиз сабзавоти тухмӣ 169,3 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони 1522 гектар гузаронида шудаст, ки нисбат ба соли гузашта 1359 гектар кам буда, 53 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани такрористеҳсолкунӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҷиҳати аз хориҷи кишвар харидорӣ кардани то 900 тонна тухмии гандуми гурўҳи элита барои кишти тирамоҳӣ соли 2020 ва то 1000 тонна картошкаи тухмии гурўҳи элита барои кишти баҳории соли 2021 дастгирии худро ёфт.
Дар асоси шартномаи ба имзо расонидашуда бо ширкати ҶДММ “Агрохмель”- и Федератсияи Русия ба миқдори 737 тонна гандуми тухмии навъҳои “Московсквя 39”, “Московская 56” ва “Мироновская 808” ба ҷумҳурӣ ворид гардид. Дар асоси шартномаи дутарафа тибқи Қоидаҳои ташкил ва истифодаи фонди давлатии тухмӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳолати 01.01.2021 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 54165 тонна тухмии зироатҳои ғалладонагиҳо ва лубиёгиҳо (бе ҷуворимакка) захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2553 тонна зиёд буда, аз он гандуми тухмӣ 45047 тоннаро ташкил дода, нисбати соли гузашта 1151 тонна зиёд мебошад. Инчунин дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 67086 тонна картошкаи тухмӣ захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7034 тонна зиёд мебошад.
Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят, люди сидят и в помещении)
Рушди соҳаи чорводорӣ
Мутобиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2385482 сар чорвои калон, аз он 1228262 сар модагов, 5840342 сар гўсфанду буз, 82897 сар асп, 27340 сар қутос, 235370 оилаи занбўри асал ва 9753156 сар паранда парвариш ёфта истодааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 27181 сар, аз он ҷумла модагов 13568 сар, гўсфанду буз 168498 сар, асп 892 сар, қутос 154 сар, занбўри асал 4965 оила ва паранда 707317 сар зиёд мебошад.
Дар соли ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 300182 тонна гўшт, 1020978 тонна шир, 983 млн дона тухм, 8017 тонна пашм, 4221 тонна асал ва 3572 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта истеҳсоли гўшт 27660 тонна ё 10,1 фоиз, шир 20415 тонна ё 2,0 фоиз, тухм 257,3 млн дона ё 35,5 фоиз, пашм 246,4 тонна ё 3,2 фоиз, асал 6 тонна ё 0,1 фоиз ва моҳӣ 822 тонна ё 29,9 фоиз зиёд гардидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2021 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ бо вазни физикӣ 2319835 тонна хўроки дурушт ва 136182 тонна хуроки ширадор захира карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 107572 тонна ва 1529 тонна зиёд мебошад.
Барои муташаккилона гузаронидани маъракаи наслгирии моли майда дар соли 2020 фармоиши Вазорат аз 01.02.2020, №20 ба тасвиб расида, гурўҳи корӣ таъсис дода шудааст. Ба ҳолати 01.01.2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2349661 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 45147 сар зиёд мебошад. Дар ин давра дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 349668 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12846 сар зиёд буда, ба 100 сар мешу модабуз 91 сари рост омада 1 сари зиёд мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати пешрафти соҳаҳои чорводорӣ Барномаи маҷмўавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, №160 тасдиқ гардидааст, мавриди амал қарор дорад. Маблағҳои Барномаи мазкур дар соли ҳисоботӣ 98,1 фоиз таъмин гардидааст.
Дар ин давра барои амалишавии замимаи 1-уми Барнома ҷиҳати харидорӣ намудани 10 сар буққачаҳои зоти қазоқии сарсафед ба маблағи 220,0 ҳазор сомонӣ Озмуни харид баргузор гардида, саршумори зикргардида ворид карда шуд. Саршумори зиркгардида ба филиалҳои Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурўши чорвои зотӣ дар вилояти Суғд 1 сар, ноҳияи Рўдакӣ 1 сар, Маркази биотехнология чорво 1 сар, Муассисаи давлатии хоҷагии зотпарварии ба номи С. Сафарови ноҳияи Балҷувон 4 сар ва Кооперативи зотпарварии “Кангурт”-и ноҳияи Темурмалик 3 сар дастрас гардонида шуд.
Барои беҳтар намудани зоти чорво дар миқёси ҷумҳурӣ 297 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, аз ҷумла 77 адад дар бахши ҷамъиятӣ ва 220 адад дар бахши аҳолӣ мавҷуд мебошад. Мутобиқи маълумотҳо ба ҳолати 01.01.2021 тавассути ин нуқтаҳо 41191 сар чорвои калон сунъӣ бордор карда шуда, 33764 сар гўсолаи хушзот гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутоносибан 3284 сар ва 3583 сар зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 17 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №АП-1332 тасдиқ гардидааст, дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо санаҳои 27 ноябр дар ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон, 29 ноябр дар шаҳри Ваҳдат ва 5 декабр дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабиниҳои мазкур аз ҷониби хоҷагиҳои чорводорӣ ва шахсони алоҳидае, ки ба парвариши чорвои зотӣ машғуланд чорвои калони ҷинси тоҷикии зоти сиёҳало, зотҳои швитсу-зебумонанд, қазоқии сарсафед, қалмиқӣ, симменталӣ, гўсфандони тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулӣ, маҳинпашм, ҷойдорӣ, бузи тоҷикии серпашм, аспи тоҷикӣ, парандаҳои самти гўштию тухмдеҳ ва моҳӣ пешкаши иштирокчиён ва харидорон гардонида шуд.
Дар маҷмўъ дар чорабиниҳои зикргардида 360 сар чорвои калон, 825 сар гўсфанду буз, 58 сар асп, 11 сар уштур, 1700 сар паранда ва 820 кг моҳӣ ба намоиш ва фурўш пешниҳод гардид. Дар ҷамъбасти чорабиниҳо иштирокчиёни фаъол бо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои Вазорат сарфароз гардонида шуданд.
Возможно, это изображение (2 человека и люди стоят)
Парандапарварӣ
Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии чорводорӣ буда, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 177 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 43 адад зиёд аст.
Дар соли ҳисоботӣ нисбат ба соли гузашта истеҳсоли гўшти паранда 1,9 баробар зиёд гардида, 30,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки 23,9 ҳазор тонна ё 78,2 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ рост омада, нисбат ба моҳҳои январ- декабри соли 2019 2,4 баробар зиёд мебошад.
Моҳипарварӣ
Соҳаи моҳипарварӣ низ рушд ёфта марҳила ба марҳила шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, масоҳати ҳавзҳо ва истеҳсоли моҳӣ зиёд гардида истодааст. Дар ҳозира дар миқёси ҷумҳурӣ 352 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати 2713,4 га ҳавзҳои моҳипарварӣ мавҷуд мебошад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи хоҷагиҳо 52 адад зиёд гардидааст.
Занбуриасалпарварӣ
Баҳри амалӣ намудани замимаи 6 Барномаи зикргардида барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ тариқи Озмуни харид аз ҶДММ «Фарозар» 170 оилаи хурди занбўри асал бо тамоми асбобу анҷомҳои зарурӣ харидорӣ гардида, ба Корхонаи воҳиди давлатии занбўрпарварӣ “Асали Тоҷикистон”-и вазорат дастрас карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари кори дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, ба фаъолияти корхонаи муштараки ҶДММ “Хантана Канада ИНК”, оғози расмӣ бахшиданд. Маҳсулоти корхона асали ватанӣ буда, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона, марказҳои табобатӣ ва содирот низ нигаронида шудааст.
Самти механиконии кишоварзӣ
Кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз мавҷуд ва омодагии техника вобастагӣ дошта, тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 27376 адад тракторҳо, аз он 1669 адад тракторҳои шудгоркунанда ва дигар намуди техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки барои анҷом расонидани корҳои саҳроӣ васеъ истифода шуда истодааст.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ соли ҳисоботӣ ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 1758 техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ ворид гардидааст, ки аз он 506 адад тракторҳои гуногунтамға ва 43 ададашро комбайни ғалладаравӣ ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тракторҳои гуногунтамға 76 адад ва комбайни ғалладаравӣ 43 адад зиёд мебошад.
Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрўз 85 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шуда, фаъолият намуда истодаанд. Аз ин миқдор марказҳои хизматрасонии техникӣ 60 ададашро КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шудааст.
Вобаста ба таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва мошинолот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзӣ дар соли ҷорӣ ба 340 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 142 адад трактори гуногунтамға ва 329 адад мошинолоти кишоварзӣ бо тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дастрас карда шуд.
Инчунин, тибқи талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад»-и Вазорати кишоварзӣ ба маблағи 1026428 сомонӣ трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ харидорӣ ва дастрас намуд.
Татбиқи дастовардҳои илмӣ дар кишоварзӣ
Дар давоми соли 2020 олимони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доир ба дастовардҳои илмӣ дар маҷмўъ соҳиби 30 нахустпатент, шаҳодатнома гардиданд. Аз он ҷумла 9 нахустпатент, 7 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерӣ, 4 шаҳодатномаи ихтироъкорӣ, 4 қарори мусби дар бораи додани нахустпатент, 6 хабарнома оид ба натиҷаи мусбати экспертизаи расмӣ, ки аз он 2 хабарномаи экпертизаи расмии ташкилоти Патентии Авру осиёгӣ мебошад.
Ҳамзамон навъҳои гандуми мулоимдонаи навъи “Академия-2016”, “Анварӣ”, тритикалеи навъи “Зарафшон”, ҷави навъи “Нодир”, наски навъи “Файзи Ҳисор” ва пахтаи миёнанахи гурўҳи тезраси навъи “ВД-75”, минтақабоб гардида, “Тухмипошак барои кишти қатории тухми пиёз” ва «Органи корӣ барои пошидани нуриҳои органикӣ» ихтироъ карда шуд.
Дар соли 2020 дар муассисаҳои илмии АИКТ 36 нафар рисолаҳои докторӣ, номзадӣ ва магистрӣ ҳимоя намуданд, ки аз онҳо 2 рисолаи докторӣ 18 рисолаи номзадӣ ва 16 рисолаи магистрӣ мебошад.
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар 10 факултет 8846 донишҷў аз рўи 46 ихтисос дар шуъбаи рўзона ва 2383 донишҷў аз рўи 19 ихтисос дар таҳсилоти фосилавӣ ва тибқи 17 ихтисос барои гирифтани маълумоти дуюми олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Барои таълиму тарбияи мутахассисон зиёда аз 486 нафар устод, аз он ҷумла 6 академик ва 5 узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 46 доктори илм, 50 профессор ва 145 нафар номзади илм сафарбар гардиданд.
Тибқи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ба донишгоҳ 2305 нафар, аз он 732 нафар ба гурўҳҳои буҷавӣ ва 1183 нафар ба гурўҳҳои шартномавии шуъбаҳои рўзона ва 390 нафар шарномавӣ ба тариқи фосилавӣ қабул карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 10 факултети донишгоҳоро 1601 нафар донишҷў, 34 нафар магистр ва 9 нафар доктор аз рўи ихтисоси PhD намудааст, ки дар маҷмўъ 1644 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, тибқи квотаи Президентӣ 37 нафар, тибқи квотаи мақомотҳои қудратӣ 5 нафар ва 1 нафар фарзанди иштирокчии ҳодисаҳои Чернобил ба донишгоҳ дохил шуданд. Инчунин 35 нафар шаҳвандони хориҷӣ, 300 нафар давомдиҳандагони таҳсил пас аз хатми коллеҷҳои соҳавӣ ва 165 нафар гирандагони маълумоти дуюми олии касбӣ, 145 нафар магистрон ва 20 нафар доктор аз рўи ихтисос (доктор PhD) тариқи суҳбат ба донишгоҳ дохил шуданд.
Дар ин давра аз тарафи олимони донишгоҳ 21 китоби дарсӣ, 278 дастури методӣ, 14 монография, 25 тавсиянома, 906 мақолаи илмӣ, 4 шумораи маҷаллаи “Кишоварз”, 10 шумораи рӯзномаи “Дониш” ба чоп расонида шуда, 9 патент ба даст оварда шудааст.
Дар самти ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳамкории байналмиллалӣ
Барои рушди соҳаи кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Лоиҳаи тиҷоратикунонӣ ва аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази идораи “Лоиҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо” Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» ва лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” татбиқ гардида истодааст, ки татбиқи самаранокии лоиҳаҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Возможно, это изображение (2 человека, в том числе Бахши Чавонони Нохияи Айни, люди стоят и текст «Ba3opaTи KиwoBap3ии 4ymxypии To4иKиcToH HиwacTи maT6yoTй 09.02.2021 www.moa.tj www.moa.tj www.moa.tj www.moa.tj www.moa.tj www.moa.tj w.moa.tj www.moa.tj www.moa.tj www.moa.tj www.moa.tj www.moa.tj www.moa.tj www.moa.tj Ba3opaTи Kиwa pииTo4иKиcToH cyлaйmoHpи3oй oati Kapиm3o cлbAи»)
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи тиҷоратикунонӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз аввали сол то давраи ҳисоботӣ 2170,41 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки ин дар навбати худ 91,58 фоиз фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботиро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати баланд бардоштани малакаи соҳибкории истеҳсолкунандагони маҳсулоти занҷираи арзиши иловагӣ (вобаста ба маҳсулоти зардолу, себу нок, шир, лиму, помидор ва бодиринг) дар доираи татбиқи Лоиҳаи тиҷораткунонӣ дар соҳаи кишоварзӣ омўзишҳо дар мактабҳои саҳроӣ фермерӣ баргузор карда шуда истодааст, ки шумораи манфиатгирандагон дар маҷмўъ 545 гурўҳҳои фермериро (13591 манфиатгирандагон, аз ҷумла 6454 занон, 47,9% аз шумораи умумӣ) ташкил дода, омўзишҳо дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа идома дода шудааст.
Лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа», ки мақсади асосии он мусоидат намудан ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеаи камбизоатӣ деҳот мебошад татбиқи он дар дар 161 деҳаҳои ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷайҳун, Дустӣ, Деваштич, Шаҳристон ва шаҳри Норак бо ҷалби 46982 хонавода амалӣ карда мешавад.
Дар доираи татбиқи лоиҳа аз аввали сол то давраи ҳисоботӣ 4545,53 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки ин дар навбати худ 118,2 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботиро ташкил медиҳад.
Ташкили семинару машваратҳо ва ярмарка-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ
Бо мақсади баланд намудани самаранокии соҳа, фармоиш ва нақша-чорабинии вазорат аз санаи 20.12.2019, №144 оид ба баргузории семинар-машваратҳо дар мавзӯи “Раванди ислоҳоти кишоварзӣ - асоси ноилшавӣ ба афзалиятҳои миллӣ дар бахши кишоварзӣ” дар давраи солҳои 2019-2020 таҳия ва тасдиқ гардида, дар маҷмўъ дар 39 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинар машварат гузаронида шуд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №АП-1140 «Оид ба ҷадвали баргузории фестивал- намоиш, ид ва озмунҳои анъана ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020» санаи 26 январи соли 2020 дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ» - и шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои зертобеи вазорат ва як қатор мақомоту идораҳои дахлдор ҷашни “Сада” дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.
Санаҳои 30.08.2020 дар Маркази савдои “Истиқлол” бозори “Меҳргони”-и шаҳри Душанбе «Иди каду ва харбузаву тарбуз» баргузор гардид, ки дар чорабиниҳои мазкур хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, ҳосили дастранҷи худро ба намоиш ва ба фурўш гузоштанд. Барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои зикргардида аз рўи 8 номинатсия ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки барои қонеъ гардонидани талаботи бозори истеъмолӣ, аз ҷумла бозорҳои пойтахти кишвар ва ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нархҳои маҳсулоти ниёзи аввал тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе мунтазам ярмарка- фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, зиёда аз 6862 тонна маҳсулот нисбатан аз нархи бозор арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Ҳамкорӣ бо воситаи ахбори омма
ҳамкориҳо бо воситаи ахбори омма хуб ба роҳ монда шуда, 81 мусоҳиба бо мутахассисони вазорат оид ба омодагиҳо ба мавсими кишту кори баҳорӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, агротехникаи парвариш, омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пешгирӣ аз касаливу ҳашаротҳои зараррасон, рушди соҳаи чорводорӣ, тарғиби дастовардҳои соҳа тавассути воситаҳои ахбори омма омода ва пахш карда шудааст.
Дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ 251 хабару мақолаҳои гуногун доир ба соҳаи кишоварзӣ нашр гардиданд, ки бештари онҳо тавсияҳои мутахассисону олимон барои рушди соҳа буданд.
Инчунин, дар ин давра ҷашнҳои миллиамон: Рўзи артиши миллӣ, Рўзи модар, ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар дастгоҳи марказии вазорат ҷамъомадҳои тантанавӣ доир карда шуд. Оид ба риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои тобеи вазорат мунтазам ба роҳ монда шудааст.
Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят, люди сидят и в помещении)
Вазифаҳо барои соли 2021
-дар самти растанипарварӣ: бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар ҷиҳати зиёд намудани майдони кишту кори зироатҳои кишоварзӣ, махсусан, картошка ва ғалладонагиҳо чораҷўӣ намуда, барои захираи тухмӣ, самаранок истифода бурдани гармхонаҳои доимоамалкунанда ва анбору сардхонаҳои маҳсулотнигоҳдорӣ, гузаронидани корҳои яхобмонӣ, башаклдарории боғот ва гузаронидани корҳои агрокимиёвӣ, расонидани кўмакҳои амалию усулӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад;
-дар самти чорводорӣ: амалӣ тадбирҳои зарурӣ барои муташаккилона гузаронидани маъркаи зимистонгузаронии чорво ва дар ин давра бо хўрока таъмин намудани талаботи саршумори чорво, бо истифодаи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ марҳила ба марҳила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ, беҳтар намудани фаъолияти нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, ташкили нуқтаҳои нав ва дар ин замина афзун намудани саршумори чорвои зотӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво мебошад.
- дар самти техника: пурра омода ва сафарбар намудани техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ барои ба анҷом расонидани кишту кори зироатҳои кишоварзӣ ва фаъол намудани фаъолияти марказҳои хизматрасонии техникӣ мебошад;
- ҷалби бештари сармоя ба соҳаи кишоварзӣ бо мақсади бунёди марказҳои тақсимоти яклухт, яхдонҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва биолабарарторияҳо дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мебошад.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: