Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Омодагии техникаҳои кишоварзӣ дар Турсунзода

25.02.2022

 Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор, Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз ва масъулини соҳа намоиши техника ва мошинолотҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар “Хати тайёр” зиёда аз 300 адад техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда аз муоинаи ҳатмии давлатии техника ва омодагии онҳо аз ҷониби масъулин маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Турсунзода беш аз 1900 техникаи кишоварзӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 1200 техника омода ба кишт мебошад. То оғози мавсими кишт шумораи дигари техника низ аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими кишт сафарбар мегардад. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки 621 испор, 39 тухмипош, 639 сихмола, 1234 ядакҳои тракторӣ, 40 култиватор ва дигар мошинолот ҷиҳати хизмат ба кишоварзон дар хоҷагиҳо омода аст. Дар ин давра беш аз 300 техникаи хусусӣ аз муоинаи техникӣ гузашта, аз 1 март то моҳи августи соли ҷорӣ техникаи хоҷагиҳои кишоварзӣ мавриди гузаронидани муоинаи техникӣ қарор дода мешавад.

Боиси қайд аст, ки майдонии умумии кишт дар шаҳри Турсунзода 21000 гектарро ташкил намуда, хоҷагидорон тибқи дурнамо дар зиёда аз 13000 гектар кишти баҳориро ба сомон расониданд.

                 Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: