Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчами мо ҳидояти некист!

24.11.2021

       Таҳти ин унвон санаи 24.11.2021 дар толори маҷлисии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

       Дар оғози ҷамъомад Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ кулли кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар симои онҳо аҳли ҷомеаи кишварро бо ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда таъкид доштанд, ки халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.

      Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз доштанд: “Парчами миллӣ ифодагари истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.”

        Аз ҷониби Шуъбаи матбуот ва иттилоот дар идомаи чорабинӣ филми мустанад оид ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  намоиш дода шуд, ки он доир ба таърихи пайдоши ливои тоҷикон маълумот медод.

         Дар интиҳои чорабинӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. бори дигар ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар хонадони тоҷик иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати  ҷовидонӣ орзу намуданд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

 

Илова кунед: