Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳои саноатии хуч (настаран)

04.05.2021

Мусоҳиб Сармутахассиси  корхонаи воҳидии давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эраҷи Талаб.

Дар бораи меваи хуч ва дараҷаи ғизонокии он маълумот медодед?

Хуч дар қатори пистаю чормағз яке аз зироатҳои асосӣ ва фоидабахши ҷангалҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар таркиби меваи хуч миқдори зиёди моддаҳои фаъоли биологӣ мавҷуданд. Аз ҳамин сабаб хучро поливитамин ҳам меноманд.Бо миқдори витамини С ягон зироат ба ӯ баробар шуда наметавонад. Дар таркиби меваи хуч витамини С нисбати сабзавотҳо якчанд бор, нисбати қот (смородина) 10 бор ва нисбати лимӯ 100 баробар зиёдтар аст. Таркиби меваи хуч аз моддаҳои фаъол бо иштироки Р( фосфор), витаминҳои Е, В1, В2, В9, каротин, моддаҳои даббоғӣ (дубилтные вешества), пектин, пайватаҳои азотӣ, флавоноидҳо қандҳо, кислотаҳои органикӣ, равғанҳо ва микроэлементҳои гуногун хунофар, аз қабили Fe-оҳан, Mn-марганетс, Mg-магний,Ca- калсий,K- калий,Cи- мисс ва тсинк хело бой аст.

Дар таркиби меваи витаминҳои меваи хуч витаминҳои гурӯҳи Э ёфт шудаанд, аз ҳамин сабаб барои табобати касалии агросклероз ҳамаҷониба истифода мегардад. Катехинҳо аз ҳама зиёд дар таркиби меваи хуч во мехӯранд.

Лекарственные растения|Шиповник коричневый

 Бунёди боғҳои саноатии хуч чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?

Хусусияти биологии хуч дар он аст, ки ин намуд айёми вегететсия ба гармӣ ва равшанӣ эҳтиёҷи баланд дорад. Қариб ҳамаи навъу шаклҳо дар соя навдаҳои маҳин ва сустафзоишёфта доранд, баргҳояшон бармаҳал мерезад, қисми навдаҳо аз сардӣ нобуд мешаванд. Нарасидани гармӣ ва рӯшноӣ дар тобистон , ба суст афзоишёбии бутта, навдаҳои ҷавон ва кам гардидани ҳосили соли оянда сабаб мегардад. Аз ин хотир барои бунёди боғҳои хуч майдонҳо равшан ва офтобрас интихоб мешаванд.

Муҳлати аз ҳама беҳтарин барои шинонидани ниҳолҳо тирамоҳ-баъд аз рехтани баргҳо мебошад.Ниҳолҳоро дар аввали баҳор ҳам, то зиндашавии табиат мешинонанд. Дар фасли зимистон бошад, шинонидани ниҳолҳо дар ҳолати ҳарорати ҳаво аз +5 С боло будан, мумкин аст. Боғҳои саноатии хуч, вобаста аз шароити агротехникӣ ва намӣ, бо  нақша ҷойгиршавии 2х3, 3х3, 2х4, ва 3х5 бунёд мегардад.

Дар шароити муътадил буттаҳо дуртар ҷой мегиранд, дар шароити вазнин –наздик. Баъд аз он, ки мувофиқи нақшаи бунёд, ҷойҳои ниҳолшинонӣ маълум мегардад ба кандани чуқуриҳо оғоз мекунанд.Вобпста аз андозаи решаҳо чуқуриҳо ба ҳаҷми 30-40 х 30-40 х 30-40 см канда мешаванд. Пеш аз шинонидани решаҳо ба поруоба (болтушка) тар карда мешаванд. Баъд аз решаҳрои ҷой кардан, чуқуриҳо то 3-5  л об мерезанд ва болояшонро бо хоки нарм мепушонанд. Дар давоми сол на кам аз ду маротиба бояд бехи ниҳолҳо ва байни қаторҳо нарм карда шавад, баъдан дар баҳор, пеш аз варам кардани мухчаҳо. Вобаста ба шароит, дар мавсими тобистон агар боғҳо 3-5  бор об монда шаванд, ҳосилнокӣ то 30-40% зиёд мегардад.

Буриши навдаҳо ҳам яке аз чораҳои асосии нигоҳубини буттаҳои хуч мебошад, ки ба сифату миқдори ҳосил таъсири зиёд дорад. Буриш дар ду давра гузаронида мешавад; давраи аввал-дар се соли аввали сабзиш 4-6 навдаи боқуввати склетӣ монда мешавад; давраи  аз 3-4  солагӣ сар карда, буриш ба хотири ба реҷаи муайян даровардани мевабандӣ гузаронида мешавад.Буриши ҳамасола бо риояи қоидаҳои боғдорӣ ҳосилро зиёд, сифати ҳосилро беҳтар ва умри буттаҳоро дароз мегардонад.

Шиповник - польза и вред для организма, полезные свойства и противопоказания

Мавсими ҷамъоварии ҳосил кай оғоз мегардад?

Ҳосили хуч дар моҳи сентябр-октябр ҷамъоварӣ мегардад. Миқдори витамину дигар моддаҳои фаъоли биологии аз ҳама зиёд дар таркиби мева, ҳангоми ба пуррагӣ пухта расидани меваҳо ба қайд гирифта шудааст. Меваи ҷамъоварӣ шуда дар ҳавои кӯшод ё дигар биноҳои шамолрас хушк карда мешавад. Фақат ба меваҳо нӯри офтоб камтар расад, чунки нӯри офтоб миқдори витамину дигар моддаҳои таркиби меваро кам мегардонад.Меваҳоро ба қабати ғавсаш то 5-10 см паҳн карда тез-тез рӯйгардон мекунанд, дар акси ҳол меваҳо мепӯсанд ва сифаташ паст мегардад. Меваи хушкро дар халтаҳо ё зарфҳо (фақат ғайри полиэтеленӣ) ҷо карда  ба анборҳои ҳаводаро мегузаронанд.

Парвариши ниҳолҳои хуч бо истифода аз тухмиҳоро каме равшанӣ меандохтед?

Тухмӣ  асосан бояд  аз меваи хомпаз (рангашон зард) тайёр карда шавад ва ба хушкшавии донаҳо бояд роҳ дода нашавад. Дар акси ҳол тухмиҳо фақат дар соли    дуюму сеюм неш мезананд. Тухмии ба тозагӣ тайёр шуда дар ҳол бо қуми намдор омехта карда мешавад ва дар хоки намдор корида мешавад, дар ин ҳолат муҳлати тайёр шудани тухмӣ (статификасия) ба 130-150 рӯз баробар аст, онҳо дар баҳори якум аҳлона неш мезананд. Соли аввал 50-60 ва соли дуюм 10-15 % -и боқимонда неш мезананд.

Тухмии аз меваҳои пурра пӯхта расида тайёр шуда, бисёр дер месабзад, мӯҳлати тӯлониро барои тайёр шудан талаб мекнунад.  Онҳоро танҳо баъди 2-3 сол корида мумкин ст.

Барои коридани тухми хуч ҷойи офтобрас, заминҳои аз алафҳои бегона тоза ва хокҳои серғизо интихоб мегардад. Хокро дар чуқурии на камтар аз 25-30 см нарм карда ҷӯякҳоро мекашанд. Ҷӯякҳо аз ҳамдигар дар масофаи 60-70 см ҷой мегиранд. Тухмӣ дар тасмаҳои чуқуриашон то 2 см, ки дар қисми болои ҷӯякҳо тайёр ва корида мешавад. Болои донаҳо бо қум, арамайдаи чуб( апилка) ё порӯи пусида ба хотири эмин нигоҳ доштани киштаҳо аз сафолак, пӯшонида мешавад. Ин ниҳолҳо решаи инкишофёфтадоранд ва онҳоро худи ҳамин сол ҳамчун ниҳол истифода мебаранд.

Чем полезен и вреден шиповник: действие ягод на организм человека?

Навъҳои машҳури хучро, ки дар Тоҷикистон офарида ва парвариши зиёд доран кадомҳоянд номбар ва эзоҳ диҳед?

Айни замон навъҳои офарида шудаанд, ки аз ҳашаротҳо кам зарар мебинанд ва технологияи парвариши онҳо ҳам манзур шудааст. Истифодаи ин навъҳо дар истеҳсолот сабаби паст гардидани хатари экологӣ мегардад. Аз тарафи дигар бунёди боғҳо бо истифода аз ин навъҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳам муфид аст.

Навъи Гулбутта. Буттаи миёнақад, баландиаш то 1,3-1,7 м, шохаронии паҳн ва навъҳои каҷгашта дорад. Хорҳо танҳо дар навдаҳои поёнии алоҳида во мехӯранд, навдаҳои болоӣ ҳама бехоранд. Шакли мева тарафи думча ғафс ва аз қисми болои (гулхона) борик мешаванд, вазни миёнаи як мева -2,2-2,4 г, ҳосили миёна аз як бутта -6-7 кг, баромади меваи хушк -51%,баромади гӯштмева -74-77% аст. Дар соли дуюм, баъд дар ҷойи доимӣ шинондан ба ҳосил медарояд, ба ҳашароти донахӯраки Майра устувор аст. Аз соли 2008 минтақабоб шудааст.

Навъи Шаҳло. Буттаи калонҷӯса, паҳмии шохарониаш миёна, бо миқдори зиёди навдаҳо, баландиашон то 2-2,5  м. Хордории навдаҳо миёна, Шакли мева. Меваҳо  калонҳаҷм, аз тарафи думча ғафс ва аз қисми гулхона борик мешаванд, вазни миёнаашон -2,5-2,7 гр. Баромади гӯштмева-75-77%, баромади хушкмева-48,5% аст. Ҳосилнокии баланд то 8-10 кг мерасад. Ба ҳашароти донахӯраки Майра устувор аст. Аз соли 2014 ҳамчун навъи минтақабоб шудааст.

Умедворам, ки маслиҳатҳои муфиди Шумо ба кишоварзон мақбул гардида, тавсияҳои манзургардида дар парвариши меваи хуч (настаран) ба онҳо кӯмак менамояд.

 

Мутахасисси пешбари
Шуъбаи матбуот ва иттилоти
Вазорати кишоварзӣ                                                         Валиева Д. С.

Илова кунед: