Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Парвариши себ дар Тоҷикистон

03.01.2021
Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ дар таъмини аҳолӣ бо ғизои зарурӣ аст. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши боғҳои мевадиҳанда мусоҳид  буда, манбаи меваҷоти болаззат, ашёи хом барои саноати кишвар ва содирот мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон.
Рушди соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғу токзорҳои нав як иқдоми нек  ва хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Самаранок истифода намудани ҳар як порча замин, фарҳанги дурусти заминдорӣ, дар як сол гирифтани ду-се ҳосили дилхоҳ ва умед бастан ба ояндаи дурахшон албатта аз меҳнату заҳмати ҳар як фарди соҳибақл вобастагӣ дорад.
Имрӯз ҳарф мезанем дар бораи меваи хуштаъм ва болаззати себ. Парвариши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хело хуб ба роҳ монда шудааст. Сол аз сол аз ҷониби олимон ва боғпарварони  соҳаи кишоварзӣ навъҳои гуногуни себ парвариш карда мешаванд. Корҳои дурусти агротехникии боғпарварон рушди соҳаи муҳимро ривоҷ дода, на танҳо хони миллати тоҷик, балки берун аз хориҷро низ пурфайз менамоянд. Аз нуқтаи назари илмии профессор Гулов С.М., як қатор хондаҳоро рӯи қалам меорам барои хонандагони гиромӣ.  
Аҳамият ва маҳалли рушд.
Себ меваи маъмул аст. Дар олам 5 млн себзор вуҷуд дорад, ки соле он 31,6 млн тонна мева рӯёнида мешавад.
Дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ парвариши себ асосан дар Кавқози Шимолӣ, Украина, Молдавия, Закавказия, Қазоқистони Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ  ривоҷ ёфтааст. Дар Сибир ва Олтой низ  каму беш себзорҳо ҳастанд. Дар мавзеъҳои зикрёфта зиёда аз 300 навъи себ ба шароити маҳал мутобиқ карда шудааст.
Минтақаҳои асосии себпарварии саноатӣ дар ҷумҳурӣ Рашт-ба истеҳсоли навъҳои зимистонӣ ва тирамоҳии бармаҳал ва тирамоҳӣ, махсус гардонида шудааст; Ҳисор-навъҳои зимистонӣ, тобистонии бармаҳал ва тирамоҳӣ мепарваранд; Кӯлоб-навъҳои зимистона ва тирамоҳӣ, қисман тобистона парвариш карда мешаванд; Суғд-дар ноҳияҳои куҳӣ навъҳои тирамоҳӣ ва зимистона; ВМКБ-навъҳои тирамоҳӣ ва зимистона павариш меёбанд.
Себ меваи хушсифат аст. Хусусиятҳои парҳезӣ ва таъми гуворо дорад. Онро 8-10 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст. Меваи баъзе наъҳои себ калон (300-400 г; масалан,  Старкрипсон) мебошад. Зиёда аз 98 фоизи меваи себ хӯрданибоб  (2 фоизаш тухмдон ва пӯст) аст.
Дар таркиби меваи себ 16% моддаи хушк, аз ҷумла 9-15% қанд ( асосан фруктоза), 0, 31-0,91%ҷавҳар, то 0,2% пектин, 0,5-39,2 мг% витамини С мавҷуд мебошад.Себ гули сершаҳд дорад. Мевааш аз ҷиҳати ҳаҷм, ранг, тамъ, бӯй гуногун мебошад.
Дар ҷаҳон зиёда аз 20 ҳазор навъи себ вуҷуд дорад. Танҳо дар коллексияи помологии Пажӯишгоҳи рустанипарварии Русия (соиқ ВИР) беш аз 2700 навъи себ мавҷуд аст.
Меваи себ серғизо буда, барои истеъмоли тару тоза, истеҳсоли консерв ва афшура, шарбат, мураббо ва ғайра ба кор меравад.
Таснифи ботаникӣ ва хусусиятҳои морфологӣ.
Себ дарахт ё буттаи баргрез буда, ба оилаи настараниҳо, зероилаи себиҳо, ҷинси себ мансуб аст. Зиёда аз 50 намуд дорад, ки 18 намуди он қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ мерӯяд.
Дарахти себи дастпарвар 1,5-12м ва бештар аз он қад мекашад. Узвҳои асосии себреша, тана ва шоху навдаҳо мебошанд. Шохаҳои себ аз чанд тартиб иборат аст, ки якҷоя шохсори дарахтро ба вуҷуд меоранд. Шохаронии баъзе анвои себ, масалан Розмарини сад, то 10-12 табақа аст.
Дарахти сабзишаш мӯътадили боровар решаи дароз дорад, ки бештари онро решачаҳои мӯякшакл ташкил медиҳанд.
Решаи себ қисман ба хок рост рафта, қисман пароканда мешавад. Бештари қисми реша дар ҳамон мавзеи хок ҷойгир мешавад, ки моддаҳои ғизоӣ, намӣ ва ҳавои кифоя дорад. Дар шароити иқлими Тоҷикистон реша тамоми сол дар инкишоф аст. Вай дар ҳарорати 7-20С тез ва дар ҳарорати аз он паст ё баланд суст нуму менамояд.
Шохсори дарахт аз шохаҳои тартибиашон гуногун иборат буда, дар онҳо барг ва мева ташаккул меёбад. Ба тавассути поя моддаҳои ғизоӣ аз реша ба барг, мева ва нуқтаи сабзиш ва аз барг ба реша интиқол меёбанд.
Гул ва навдаву барги себ дар муғча ташаккул меёбад. Барги себ калон (то 10 см) ва бештар байзашакл буда, нуги тез дорад. Гулаш дуҷинсаи калон, сурхча ё сафед аст; ба тавассути ҳашарот гардолуд мешавад.
Дарахти себ се давраи инкишофро аз сар мегузаронад: давраи сабзиши пурзӯри узвҳои нашвӣ ва ибтидои самароварӣ, давраи ҳосилдиҳии пурра, ва давраи камрустану хушкидани шохаҳо.
Дар Тоҷикистон 14 навъи себ ба шароити иқлими маҳал мутобиқ карда шудааст; себҳои пешпазак-Нахустсамарқандӣ Граенштеении сурх, Боровинка, Ҳосилдор; тирамоҳӣ-Голден делишес, Ҷонатан, Граймаи тиллоӣ, Пешинкаи литвонӣ, Пармени тиллоии замистона, Апорти Александр (Олмаатоӣ); зимистона-Ренети Семеренко, Делишес, Розмарини сафед, Шоҳисеб ва Уайнсеб.
Солиёни охир дар боғҳои саноатӣ бештар хелҳои «Спур», яъне Старкримсон, Голдспур, Редспур, Ред делишес, Голден делишес, Корей ва ғайра парвариш карда мешавад.
Анвои себҳое, ки мардуми тоҷик офарида дар боғҳои худ мепарваранд аз он ҷумла; Толибӣ, Маликӣ, Хубонӣ, Маҳмурӣ, Понғозии сурх, Пахтасеб, Рахшсеб, Кадусеб, Сангсеб, Зардсеби тобистона, Ғармии ҷигарранг, Гармии сероб, Себи сафед, Сафедсеб, Гармак, Муллораҷабӣ, Нумолаксеб, Пешпазаки хушбӯй, Зардсеби зимистона, Тирамоҳи сурх, Ҷавпазак, Сурхак, Тобистона. Абдуллогӣ ва ғайраҳо мебошанд.
 
Мутахассиси пешбари
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Валиева Д.С.

Илова кунед: