Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭҲЁГАРИ ТИРГОН – ҶАШНИ РАСИШИ ГАНДУМУ НОН. Тибқи солшумории имсола ҷашни мазкур ба имрӯз, 3 июл, рост меояд.

02.07.2020

Моҳи Тир (тирмоҳбаробари 21 июн — 21 июлдар фасли гармодар Тобистон рост меоядДар ин давра ғалла ва меваҳои зиёд мепазандҶамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин  рӯёнидаи деҳқонон оғоз мешавадБарои идомаи кишту кор дар ин айём об низ аҳамияти вижае доштба ин ҷиҳат дар пайвастагии гардиши офтоб ва идомаи ҷашнҳои СадаНаврӯз ҷашни Тиргон низ муҳим будАз тариқи Тиргон мардум бо иҷрои оинҳо ва шодиву нишот ва бо ниёиш аз эзидони худ талаб менамудандки кишварро аз хушксолӣ эмин нигоҳ дорад.

Мувофиқи ҳамон суннати гоҳшумории ниёгон Тиргон дар рӯзи сездаҳуми моҳи тир (тирмоҳҷашн гирифта мешудки ин рӯз тибқи солшумории имсол (2020) баробари 3 июл мебошад.

Ҷашни Тиргон  ҷашни расиши гандуму нонҷашни Ораши сулҳофари Ватанро посбонҷашни обу ободии инсонҷашни удабо ва уламоҷашни тобистонҷашни ҷавонмардии хуршеди тобон астки эҳёгари он  барҳақ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маҳсуб мешавандЧунин нигоштааст профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан РАҲМОНӢ дар мақолаеки ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст. 

Аз ҷумла дар он гуфта мешавад: «Ҷашни Тиргон ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон пайваста ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён буда, то густариши мардуми ориёитабор вуҷуд дошт. Баъдан дар даврони паҳн шудани тамаддуни ориёиҳо ниёгони мо ин ҷашнҳоро ба диду салиқаи нав устувортар намуда, онҳоро ба шодию нишот баргузор менамуданд.

Ин аст, ки аз даврони бостон дар бораи Тиргон низ дар байни мардум, устура, ривоят ва боварҳое вуҷуд доштааст. Бо гузашти замон бархе аз онҳо ва оинҳои гуфторӣ ба осори навишторӣ роҳ ёфта, то рӯзгори мо расидаанд.

Аз таърихи башарият медонем, ки дар гузаштаҳои дур мардум ба эзидони зиёд бовар доштанд. Ҳар ҳодиса, воқеа ва рӯйдоди зиндагиро ба эзиди вижае вобаста мешумориданд ва ба он эзид рӯй оварда ниёиш менамуданд ва аз рӯзгори ҳаррӯзаи хеш дар пайвастагии эзиде шукургузорӣ мекарданд.

Тавре ки аз сарчашмаҳо маълум аст, моҳҳои ниёгони мардуми ориётабор аз 12 моҳ иборат буда, ҳар рӯзи ҳар моҳ низ номи фариштаеро дошт. Маъмулан яке аз рӯзҳои ҳар моҳ бо номи ҳамон 12 моҳ ҳамном буд. Аз ин рӯ, он рӯзи ҳамномро чун рӯзи нек бо шодиву сурур ҷашн мегирифтанд, ба он эҳтиром мегузоштанд ва ниёиш менамуданд.

Барои он ки хонанда дақиқтар огоҳ шавад мо номи он 12 моҳ ва рӯзи ҷашнҳои онро дар қавс меорем: 1.Фарвардин (нуздаҳуми фарвардин). 2.Урдубиҳишт (сеюми урдубиҳишт). 3. Хурдод (шашуми хурдод). 4. Тир (сездаҳи тир). 5. Мурдод (ҳафтуми мурдод). 6. Шаҳривар (чоруми шаҳривар). 7. Меҳр (шоздаҳуми меҳр). 8. Обон (дуҳуми обон). 9. Озар (нуҳуми озар). 10. Дай (дайгон ё хуррамрӯз=аввали дай; дайгони дуввум=ҳаштуми дай; дайгони севвум=понздаҳи дай; дайгони чорум= бисту севвуми дай). 11. Баҳман (дуюми баҳман). 12. Исфанд (панҷуми исфанд).

Моҳи Тир (тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар Тобистон рост меояд. Дар ин давра ғалла ва меваҳои зиёд мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рехтаи ғаллакорон оғоз мешавад. Барои идомаи кишту кор дар ин айём об низ аҳамияти вижае дошт, ба ин ҷиҳат дар пайвастагии гардиши офтоб ва идомаи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ҷашни Тиргон низ муҳим буд. Аз тариқи Тиргон мардум бо иҷрои оинҳо ва шодиву нишот ва бо ниёиш аз эзидони худ талаб менамуданд, ки кишварро аз хушксолӣ эмин нигоҳ дорад. Мувофиқи ҳамон суннати гоҳшумории ниёгон Тиргон дар рӯзи сездаҳуми моҳи тир (тирмоҳ) ҷашн гирифта мешуд, ки ин рӯз тибқи солшумории имсол (2020) баробари 3 июл мебошад.

Пас аз он ки оини зардуштӣ густариш пайдо намуд, ҷашни тиргон ба гиромидошти эзиди Тиштар марбут гашт, ки дар «Авесто» аз он ёд шудааст. Дар фарҳанги суннатии мардуми ориёитабор Тиштар эзид ва ситораи бороновар аст. Аз ҳамин назар ин ҷашн мувофиқи анъанаи ниёгон дар рӯзи тир, яъне рӯзи сездаҳуми тирмоҳ барпо мешуд. Дар бораи эзиди Тиштар дар яке аз яштҳои Авесто «Тир-яшт» низ бо муҳаббат ёд шудааст. Устураи машҳуртарини ин Яшт дар бораи Тиштар буда, он вобастаи борон аст. Тиштар ҳамеша дар миёни некӣ ва бадӣ қарор дорад. Дар «Тир-яшт»-и Авесто бо некӣ ёд мешавад. Ин фариштаи борон дар 10 рӯзи аввали моҳ мисли ҷавони 15-сола буда, баъдан дар 10 рӯз дуюм чеҳраи говро бо шохҳои заррин ва сипас дар 10 рӯзи сеюм ба худ чеҳраи аспи сафеду зебо бо гӯшҳои заррин пайдо мешавад.

Ҳанӯз соли 2006 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» зимни пажӯҳиши хеш ба ин эзид таваҷҷуҳ намуда буданд. Дар байни мардуми замони бостон ба мисли дигар эзидҳо оид ба Тиштар низ ақидаҳое вуҷуд доштанд; рафтору амалҳои Тиштарро низ мувофиқи оинҳои бостонӣ аз насл ба насл ҳикоят менамуданд. Ҳар соле, ки ҷилави абрҳоро неруҳи аҳриманӣ мегирифтанд бо мадади Аҳурамаздо эзиди Тиштар ба ёрии онҳо мешитофт. Дар ин бора Пешвои миллат чунин ёдовар шудаанд:

«Дар тасаввури онон (ниёгони мо – Р.Р.) абрҳое, ки бар фарози замини хушк истода, бо душманӣ, бархилофи хоҳиши одамон ба замин борон намерезанд, дар осмон ба василаи риштаҳои дурахшону оташбори барқ, яъне писари Осмон шикофта шуда, дар ин мубориза аксаран шикаст мехӯранд ва маҷбур мегарданд, ки обҳои ҳабсгардидаи худро ба замин фурӯ резанд. Дар тасаввури онҳо Тиштрйа – фариштаи раъду барқ, борон, фаровонҳосилӣ ва ризқу рӯзӣ дар паи ҷустуҷӯи нозу неъмати одамон бо деви Апауша, ки душмани инсон, фарвонӣ ва ҳабскунандаи борон мебошад, ҳамеша дар набард ва мубориза мебошад.

Ин мубориза яке аз саҳифаҳои дурахшони асотири бостонии ориёӣ мебошад, ки андешаҳои жарф, амалӣ ва дурпарвози ниёгони моро нишон медиҳанд. Моҷарои набарду пирӯзии Тиштрйа бар Апауша – деви хушкӣ тамсиле аз фасли тобистон, хушкию камобии даштҳои беканори Осиёи Марказӣ ва кӯшишҳои асотирие, ки омехта бо эътиқодҳои оммавӣ ҷиҳати тавлиди борон мебошад. Ориёиён чунин мепиндоштанд, ки Тиштрйа ситораи падидоварандаи боронҳои судманд дар тобистон ва бавуҷудоварандаи обҳои зинда мебошад. Мувофиқи ин устура, Апауша – деви палиди хушкӣ обҳоро зиндонӣ сохта, ба замин намедод ва аз ӯҳдаи раҳоию кушодани обҳо ғайр аз Тиштрйа каси дигар намебаромад» (с.264).

Пешвои миллат дар бораи боварҳои ҳиндуориёиҳо, муборизаи эзидон бар зидди неруҳои аҳриманӣ, лаҳзаҳои ҳассоси набарди некӣ ва бадиро дар асоси гуфтаҳои Авесто, Веда, сарчашмаҳои таърихӣ, пажӯҳиши донишмандони устурашинос Пурдовуд, М.Бойс, Г.М.Бонгард-Левин, Э.А.Грантовский, И.С.Брагинский, А.Кристенсен ва дигарон баён намуда, ба асли масъала равшанӣ андохтаанд.

Пешвои миллат ба идомаи суханҳои боло бо овардани мисолҳо аз Авесто роҷеъ ба алоқамандии ниёгони мо ба табиат, кишоварзӣ, талоши онҳо оид ба наҷоти ҳастӣ идомаи устураи зебои Тиштарро, ки ба ҷашни Тиргон иртибот дорад, чунин баён намудаанд:

«Хуруши Тиштрйа порсоён ва мӯъминонро водор мекунад, ки вайро ситоиш ва ниёиш кунанд ва қурбониҳо анҷом диҳанд. Дар натиҷаи чунин рӯйдодҳо Тиштрйа фариштаи роюманди фараҳманд бори дигар ба сурати аспи сафедгун, бо гӯши тиллоӣ ва зину лаҷоми зарнишон даромада, аз нав ба баҳри Вуурукаша фуруд меояд. Деви сиёҳӣ хушкӣ низ ба шаклу намуди ваҳмангези худ барои ҷангу мубориза ба майдони набард ҳозир мешавад. Ҷанги дигаре бо шиддату неруи бештаре дар миёни онҳо дармегирад, то саранҷом, дар нимарӯз деви хушкӣ шикасти шадид хӯрда, аз баҳри Вуурукаша ҳазор гом ақибнишинӣ мекунад. Эзиди борон ва фаровонҳосилӣ бонги шодмонӣ мебароварад: «Тиштрйаи роюманди фараҳманд хурӯши шодкомӣ ва растагорӣ баровард: хушо ба ман ай Аҳуромаздо, хушо ба шумо, ай обҳо ва гиёҳҳо, хушо ба дини маздаясно, ба шумо мамолики (ориёӣ), (хушо ба) рӯду ҷӯйҳои шумо (ки) бидуни монеае ба тарафи маҳсул, бо донаҳои дурушт ва чарогоҳ бо донаҳои рез ва ба сӯи ҷаҳони моддӣ равон гардад» (Банди 29).

Сипас Тиштрйа пирӯзмандона ба дарёи Вуурукша фурӯ меравад, дарё ба ҷунбишу талотум даромада, бухорҳои боронзо аз дарё баланд мешаванд. Абру бухор падид омада, пахш мешаванд ва ҳамчун борону жола ба мазрааю киштзорҳои атроф фурӯ мерезанд. Зиндагӣ ба суботу таҳким идома пайдо мекунад.

Устураи зебое, ки дар боло оварда шуд, яке аз устураҳои Авесто буда, аз як сӯ, инъикосдиҳандаи тарзу усули тафаккури ниёгони дури мо, аз сӯи дигар, жарфу умқи хаёлоти дурпарвози онҳо мебошад. Ин устура намунаи беҳтарини диалектикаи ибтидоӣ ва рамзи ҷидду ҷаҳд, ҷаҳонкушоӣ ва зиндагидӯстии мардуми ориёӣ аст. Он мақоми пурарҷи обро ҳамчун яке аз унсурҳои умдаи чоргонаи табиат, ки гузаштагони мо онро муқаддас медонистанд, ба вазоҳат нишон медиҳад» (с. 265).

Ин аст, ки пирӯзии Тиштар ба Апауша ҷашн гирфта мешавад. Тибқи ишорати пажӯҳишандагони зиёд ҷашни Тиргон ҷашни ҳамин пирӯзӣ мебошад.

Ба идомаи ин пажӯҳиш соли 2019 дар Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» дар канори ҷашнҳои бостонии ниёгон ба ҷашни Тиргон низ таваҷҷуҳ шуд ва дар назди пажӯҳандагон масъала гузошта шуд, ки ҷашнҳои ниёгонро бо «нигоҳи тоза» мавриди барасӣ қарор диҳанд:

«Мо – мардуми тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадиматар дорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд…

Ҳарчанд ки доир ба шинохти ҷашнҳои зикршуда дастовардҳои илмӣ зиёданд, аммо таҳқиқи масоили гуногуни онҳо дар марҳалаи таърихи навин нигоҳи тоза мехоҳад. Бовар дорам, ки донишмандон моҳияти фалсафию иҷтимоии ин ҷашнҳоро аз ҳамин нуқтаи назар таҳқиқ карда, дар асоси ҷаҳонбиниву андешаҳои муосир ҷавҳари асливу инсондӯстонаи ин ойинҳоро боз ҳам равшантар месозанд».

Ин аст, ки ҳоло пажӯҳандагони тоҷикро ҷашни Тиргон низ ба худ ҷалб намуд.

 Агар дар сарчашмаҳои то замони мо расида назар намоем, маълум мешавад, ки ҷашни Тиргон дар асоси боварҳо, иҷрои амалҳо, муборизаи Тиштар бо дигар неруҳои аҳриманӣ дар рӯзгори ниёгони мо ҷойгоҳи вижаи худро пайдо намуда будааст. Ба мисли ҷашнҳои дигар роҷеъ ба Тиргон низ устура ва ривоятҳое ба таври гуфторӣ дар он рӯзгорони дур зиёд будааст, баъдан баъзе аз онҳо аз тариқи сарчашмаҳои навишторӣ ва тасвирҳои рӯи санг то замони мо расидаанд.

Инак, чанде аз он устура ва ривоятҳоро ёдовар мешавем. Яке аз онҳо марбут ба Ораши Камонгир аст. Аз устураи зебои аз камон тир партоб намудани Ораш дар Авесто низ ёд омадааст. Аз ишорати кутоҳи Авесто метавон чунин бардошт намуд, ки устураи Ораш дар он рӯзгорони дур чун афсона ва ҳамосаи миллӣ вирди забонҳо будааст. Ҳамин вижагии ватандӯстии Ораш буд, ки онро мардум ҳазорон сол нақл карданд.

Аз Ораши Камонгир дар Китоби «Таъриху-р-русули мулук» (Таърихи пайғамбарон ва подшоҳон)-и Табарӣ Муҳаммад ибни Ҷарир (839-923), «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, дар «Китоб-ут-тафҳиф» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ, дар «Зайн-ул-ахбор»-и Абулҳай Гардезӣ, дар «Буҳони қотеъ»-и Муҳаммад Ҳусайн Халаф Бурҳон ва боз осори таърихии дигар ишоратҳо дида мешавад. Ҳамин ишораҳо далел бар он мебошанд, ки Ораши устураӣ дар воқеъ як қаҳрамони миллии ватандӯст буда, рафтори неки ин шахсияти беназри устураӣ, афсонавӣ ва ҳамосаи ниёгони мо то имрӯз намунаи иборат аст. Бояд ҷавонони мо аз Ораши ватандӯст ибрат бигиранд.

Донишманди беназари Абурайҳон Берунӣ устураи Ораши Камонгирро дар асоси сарчашмаҳо ва гуфтори мардум хеле хуб баён намудааст. Ба гуфти пажӯҳандагон ин ҳамосаи асотирӣ дар манотиқи шарқии Эронзамини таърихӣ вирди забони мардум будааст ва баъдҳо бо ҷашни Тиргон омезиш ёфтааст.

Муҳимтарин нуктаи ин устураи ҳамосӣ ва пайвастагии он ба ҷашни Тиргон ба муносибати сулҳу оромиши ду кишвари ҳамтабор (дар даврони Фаридун як кишвар буд), дар айни замон душмани якдигар Эрон ва Тӯрон аст. Ин ҷашн дар фасли тобистон дар рӯзи тир, дар моҳи тир (3-4 июл) барпо мешавад. Ба гуфтори ниёгони мо ҷашни Тиргон ин раҳо намудани тири Ораш аз Табаристон (Мозандарон) ба сӯи машриқзамин мебошад, ки ба тани дарахти чомағз омада зад. Маҳз ба воистаи он тири Ораш марзи Эрон ва Тӯрон тибқи созишномае таин шуд ва сулҳ низ барқрор гашт.

Бинед, ниёгони мо ҳамеша талош намудаанд, ки аз тариқи гуфтугӯ, роҳи дурусту нек муноқшаҳоро ҳал менамудаанд. Ҳамчунин ба ваъдаи худ риоят мекардаанд, ваъдахилоф набудаанд. Барои он ки хонандаи тоҷик аз асли он ривояти асотирӣ огоҳ шавад онро ба таври мухтасар баён менамоем.

Дар он рӯзгорон тибқ ҳикоятҳои гуфторӣ ва навишторӣ дар байни кишварҳои Эронзамин ва Тӯронзамин, ки дар решаи бунёди ҳама табори якдигар буданд, набардҳо сурат мегирад. Яке аз чунин набардҳо байни Афросиёб ва Манучеҳр буд. Дар натиҷаи ҷангҳо, муборизаҳо, мухолифатҳо сипоҳи Эронзамин дучори шикаст мешавад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо ин мағлубият дар аввали тирмоҳ буда, Афросиёб ба дунболи лашкари эрониён то Мозандарон меравад. Байни лашкари ҳар ду кишвар ҷанги шадид рух медиҳад. Пас аз ҳар задухӯрду набарди зиёд сипоҳиён хаста мешаванд, ночор ба созиш меоянд. Ҳар ду шоҳ барои он ки кинаву кудуратро аз байни баранд ва дар сулҳу салоҳ зиндагонӣ кунанд, ба шарте созиш менамоянд, ки дар миёни ҳар ду давлат сарҳад бояд муайян гардад. Барои дақиқ намудани сарҳад тасмим мегиранд, ки аз самти Мозандарон ба самти Хуросон тире партоб гардад ва ҳар он ҷое, ки ин тир афтад, сарҳади ҳар ду кишвар таин шавад.

Дар ҳамин дам яке аз эзидбонуҳои Эронзамин, вобаста ба замин бо номи Сипандормуз, пайдо мешавад ва супориш медиҳад, ки тиру камонеро биоваранд. (Дар бештари сарчашмаҳо супоришро Манучеҳр медиҳад). ӯ аз байни камонгирони номдори кишвар Орашро интихоб менамояд, ки дар бозуву тавоноию тирандозӣ монанд надошт. ӯ ҳамеша тири  камонро нисбат ба дигарон дуртар мепартофт. Сипандормуз аз Ораш тақозо кард, ки ин кори ватандӯстонаро ба уҳда бигирад ва тирро аз камони худ ба самти ховар раҳо намояд. Ораш ҳам пай бурд, ки имрӯз кишвараш ба неруи ӯ вобаста аст, фақат тири вай метавонад марзи кишварро муайян намояд.

Аз ҳамон замонҳои бостон то имрӯз шахсони ватндӯсту миллатдӯст ба мисли Ораш буданд ва ҳастанд. Онҳо ҳамеша сафи пеши дифои кишвари худ буданд. Ораш ҳам пас аз андешаи мухтасар бараҳна шуд. Танаи неруманду поку озодаи худро дар назди ҳозирин намоён кард ва гуфт: «Бинед, дар танаи ман каму косте вуҷуд надорад. Ман медонам, ки ин тирро аз камон раҳо намоям, тамоми неруи ман аз баданам берун меояд, вале ман ҷисмамро барои мардум ва кишварам мебахшам».

Мувофиқи иттилои сарчашмаҳо Ораш бо камони худ ба кӯҳи Дамованд баромада бо тамоми неруи бозу ва ҷисму ҷони худ тирро чунон раҳо менамояд, ки он парвоз мекунад. Дар ин замон худои бузугвор Аҳурамаздо (Ҳурмузд) ба яке аз фариштаҳо, яъне фариштаи Бод фармон медиҳад, ки ин тири сарнавиштсозро нигаҳбонӣ намояд, то вай бидуни осеб дуртар парвоз намуда марзи кишвар муайян шавад.

Ин тир дар фазои равшани осмон то нимрӯз парвозкунон, аз болои кӯҳу дара, дашту саҳро, боғу роғ гузашта, бар танаи калонтарин дарахти чормағзе мезанад, ки дар соҳили дарёи Ҷайҳун буд. Ана ҳамин тавр ҳамон ҷоеро, ки тир ба танаи чормағз зад гӯё наздики Фарғона будаст, чун сарҳади Эронзамин ва Тӯронзамин муайян мешавад. Тибқи устура ва ривоятҳои гуфторӣ ва навишторӣ аз он замон ба баъд ин рӯзи некро, ки 13-уми тирмоҳ аст, мардум ҷашн мегиранд.

Ба гуфти баъзе пажӯҳандагон Ораши Камонгир пас аз раҳо намудани тири камон беҳуш шуда ба замин меафтад ва баъд Манучеҳр кишварро обод намуда, лашкари худро неруманд месозад ва Орашро сарвари сипоҳиёни тирандоз таин мекунанд. Аммо мувофиқи ривоятҳои дигар бароббари раҳо кардани тир танаи озодаи Ораши покманиш пора-пора мешаваду тир хеле дур парвоз карда, ба ҳадаф мерасад.

Қаҳрамон милллии мардуми ориёитабор Ораши Камонгир ҳамчун тирандози беназир баъдан дар устураҳое пайдо мегардад, ки ӯ ҳамроҳи эзидон бо девон мубориза мебарад. Ин аст, ки тири рахшандаи ӯро ба ситораи Тиштар монанд намудаанд. Тиштар яке аз ситораҳое аст, ки дар қисми ҷанубии осмон намоён мегардад. Дар сарчашмаҳо ва дар байни мардум чун ситораи Сайҳун машҳур аст. Олимон ва шоирон онро ситораи Яман ё ситораи Ямонӣ гуфтанд.

Ба ин ҷиҳат аз Ораш дар Авесто, дар «Тир-яшт» ҳам аз ситораи Тиштар ва ҳам Ораш бо самимият ситоиш шудааст. Дар «Кардаи чорум»-и Авесто омадааст:

«Тиштар – ситораи ройуманди фаррамандро меситоем, ки шитобон ба сӯи дарёи Фарохкарт битозад чун он тири дар ҳаво паррон, ки Ораши тирандоз – беҳтарин тирандози эронӣ, аз куҳи Аирйохшута ба сӯи кӯҳи Хванвант биандохт…

Он гоҳ офаридгор Аҳура Маздо ба-д-он дамид, пас он гоҳ [изадони] обу гиёҳ ва Меҳри фарохчарогоҳ он [тир]-ро роҳ падид оваранд».

Дар устураи авестоӣ Ораши паҳлавонеро мебинем, ки бар зидди деви хушксолӣ мубориза мебарад. Яъне пас аз он ки Ораш тирро раҳо менамояд, ҳам Аҳурумаздо ва ҳам эзидони дигари «обу гиёҳ» роҳи он тирро муайян менамоянд:

«Он гоҳ офаридгор Аҳура Маздо ба-д-он дамид, пас он гоҳ [изадони] обу гиёҳ ва Меҳри фарохчарогоҳ он [тир]-ро роҳ падид оваранд».

Ба ин ҷо ба як нуктаи муҳим бояд ишорат кард, ки дар бораи Ораш на фақат дар Авесто чун «беҳтарин тирандоз» ёд шудааст, балки номи вай дар он замонҳои бостон дар байни мардуми ориёитабор машҳур будааст. Аз ҷумла дар китоби «Ведо»-и ҳиндиҳо низ Ораш бо ифтихору шарафманд ёд шудааст. Дар китоби «Ведо» эзиди «Агни» хушксолиро ба вуҷуд меорад, Ораш дар мубориза ба он ширкат менамояд.

Баъдҳо симои Ораш дар сарчашмаҳои даврони Сосонӣ дида мешавад. Дар устураҳои даврони Сосонӣ ин паҳлавони ориёӣ, яъне Ораш ба муқобили деви хушксолӣ мубориза мебарад.

Тавре ки устурашиносон Пури Довуд, М.Баҳор, Мирчолояди, Ҷ.Дӯстхоҳ, И.В.Рак, А.Раҳмонзода ва дигарон дар асарҳои худ ишорат намудаанд маъмулан як устура ба устураи дигар табдил меёбад. Ин гуна тағйиротро дар матни устура, афсона, ҳамоса, қисса ва ривоятҳои мардумӣ зиёд мебинем. Симои Ораш низ дар устураҳои қадим гоҳе омезиш ёфтааст. Вай аз як симо ба симои дигар табдил меёбад.

Нисбати устураи Ораш метавон ёдовар шуд, ки дар Авесто вай шарики ситораи Тиштар аст. Агар дар устураи авестоӣ, ба Ораш ситораи Тиштар ёрӣ расонад ва дар «Таърихи Табарӣ» ӯ зинда монад, аммо дар ривояти Берунӣ Ораш пас аз тирандозӣ пора-пора мешавад.

Доктор Мустафо Бобохонӣ ва пажӯҳандагони дигар бар он ишора намудаанд, ки имрӯзҳо дар минтақаи Фароҳони кишвари Эрон ҷашни Тиргон дар рӯзи аввали моҳи тир (21 июн) баргузор мешавад. Ҷашнро барои бардошти шукронаи гандум баргузор менамоянд. Ба ин муносибат барпо намудани ҷашни Тиргон реша ба боварҳои ниёгон дорад.

Тавре дар боло қайд кардем, дар навиштаи Берунӣ Ораши Камонгир паҳлавони беҳамтое аст, ки Ватанро дифоъ мекунад. Ба воситаи неруи худододи ӯ сарҳади ду кишвар майян мегардад ва сулҳ барқарор мешавад. Аз ҳамон замони бостон то имрӯз ҷашни Тиргон дар Мозандарон бо номи «тирмоҳи сездаҳшав» баргузр мешавад. Мардум тибқи боварҳо ва оинҳои бостонӣ гоҳшумории суннатиро риоят мекунанд. Барои мозандарониҳо ҳоло ҳам сездаҳи моҳи тир солшумории суннатӣ буда, аз тирмоҳи хуршедӣ тафовут дорад. Ба ҳамин минвол дар минтақаи Омул низ имрӯзҳо ҷашни «тирмоҳи сӯзаи шав» (моҳи тири сӯзони шаб) бозмондааст.

Аз маводи гирдовардаи мардумшиносӣ ва гуфтаи пажӯҳандагон маълум мешавад, ки дар зодгоҳи шоир Нимо Юшиҷ то солҳои 60 садаи ХХ ҷашне маъмул будааст, ки онро «тирмусиза» (тирмоҳи сездах) мегуфтаанд. Маъмулан ин ҷашн дар шаб баргузор мешудааст. Дар ҳамон шаби ҷашн ҷавонҳо чӯбҳои махсусеро омода намуда онҳоро ба ҳамдигар зада, шодмонӣ мекарданд. Дар он солҳо сурудҳое ба гӯиши маҳаллӣ месурдаанд, ки махсуси мардуми маҳаллӣ буда, худи Нимо Юшиҷ низ дар ашъори мозадорониааш аз оинҳои ин ҷашн ёдовр шудааст. Дар ин ҷо ба як нукта бояд таваҷҷуҳ кард, ки мувофиқи устураи то замони мо расида раҳо намудани тири Ораши Камногир аз шимоли Эронзамин рух додааст. Ба ин васила он ба мардуми Юш низ таъсир гузошта, дар боварҳои онҳо то имрӯз ёдгор мондааст. Ҳамин аст, ки ҷашни Тиргон бо номи Ораш дар байни онҳо боқӣ мондааст.

Ҳам аз Тиргон ва ҳам аз корномаи паҳлавони беназари миллии мардуми ориётаборон Ораши Камонгир шоирон Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷомӣ, Сиёвуши Касроӣ ва дигарон бо меҳр ёд кардаанд:

Ман аз тухмаи номур Орашам,
Чу ҷанг оварам оташи саркашам. (Фирдавсӣ)

Ситамдидаро додбахше кунам,
Шаби Тиргонро дурахше кунам. (Низомӣ)

Чу дар гаронмоя равшангуҳар,
Садафвор бар тиргон баста дар. (Ҷомӣ)

Ба субҳи ростин савганд!
Ба пинҳон офтоби меҳрбори покбин савганд!
Ки Ораш ҷони худ дар тир хоҳад кард,
Пас он гаҳ бедаранге хоҳадаш афканд… (Сиёвуши Касроӣ)

Бояд ёдовар шуд, ки нишонаҳои ҷашни Тиргонро дар пайвастагии оинҳои фасл тобистон дар байни тоҷикон ва ориёитаборонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳое, ки дар домани фарҳанги мардуми  эронитабор парвариш ёфтаанд, метавон ҷуст. Аз ҷумла тавре ки дар байни тоҷикон калонсолон ёд мекунанд баромади ситораи Суҳайл (Тиштар) ба рӯзи чиллаи тобистон, мувофиқ аст. Аз намоён шудани он мардум шодмонӣ мекунанд ва хушҳол мешаванд, ки зиндагиашон бобаракат мешавад. Яъне баромади Суҳайл (Тиштар) ин ҳамон нишонаи ҷашни Тиргон аст, ки аз ёдҳо рафтааст. Нишонаҳое аз ин ҷашн дар байни мардуми мо бозмодааст. То солҳои наздик тоҷикон дарави ғалларо бо шодиву сурур анҷом медоданд. Дар минтақаҳои Хатлон, Раштонзамин, водии Ҳисор суруди «Ман доғ», дар маҳалҳои дигари Осиёи Миёна суруди «Майдаё»-ро сароида, рафти кори дарав, ғалларо кӯфтан, ҷамъ кардан ва ба анборҳо ҷо намудани ҳосилро бо шодиву сурур мегузарониданд. Ҳатто ҳангоми «шабдарав» ва ба хусус пас анҷоми кори пурзаҳмат базме барпо намуда хастагии худро мебароварданд.

Ҷашни Тиргон низ ба мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тамоми қаламрави мардуми ориётабор пайвастагӣ дорад. Аз ҷумла дар баъзе минтақаҳои кишвари Эрон нишонаҳое аз ин ҷашн бозмондааст. Масалан, дар Сангсер ин ҷашнро бо номи «тирмуйи сездаҳ» (тирмоҳи сездаҳ) барпо мекунанд ва ҳамчунин бо номи «сездаҳ тому» (сездаҳ таом) хӯроки махсус мепазанд.

Тавре маълум аст, дар замонҳои бостон сол ба ду тақим мешуд: тобистон ва зимистон. Ба ин ҷиҳат баъзе пажӯҳандагон бар он назаранд, ки ҷашни Тиргон дар асл ҷашни инқилоби тобистонӣ буда, дар оғози моҳи тир таҷлил мешудааст. Дар аввали моҳи тир ҷашн гирифтани ҷашни Тиргон то ба имрӯз дар байни мардуми Фароҳон вуҷуд дорад. Мардуми Фароҳон Тиргонро дар аввали тирмоҳ таҷлил менамоянд.

Тиргон низ оинҳои вижаи худро дошт. Яке аз оинҳое, ки дар замонҳои қадим дар ҷашни Тиргон баргузор мешуд, ин оини обпошон буд. Ин ба он васила баргузор мешуд, ки мардум аз эзиди борон мехостанд, ки боронро фаровон созаду хушксолӣ нашавад.

Баъзе пажӯҳандагон бар он ақидаанд, ки ҷашни Тиргон ва ҷашни обпошон ё обрезгон тафовут дорад. Баъдан онҳо ба ҳамдигар омезиш ёфтаанд. Дар ҳамин ҷо бояд ишорат кард, ки оини обрезгон дар баҳорон дар рӯзҳои Наврӯз низ вуҷуд дорад. Ҷашни «обпошон»-ро бо номҳои «обрезагон» ва «саршурон» низ ёд намудаанд.

Ниёгони мо ба навиштан, дар канори сарвати гуфторӣ, ба осори навишторӣ низ эҳтиром доштанд. Аз сарчашмаҳо мебинем, ки дар фарҳанги гузаштаи мо қадри адабиёт ва нависанда баланд аст. Ин аст, ки дар замонҳои пеш Тиргон рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст. Воқеа ва ҳодисаҳои дунёро нависандагон дар китобҳо сабт менамоянд. Ба гуфти Берунӣ пайравии ҳифзи дунё, яъне «даҳуфазия», бо деҳқонию зироат, китобат намудан ба ин ду наздик мебошад. Дар асоси сарчашмаҳо ва шунидаҳояш аллома Беунӣ дар ин бора низ чунин ишора намудааст: «Ва сабаби дуюм он аст «даҳуфазия», ки маънои он ҳифзи дунё ва нигаҳбони он аст ва фармонравоӣ дар он ва деҳқанат, ки маънои он иморати дунё ва зироату қисмати он аст бо ҳам тавъаманд, ки имрони дунёву қивоми олам бад-онҳост ва фасоди олам бад-онҳо ислоҳ мепазирад. Ва китобат дар пайравии он ва наздик ба ин ду мебошад. Аммо «даҳуфазия» аз Ҳушанг содир шуда ва деҳқанатро бародари ӯ Вигард расм намуда аст. Ва номи ин рӯз Тир аст, ки Уторид бошад, ки ситораи нависандагон аст. Ва дар ин рӯз буд, ки Ҳушанг номи бародари худро бузург гардонид ва деҳқанатро ба ӯ дод. Ва деҳқанату китобат як чиз аст. Ва ин рӯзро аз роҳи ҷалолияту иъзом ид гардониданд. Ва дар ин рӯз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипӯшанд. Ва деҳқононро низ бар ҳамин кор амр кард. Ва аз ин рӯз мулуку деҳқонону мӯбадон ва ғайри эшон ин либосро пӯшиданд. Ва то рӯзгори Гуштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ бувад». Ба ин ҷиҳат ҷашни Тиргон дар гузашта рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст.

Тавре ки ишорат намудем дар сарчашмаҳо дар бораи ҷашни Тиргон устураҳо ва ривоятҳои гуногун аст. Дигаре ба Кайхусрав вобаста аст. Ҳам Берунӣ ва ҳам Гардезӣ ишора бар он намудаанд, ки нопадид шудани Кайхусрав низ маҳз бо ҳамин ҷашни Тиргон пайвастагӣ дорад. Сабаб дар он аст, ки мардум дар Тиргон оббозӣ ва обпошӣ мекунанд. Тибқ ривояти Берунӣ Кайхусрав ба чашмае оббозӣ карда, фариштаеро мебинаду беҳуш мешавад ва дар он ҷо деҳае месозанд ва номи онро Майяндеш мегузоранд ва бо гузашти замон «Андеш» мешавад. Ба гуфти Берунӣ ва Градезӣ дар ин моҳ ғусл намудан ё оббозӣ кардан чун оин боқӣ мондааст.

Як нуктаи дигарро низ бояд ба ёд овард, ки 13-уми ҳамаи моҳҳои ниёгон рӯзи тир аст. Ба ин васила ҷашни Тиргон дар 13-уми моҳи тир аст. Аммо ҷолиб аст, ки ҷашни Тиргонро дар рӯзҳи 13-уми моҳҳои Фарвардин (барбари 1-2 апрел, ки рӯзи 13 аст, орзуи омадани борон) ва 13-уми Меҳрмоҳ (4-5 октябр, ҷашни тиррӯзӣ) низ таҷлил менамоянд.

Ҳамчунин ёдовар шуданро лозим медонем, ки бо гузашти замон рӯз ва моҳи ҷашнҳо дар тӯли таърих тағйир ёфтаанд. Дар ин бора пажӯҳандагони тақвимшинос низ ишора намуда гуфтаанд, ки баробари тағйир ёфтни гоҳшумории мардумӣ ва ё ишғоли як кишвар аз ҷониби кишвари дигар мушоҳида шудааст, ки дар давоми чанд ҳазор сол, гоҳшуморӣ низ ба дигаргуниҳо дучор гардад. Аз ҷумла дар тақвими арманиёни Эрон рӯзи 13-уми янар як навъ оинҳои шодмонӣ доранд, ки ин комилан ба шабеҳи ҷашни Тиргон аст.

Тибқи иттилои сарчашмаҳо, мушоҳидаҳои мардумшиносон маълум мешавад, ки ҷашни Тиргон дар рӯзи нахустин моҳи тир дар минтақаи Фароҳон чандин садсола аст, ки таҷлил мегардад. Яъне мардуми ин митнақа ҳамон ҷашни ниёгонро аз насл а насл то имрӯз овардаанд.

Дар ҷашни Тиргон низ ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон расму оинҳои ҷолибе баргузор мешавад, ки баъзеро дар ҷашнҳои дигар такроран дидан мумкин аст. Роиҷтарин оини ҷашни Тиргон ин «Фоли кӯза» аст, ки он дар оинҳои наврӯзӣ низ маъмул аст. Дар ин оин бештар духтарони болиғ иштирок менамоянд. Гоҳе занҳои ҷавон низ ширкат меварзанд. Тарзи баргузории «Фоли кӯза» чунин аст: рӯзе пеш аз ҷашн аз байни духтарони дӯшиза якеро интихоб намуда ба вай як кӯзаи сафоли сабзранги даҳонаш кушода медиҳанд. Ин кӯзаро «дула» меноманд. Духтар кӯзаро бо оби покиза пур намуда даҳони онро бо як рӯймоли сабзи абрешимӣ мепӯшонад. Сипас кӯзаро духтаре ба навбат ба назди духтароне мебаранд, ки дар дил орзуе доранд. Ҳар нафари ширкаткунанда, чизеро ба дохили кӯза меандозанд. Мисол: гӯшвора, ангуштарӣ, сикка, гиреҳбанди мӯй ва ғайра. Баъди ин амал кӯзаро ба назди дарахти сабзе ба мисли арча ва сарв бурда онро дар таги дарахт мегузоранд. Рӯзи дигар ҷашн оғоз мешавад. Мардум зимни шодмонӣ ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд. Ҳамон духтароне, ки ба оини «Фоли кӯза» ширкат кардан хоста ба кӯза чизе ндохта буданд, ба маконе ҷамъ меоянд. Баъдан он духтаре, ки кӯзаро дар таги дарахт гузошта буд ё яке дигаре кӯзаро меорад. Занҳо рафтори духтаронро тамошо мекунанд ва барояшон шеър мехонанд. Пас аз шеър дӯшизаи посбони кӯза дасташро бар даруни он андохта яке аз чизҳоро берун мебарорад ва шеъри хондашударо марбути вай медонанд. Занҳои калонсол мазумин шеърро шарҳ медиҳанд ва зимнан орзуву омоли он духтарро мепурсанд. Дар аксари маврид мазмуни шеър ба орзуву нияти соҳиби он чиз мувофиқ меояд.

Яке аз оинҳое, ки вижаи ҷашни Тиргон аст ин оини «Дастбанди тир ва бод» мебошад, ки ҳоло ҳам дар байни зардуштиёни Киромон маъмул аст. Мардуме, ки ба ҷашн ширкат доранд ҳама хурду калон дар аввали ҷашн пас аз хӯрдани шириниҳо бандеро, ки аз ҳафт тор риштаи ҳафтранги мисли тиру камонро, ба дасти худ мебанданд. Номи ин бандро дар ҳама ҷо «Тир ва бод» мегӯянд. Ин риштаи ҳафтранги дар банди даст бударо то 9-10 рӯз, то рӯзи бод, нигоҳ медоранд. Баъди гузаштани 10 рӯз, гӯё рӯзи бод мерасад. Дар рӯзи бод гурӯҳ-гурӯҳ, ё чанднафарӣ ба баландие, ки маъмулан дар он ҷо вазиши бод аст, ба мисли тепа, баландӣ, болои бом баромада он бандро аз банди дастони худ кушода ба бод, ба ҳаво сар медиҳанд. Дар ин амал ду боварӣ нуҳуфта аст: яке ҳар орзуе, ки дар дил доранд аз яздон таманнои онро доранд, ки амалӣ шавад; дигаре он аст, ки бо ёрии эзиди бод аз ҳаво гузаштани тири Орашро ба ёд меоранд. Ҳанӯз ҳам дар байни мардуми Язду Кирмон ҳангом ба бод супоридани дастбанди ҳафтранги худ таронаи зеринро месароянд, ки нависандаи ин сатрҳо онро шунида, дар ҳамин шакл аз зардуштиёни Язд сабт намудааст:

Тир буру бод биё,
Ғам буру шод биё,
Меҳнат буру рӯзӣ биё,
Хӯшаи марворӣ биё.

Дар ин порчаи манзуми хурди содаю самимӣ аз як тараф тиру камони Ораши Камогир ёд шуда, аз рафтани тир омадани боди форам, аз рафтани ғам, омадани шодмонӣ ёд шавад; аз тарафи дигар заҳмати кишоварзон пас аз меҳнати ба даст овардани ризқу рӯзӣ, ки он дар дарав намудани ғаллаи гандум, яъне «хӯшаи марворӣ» аст, ёдварӣ гардидааст. Ин оинҳо дар моҳи тир (21 июн -21 июл) рух дода, ба идомаи Сада, Наврӯз, яъне ҳамон гоҳшумории ниёгонамон аст. Яъне ҷашни Тиргон ҷашни расиши гандуми заррини кишоварзон низ аст, ки ризқу рӯзии инсон дар тамоми сол ба он пайваста мебошад.

Ҳоло ҷашни Тиргон ҳар сол дар Дамованд, дар Омул ва ҳамчунин дар байни зардуштиёни Язд, Кирмон, Караҷ, Теҳрон, Ардакон, Бам, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар байни зардуштиёни Аврупо, Канада, Амрико, Ҳиндустон, Австралия таҷлил мешавад. Маъмулан дар ҷашни Тиргон дар баъзе ҷойҳо аввали моҳи тир (21 июн), дар баъзе ҷойҳо 10-уми тир, дар баъзе ҷойҳо 13 тир барпо мегардад. Гоҳе чунин мешавад, ки дӯстдорони ҷашни Тиргон онро дар наздиктари рӯз таътили моҳи тир (бештар нимаи аввали июл) барпо менамоянд.

Инак, ҷашни Тиргон – ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни Ораши сулҳофари Ватанро посбон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни нависандагон, ҷашни тобистон, ҷашни ҷавонмардии хуршеди тобон, ки эҳёгари он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба тамоми мардуми шарифи тоҷикон ва ориётаборони дунё муборак бошад!

 

Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ                                                       

ДУШАНБЕ, 03.07.2020 /АМИТ «Ховар»/

Илова кунед: