Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ПРЕСС - РЕЛИЗ / 01.06.2020с.

01.06.2020

ПРЕСС – РЕЛИЗ / 01.06.2020с.

  • АВВАЛ СУХАН

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш бо сокинони мамлакат ҳушдор намуданд, ки “Бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити паҳн шудани пандемияи коронавирус ва вазъи номуайяни иқтисодӣ дар ҷаҳон тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, гирифтани се-чор ҳосил ва ташкили захираи дусолаи озуқавории ҳар як оилаи кишвар ниҳоят муҳим мебошад”. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин асно ба ВАО –и ҷумҳурӣ ва сокинони мамлакат оид ба рафти фаъолияти кишоварзии мамлакат ба ҳолати 01.06.2020 чунин маълумот пешниҳод менамояд.

  • САБЗ МЕГАРДАД ЗИ ОБИ САРД ҶӮИ ПАХТАЗОР


Самаранок  истифода бурдани  заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агротехникаи  парвариши зироатҳои  кишоварзӣ ба он мусоид намуд, ки  ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ натиҷаи дилхоҳ ба даст биёранд. Рафти кишти пахта дар ҷумҳурӣ бо маром идома дошта ба ҳолати 31.05.2020 с. аз аввали мавсим 187520,5 га-ро ташкил медиҳад, ки 98,7 фоизи дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019   724, 5 га зиёд мебошад.

Рафти кишти пахта дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо назаррас арзёби гардида, ба ҳолати зикр гардида дар вилояти Суғд 59327 га аз нақшаи пешбини шуда иҷро гардидааст, ки 98,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон 124371 га иљро гардидааст, ки он 100,3 фоизи дурнамо аст. Дар НТҶ бошад, 3822,5 га иҷро шудааст, ки он 63,7 фоизи нақшаи пешбини шуда мебошад.

Ҷараёни кишт ва агротехникаи парвариши он бо истифода аз усулҳои муосир ва кишти пунбадонаи ба иқлими кишвар мутобиқ ба роҳ монда шудааст ва кишоварзон талош доранд, ки ҳосилнокии онро нисбат ба давраҳои гузашта афзун намоянд.

  • КАРТОШКА

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои майдони кишти картошкаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 40 фоиз зиёд кард, ки дар маҷмуъ 65312 га-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамкорӣ бо олимону пажўҳишгарони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ба хоҷагидорони мамлакат корҳои фаҳмонидадиҳиро идома дода, маслиҳатҳои муфид пешниҳод менамояд.

Рафти кишти картошка дар ҷумҳурӣ бо маром идома дошта, то санаи 31.05.2020 с. дар майдони 54207 га кишт гузаронида шудааст, ки 83 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Нақшаи маълумоти фавриро оид ба рафти кишти картошка дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар равзанаи алоҳида пешниҳод менамоем.

Ном

Дурнамои кишт, га

Иҷро, га

Фоиз

ВМКБ

2775

1643

59

Суғд

28722

22301

78

Хатлон

13345

12839

96

НТҶ

20470

17424

85

Ҳамагӣ

65312

54207

83

  • ҲОСИЛИ ҒАЛЛА

Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ рафти ҷамъоварии ҳосили ғалла дар ҷумҳурӣ ба майдони кишт 279428 га ба қайд гирифта шудааст, ки ба ҳолатӣ 01.06.2020 с. аз он 11626 га даравида шуд.

Аз он ҷумла, дар ВМКБ майдони кишт 3753 га, Суғд 98010 га, Хатлон 131505 га, НТҶ 46160 га ғалла мавҷуд аст, ки дар марҳилаи дарав қарор доранд.

Нишондодҳои дар боло зикр гардида ҳадди ниҳоӣ набуда  майдони кишти зироатҳои ғалладонагӣ бадъди ҷамъбасти 4 – кишоварз муайян карда мешаванд.  

 КИШТИ ТАКРОРӢ

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшида ба ҳолати 02.06.2020с. дар асоси маълумоти фаври оид ба рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ва шаҳру ноҳияҳо чунин иттилоъ медиҳад:

-          Рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 185948 гектар дурнамо дорад. Ба ҳолати зикр гардида аз дурнамо 21498 гектар иҷро гардидааст, ки он 11, 6 фоизро ташкил медиҳад.

-          Аз он ҷумла, ғалладонагиҳо ҳамаги 12013 гектар (ҷуворимакка барои дон 8401, шолӣ 866, дигар ғаллагиҳо 2746) мебошад.

  • АЗ НЕКОН БОҒ МОНАД

Дар кишвар боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатӣ ба шумор меравад, ки барои рушду такомул ёфтани он “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” қабул гардидааст.

Тибқи барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ 2913 гектар бунёди боғу токзорҳои нав ба нақша гирифта шудааст, ки  аз он 2462 гектар боғ, 451 гектар ток, 153 гектар бунёди боғҳои интенсивӣ ва 50 гектар ситрусиро ташкил медиҳад. Инчунин 2124 гектар ба барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна равона гардидааст.

Дар асосӣ маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 29.05.2020  иҷрои нақшаи пешбини шуда 2622 гектарро ташкил медиҳад, ки он 90,0 фоизи дурнамо мебошад.

Аз он ҷумла, 2201 гектар боғ, 421 гектар ток, 82,2 гектар боғҳои интенсивӣ, 23,8 гектар ситрусӣ, 2043 барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна иҷро гардидааст.

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар баробари таъмини аҳолӣ бо меваи тару тоза дар афзун намудани имкониятҳои содиротии мамлакат мусоидат карда метавонад. Бо пеш омадани мушкилоти иқтисодии ҷаҳон дар ҳошияи ба вуқуъ омадани бемории сироятии коронавирс Covid-19 кишоварзони мамлакат тасмим доранд, ки корҳои ба сомон расида ҳадди ниҳоӣ набуда аз ҳарвақта дида бештар фаъолият намоянд.  

  • САХОВАТИ ЗАМИН

Бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо зироатҳои кишоварзӣ ба ҳолати 29.05.2020 дурнамои кишти тирамоҳи ғалладонагиҳо 155168 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 109 фоиз иҷро гардидааст. Кишти баҳории ғалладонагиҳо ба ҳолати зикр гардида 112030 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 110551 гектар иҷро гардидааст.

Маҳсулоти сабзавотӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 37670 гектар кишт шуда, 94 фоизи иҷрои дурнамо мебошад. Аз он ҷумла дар майдонҳои кишт 1429 гектар карам, 4305 гектар сабзӣ, 17018 гектар пиёз, 7477 гектар помидор, 3195 гектар бодиринг ва 4246 гектар дигар сабзавотҳоро ташкил медиҳанд.

Кишти маҳсулоти полизӣ 17201 гектар (88%), зироатҳои равғандеҳ 22989 гектар (71%), Зироатҳои хӯроки чорво 26340 гектар (99%) иҷро гардидааст. Кор дар ин самт аз ҷониби кишоварзони мамлакат бо маром идома дошта ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.  

  • НАТИҶАГИРӢ

Бояд хотирасон намоем, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроияе мебошад, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи кишоварзӣ пеш мебарад. Аз вазъи кишоварзии мамлакат Шуморо огоҳ намудан ин рисолати мост.

Ҳамаи маълумотҳои пешниҳодгардида хусусияти фаврӣ дошта, доир ба тағийрёбии он дар наздиктарин фурсат огоҳ карда мешавад.

Ташаккур ба диққататон!

Шуъбаи матбуот ва иттилоот                                           Тамос: 235-39-92

Илова кунед: