Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ПРЕСС-РЕЛИЗ /12.05.2020

12.05.2020
  • ИСТЕҲСОЛИ САБЗАВОТ ДАР ГАРМХОНАҲО

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини  амнияти озуқаворӣ, зироатпарварӣ ва дастрасии мардум ба сабзавот дар чор фасли сол пайваста тадбирҳои мушаххас андешида, тибқи нақшаи чорӣ  майдонҳои умумии гармхонаҳои доимоамалкунандаро вусъат бахшида, марҳила ба марҳила афзун менамояд.

 

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ майдони 100,54 га гармхона, ки дар он кишти сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 57,19 га, бодиринг 21,85 га ва дигар намуди сабзавот 21,50 га ба роҳ монда шудааст.

 

Аз лиҳозе, ки кишоварзон майдонҳои гармхонаҳоро самаранок  истифода мебаранд,  ҳосилҳои фаровон ба даст овардаистодаанд.

То санаи 08.05.2020 аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 845,4 тонна помидор, 274,1 тонна бодиринг ва 298,5 тонна ҳосили дигар намуди сабзавотҳо ҷамъ 1418,0 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст, ки бозорҳои ҷумҳуриро бо сабзавоти тару тоза пайваста таъмин намудаистодааст.

 

 

  • БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОР

Ҳадафи чоруми стратегии мамлакат ин босуръат саноаткунонии кишвар мебошад, ки рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои он замина гузошта метавонад. Ба ин васила имконият фароҳам меояд, ки аҳолӣ бо мева, саноат ва ашёи хом таъмин гардида барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.  

 

Мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 2913 га бунёди боғу токзорҳои нав пешбинӣ гардида, то санаи 08.05.2020с. 2573 га боғу токзори нав дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд карда шуд, ки 88,3%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

 

Соли чорӣ кишоварзони вилояти Хатлон 1126 га бунёди боғу токзори навро ба нақша гирифта, то санаи 08.05.2020с.  1225 га ё 108,8%, вилояти Суғд 255 га ба нақша гирифта 632 га ё 2,4м% ва НТҶ бошад 1456 гектарро ба нақша гирифта 706 га ё 48,5% боғу токзори нав бунёд кардаанд, ки дар ҷумҳурӣ 88,3%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.

 

 

  • КИШТИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 98572 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагиро гузарониданд, ки 88%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4116 га зиёд мебошад. То санаи 08.05.2020с. дар ҷумҳурӣ майдони 21069 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки 53%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин, дар майдони 33841 га сабзавот кишт карда шудааст, ки 84%-и иҷроиши нақшаро дар бар мегирад.

 

Бо назардошти вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз маҷлиси  фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.04.2020с.  бармеояд,  дурнамои майдони кишти картошка 40%  ва майдони кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 60% зиёд пешбинӣ карда шуд.

 

  • РАФТИ КИШТИ ПАХТА ДАР ҶУМҲУРӢ

Пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол меафзояд тибқи дурнамо соли ҷорӣ

кишоварзони ҷумҳурӣ майдони кишти пахтаро  ба 190000 га расониданд. Барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби олимону мутахассисони соҳа гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ вусъат бахшида истодаанд. То санаи 08.05.2020 дар майдони 180073 га кишти пахта  гузарониданд, ки 94,8%-и иљрои дурнаморо ташкил дод.

Кишоварзони вилояти Хатлон рафти кишти пахтаро хуб ба роҳ монда айни замон дар майдони 122232 га кишти пунбадона гузарониданд, ки баробари 98,6%-и иҷроиши дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта -225 га кам мебошад. Дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд низ кишти пахта бомаром идома дошта, кишоварзон тибқи дурнамо дар майдони 60000 га кишти пахта гузарониданиянд. Айни замон майдони 54311 га  кишт карда шудааст, ки  баробари 90,5%-и иҷроиши дурнамо мебошад. НТҶ низ кишти пахтаро  мувофиқи нақша ба роҳ монда, то имрўз дар майдони 3530 га кишти пунбадона гузарониданд, ки 58,8%-и иҷроиши дурнаморо  ташкил медиҳад.

Барои дар муҳлати кўтоҳ ба анҷом расонидани кишт зиёда аз 1835 адад трактору тухмипошакҳо  мавриди истифодаи кишоварзон қарор дорад.

                             

 

 РУШДИ СОҲАИ ЧОРВОДОРӢ

 

Чун ҳамасола  шурўъ аз фасли баҳор дар сар то сари ҷумҳурӣ маъракаи наслгирӣ аз чорвои майда оғоз мегардад.  Тибқи маълумотҳои оморӣ то санаи 1.05.2020 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва  хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ)  ҷумҳурӣ 333089 сар насл аз чорвои майда гирифта шуд, ки 97%-и иҷрои дурнаморо дар бар мегирад, ки  нисбат ба соли гузашта 10362 сар зиёд мебошад.

Мутобиқи  фармоиши  вазорат  аз  02.04.2020, №54  шуруъ  аз  санаи 1-май маъракаи рондани чорво аз чарогоҳҳои зимистона ба чарогоҳҳои тобистона оғоз гардидааст. Барои муташаккилона рондани чорво аз тарафи Муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ”-и вазорат нуқтаҳои назоратӣ ташкил гардида, онҳо бо маводҳои безараргардонӣ ва антисептикӣ таъмин карда шудаанд. Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 08.05.2020 тавассути нуқтаҳои назоратӣ 327 сар чорвои калон, 352285 сар гўсфанду буз ва   сар ба чарогоҳҳои тобистона ронда шудааст.

 

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти 

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          

ТЕЛ: 235-38-63

@: www.moa.tj.

 

 

 

Илова кунед: