Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ПРЕСС - РЕЛИЗ / 18.06.2020с.

17.06.2020
  • АВВАЛСУХАН

Пешрафти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ омили муҳимтарин амнияти озуқавории мамлакат ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карда махсусан дар шароити паҳн шудани пандемияи коронавирус Covid -19 ва вазъи номуайяни иқтисодӣ дар ҷаҳон тақвият додани корҳо дар самти ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, истифодаи самараноки ҳар як порчаи замин, захираи маводи озуқаворӣ барои солҳои оянда ба аҳолии мардум таъкид сохтанд.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пешбарандаи сиёсати аграрии ҳукумати мамлакат дар ин самт тамоми чораҳои заруриро андешида сокинони кишвар ва  ВАО –и ҷумҳуриро аз рафти   фаъолияти кишоварзон  ба ҳолати 16.06.2020 с. чунин маълумот пешниҳод менамояд.

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ

СТРАТЕГИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

Эмомалӣ Раҳмон

 

  • САБЗ МЕГАРДАД ЗИ ОБИ САРД ҶӮИ ПАХТАЗОР

Бо андешидани тадбирњои самарабахш барои руёндани хосили фаровони пахта кишоварзон бо олимону пажӯҳишгарони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамкориро ба роҳ монда табодули афкору таҷриба менамоянд.

Ба ҳолати 12.06.2020 с. тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба кишт, сабзиш, давраҳои афзоиш ва гузаронидани чорабиниҳои агротехникии пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  майдони зиёда 188173 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1367,5 га зиёд мебошад.

Аз майдони умумии 186438 га ки пурра сабзидааст  6889 га дар ҳолати аз 1 то 2 барга, майдони 47913 га дар ҳолати аз 3 то 4 барга, майдони 61940 га дар ҳолати аз 5 то 6 барга, майдони 59736 га дар ҳолати шонабандӣ ва майдони 9960 га дар ҳолати гулкунӣ қарор дорад.

Кишоварзон бо риояи корҳои агротехникӣ дар майдони 272142 га  коркарди байни қатораҳо, 176060 га ягонакунӣ ва дар майдони 150133 га озуқадиҳӣ гузаронидаанд.   

  • КАРТОШКА

Бо назардошта талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ махсусан картошка ва дар шароити паҳн шудани пандемияи коронавирус ва вазъи номуайяни иқтисодӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ якқатор дастуру супоришҳои мушаххасро ба амал оварданд, ки аз он ҷумла дурнамои майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 40 фоиз зиёд карда шуд.

Тибқи ахбороти сарраёсат, раёсат ва бахшҳои кишоварзии ҷумҳурӣ  ба ҳолати 17.06.2020 с. дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 60526 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки 93 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла, дар вилояти Суғд 25469 га (89 фоиз), вилояти Хатлон 13159 га (99 фоиз),  ВМКБ 2081га (75 фоиз), Н.Т.Ҷ. 19816 га (97 фоиз) кишти картошка амалӣ гардидааст.

Дар мавзеҳои назди баландкӯҳҳои баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз қабилӣ Кӯҳистони Масчоҳ, Панҷакент, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Файзобод рафти кишти асосии картошка идома дорад.

  • РАФТИ КИШТИ ШОЛӢ

Вусъат бахшидани кишти босамари шолӣ ҳамчун зироати серғизою пурарзиш  аз ҳадафҳои асосии олимону мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Зеро биринҷ баъд аз гандум дар ҷаҳон муҳимтарин зироат ва яке аз манбаҳои асосии ғизо маҳсуб меёбад. Истеъмоли солонаи биринҷ дар Тоҷикистон барои ҳар сари аҳолӣ 11, 28 кило муқаррар шудааст.

Кишоварзони ҷумҳурӣ азм доранд, ки дар соли 2020 дар кишти асосӣ  10774 гектар ва дар кишти такрорӣ 13407 гектар шолӣ кишт намоянд. 

Тибқи маълумоти фаврӣ то санаи 17.06.2020с. рафти кишти шолӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 10231 гектар иҷро гардидасст, ки он 95 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла, дар вилояти Суғд 7544 га (96 фоиз), вилояти Хатлон 1562 га (85 фоиз), Н.Т.Ҷ. 1125 га (106 фоиз) кишти шолӣ гузаронида шудааст.

  • ҲОСИЛИ ҒАЛЛА

Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ рафти ҷамъоварии ҳосили ғалла   мувофиқи ахбороти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 12.06.2020с.  майдони кишт 280743 га ба қайд гирифта шудааст, ки  аз он 49189 га даравида шуд.

Ҳосили умумии ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо дар соли 2020 176711 тоннаро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли 2019  49535 тонна зиёд мебошад.

Аз он ҷумла, дар ВМКБ майдони кишт 3753 га, вилояти Суғд 98847 га, ба қайд гирифта шуд ва аз он 8006 га даравида шуд, вилояти  Хатлон 131590 га ба қайд гирнифта шуд ва аз он 39089 га даравида шуд, Н.Т.Ҷ. 46553 га ба қайд гирифта шуд ва аз он 2049 га ғалла ҷамъоварӣ карда шуд.

  • КИШТИ ТАКРОРӢ

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ дар хусуси истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи замин тақвият бахшида дар ин самт тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 17.06. 2020с. дар майдони  67691 гектар гузаронида шудааст, ки 36, 4 фоизи дурнамо мебошад.

Аз он ҷумла, майдони кишти ғалладонагиҳо 42466 гектар аст, ки аз он 26870 га ҷуворимакка барои дон, 6166 га шолӣ, 9430 га ғаллагиҳо мебошад.

Ҳамзамон дар кишти такрорӣ маҳсулотҳои сабзавотӣ 5343 гектар, полизӣ 3341 гектар, зироатҳои техникӣ 1389 гектар, хӯроки чорво 15152 гектар кишт гардидааст.

 

  • ҶОРВОДОРӢ

Бо мақсади муташаккилона гузаронидавни маъракаи алафдаравӣ ва афзун намудани захираи хӯроки чорво кишоварзон аз вақту фурсат самаранок истифода бурда истодаанд.

Ба ҳолати 10.06.2020с . дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) –и ҷумҳурӣ 240506 тонна хӯроки чорво захира карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17294 тонна зиёд буда, ба 1 сар чорвои шартӣ 2,6 сентнер воҳиди хӯрока рост меояд. Айни замон маъракаи захираи хӯроки чорво дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад.

  • СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, тақвият бахшида ҳамкорӣ бо субъектҳои кишварҳои харидори ин маҳсулот бо мақсади бамаротиб зиёд карди ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа пайваста таъкид намуда дастур доданд, ки вобаста ба ин масъала  Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ бо риояи қатъии талаботи фитосанитарию эпидимиологӣ ташкил карда шавад. Ситоди корӣ доир ба корҳои анҷом додашуда ва нақшаҳои ояда дар ду ҷаласа масъалаҳои мавҷудро барраси намуда ҷиҳади бартараф сохтани камбудиҳои соҳа тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (17.06.2020с. – 18.06.2019с.) афзоиш ёфта 22433 тонна зиёд мебошад.

Тибқи ахбороти гумрукӣ ба ҳолати 17.06.2020 с. аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти сабзавотӣ  68667 тонна, меваҷот 7276 тонна, тарбуз ва харбуз 62тонна, меваи хушк ва чормағзмева 9073 тонна,  дигар намуди маҳсулотҳо 41 тонна, дар маҷмӯъ 85119 тонна содирот шудааст.

Дар ин давра 1940 тонна олу ва 200 тонна гелос содирот шудааст.

Бо вуҷуди оламгир шудани бемории сироятии коронавирус Covid -19 ва мушкилоти сарҳадӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз рӯи ҳаҷм 35,8 фоиз ва аз рӯи арзиш 44,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

  • ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо олимону пажӯҳишгарони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур якқатор нақша чорабиниҳои илмӣ-амалиро аз қабили ташкили семинарҳо, мақолаҳои илмӣ, баромдҳои телевизиониро вобаста ба корҳои фаҳмонидадиҳии соҳаи кишоварзиро роҳандози намудааст.

Ҳадаф аз ташкили чорабиниҳои дар боло зикр гардида он аст, ки кишоварзон  оид ба кишти асосӣ ва кишти такрории маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба иқлим ва шароити вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва  маҳсулоти тавсияшаванда барои кишд давра ба давра бо ҷалби олимони соҳа матраҳ карда мешавад.

Тибқи нақша чорабиниҳои дар марҳилаи кишти такрории маҳсулоти кишоварзӣ мавзӯҳои Технологияҳои парвариши кишти шолӣ, ҷуворимакка, лубиёгиҳо, истифодаи растаниҳои шаҳддиҳанда, нуриҳои минералӣ ва органикӣ, роҳҳои гирифтани ҳосили фаровон ва мушкилотҳои эҳтимол ба амал меомада тариқи шабакаҳои телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Барномаҳои тавсияшаванда аз шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ:

 “Агро иқтисод” – Телевизиони Тоҷикистон

“Минбари андеша” – Телевизиони Синамо

“Суҳбати рӯз” – Телевизиони Ҷаҳоннамо

“Кишоварз”- Радиои Тоҷикистон

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2353923

Илова кунед: