Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

ПРЕСС – РЕЛИЗ / 20.05.2020c.

18.05.2020
  • АВВАЛСУХАН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин андеша доранд, ки “...Ҳалли масъалаи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва фаровонии дастурхони мо дар дасти марди деҳқон аст”. Ин таклифоти Сарвари мамлакатро Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла  растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсоли кишоварзӣ пайваста татбирҳо андешида, ба маълумоти сокинони мамлакат ва  ВАО –и кишвар доир ба тозатарин дастоварҳои  кишоварзӣ, маълумоти фаврӣ пешниҳод менамояд.

  • САБЗ МЕГАРДАД ЗИ ОБИ САРД ҶӮИ ПАХТАЗОР

Вазорат кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарнардошти дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати зиёд намудани масоҳати кишти пахта ва истеҳсоли он ҳамчун ашёи хом барои саноати сабук дурнамои кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ барои соли 2020 дар майдони 190 000 га пешбинӣ намудааст, ки ин нисбат ба дурнамои соли 2019  1590 га ва нисбати кишти ҳақиқӣ 4329 га зиёд мебошад.

Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои корам тибқи “Дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои ҳосили соли 2020” дар вилояти Хатлон дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар майдони 124000 га кишти пахта ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба дурнамои соли 2019  2000 га зиёд мебошад.

Феълан дар ҷумҳурӣ  ба ҳолати 20.05.2020с.  дар майдони 184589 га кишт иҷро гардидааст. Дар  вилояти Хатлон   124000 га кишти пахта пешбини шудааст, ки аз аввали мавсим кишоварзон дар майдони 123450 га кишт гузаронидаанд, ки он 99,6 фоизро ифода мекунад.

Кишоварзони вилояти Суғд аз 60000 га дурнамо 57390 га кишти пахтаро иҷро намуданд, ки  95,7 фоизи нақшаи пешбини шуда мебошад.  

Дар НТҶ бошад, ба ҳолати зикр гардида  аз 6000 га дурнамо 3749 га иҷро гардидааст, ки 62,5 фоизро ташкил медиҳад.

  • КАРТОШКА

Вазорати кишоварзӣ  чун ниҳоди пешбарандаи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини  хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати картошка дар ҳамкори бо пажӯҳишгарони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва бо якқатор ташкилотҳои байналмилалӣ аз он ҷумла Фонди Оғохон, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (ФАО ООН) ҳамкориҳоро ба роҳ монда, ба ҳудуди кишвар тухмиҳои аълосифатро ворид намудаанд.

Рафти кишти картошка дар ҷумҳурӣ бо маром идома дошта то санаи 20.05.2020с дар ҷумҳурӣ майдони 26816 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки 67,9 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Нақшаи маълумоти фавриро оид ба рафти кишти картошка дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар равзанаи алоҳида пешниҳоди Шумо мегардонем.

Ном

Дурнамо, га

Иҷро, га

Фоиз

ВМКБ

1900

782

41,2

Суғд

19061

10998

57,7

Хатлон

6350

6205

97,7

НТҶ

12170

8831

72,6

Ҳамагӣ

39481

26816

67,9

Маврид ба зикр аст, ки бо назардошти  оламгир шудани бемории коронавирус Covid -19  дар Тоҷикистон ва ҷаҳон, вазъи дурнамои маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат  идорашаванда буда, он аз ҷониби ҳукумати мамлакат ва масъулини соҳа пайваста назорат бурда мешавад.

  • АЗ НЕКОН БОҒ МОНАД

Дар кишвар боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатӣ ба шумор меравад, ки барои рушду такомул ёфтани он “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” қабул гардидааст. 

Мақсади асосии Барнома бунёди боғу токзорҳои нав ва иваз намудани боғу токзорҳои кўҳна, навъҳои камҳосилу пастсифат ба навъҳои серҳосилу хушсифати ба содирот нигаронидашуда, дар асоси бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо бо роҳи ташкил намудани ниҳолхонаҳо, дарёфт намудани тухмӣ барои парвариши ниҳолҳои хасак, тагпайвандҳои нашвӣ ва қаламчаи ниҳоли дарахтон, дар маҷмўъ зиёд кардани истеҳсоли умумии меваю ангур мебошад.

 Дар соли 2020 тибқи барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ 2913 гектар бунёди боғу токзорҳои нав ба нақша гирифта шудааст, ки  аз он 2462 гектар боғ, 451 гектар ток, 153 гектар бунёди боғҳои интенсивӣ ва 50 гектар ситрусиро ташкил медиҳад. Инчунин 2124 гектар ба барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна равона гардидааст.

Дар асосӣ маълумоти фаврии Раёсати номбурда ба ҳолати 15.05.2020 иҷрои нақшаи пешбини шуда 2579 гектарро ташкил медиҳад, ки 88,5 фоизи нақшаи дурнаморо ҷавобгӯ аст.

Барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна имконият фароҳам меорад, ки майдонҳои бекорхобида ба ҳолати аввал баргашта, ҳосилнокии мева идома ёбад. Ин нуктаро ба инобат гирифт кишварзони мамлакат то ба ҳолати зикр гардида 2034 гектарро барқарор намудаанд, ки фоли некро барои чамъоварии мева медиҳад.

Ин тадбирҳо ҳадди ниҳоии хоҷагидорон дар соҳаи боғу токпарварӣ набуда аз ҳар вақт дида бештар дар ин ҷодда чораҳои заруриро андешида истодаанд.

  • САХОВАТИ ЗАМИН

Бо мақсади сари вақт ва босифат анҷом додани кишти баҳории ғалладонагиҳо дар ҳудуди мамлакат масъулини соҳа бо якқатор кишоварзони хоҷагидор корҳои машваратӣ ва дурнамои кишти онро дар ҷумҳурӣ барраси намуда буданд, ки натиҷаи он ба ҳолати 15.05.2020с. 91 фоизи иҷрои нақшаи пешбини шударо ташкил медиҳад. Дар соли ҷорӣ дурнамои кишти баҳории ғалладонагиҳо 112030 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 102247 гектар то ба имрӯз иҷро гардидааст.

  • НАТИҶАГИРӢ

Муҳтарам иттилогиранда!

Нишондодҳои дар боло зикр гардида ҳади ниҳоии кори кишоварзони мамлакат набуда ба мисоли муште аз хирвор тозатарин ахборотро ба ҳолати 20.05.2020с пешниҳоди Шумо гардонида шуд.

Бояд хотирасон намоем, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроияе мебошад, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи кишоварзӣ пеш мебарад. Аз вазъи кишоварзии мамлакат Шуморо огоҳ намудан ин рисолати аввалиндараҷаи мост. Бо тозатарин ахбороти иловагӣ Шуморо дар наздиктарин фурсат огоҳ месозем.

Ташаккур ба диққататон!

Шуъбаи матбуот ва иттилоот / Тамос: 235-39-92

Илова кунед: