Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ҶУМҲУРӢ

01.06.2020

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои майдони кишти картошкаро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 40 фоиз зиёд кард, ки дар маҷмуъ 65312 га-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамкорӣ бо олимону пажўҳишгарони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ба хоҷагидорони мамлакат корҳои фаҳмонидадиҳиро идома дода, маслиҳатҳои муфид пешниҳод менамояд.

Рафти кишти картошка дар ҷумҳурӣ бо маром идома дошта, то санаи 31.05.2020 с. дар майдони 54207 га кишт гузаронида шудааст, ки 83 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Нақшаи маълумоти фавриро оид ба рафти кишти картошка дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар равзанаи алоҳида пешниҳод мегардонем.

 

Ном

Дурнамои кишт, га

Иҷро, га

Фоиз

ВМКБ

2775

1643

59

Суғд

28722

22301

78

Хатлон

13345

12839

96

НТҶ

20470

17424

85

Ҳамагӣ

65312

54207

83

 

 

Илова кунед: