Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Рушди соҳаи ситрусӣ дар ҷумҳурӣ

19.01.2021

Таърихи пайдоиши лимӯ

Лимӯ citrus limon l., Burm (Rutaceae) растании ҳамешасабз мебошад. Онро дар минтақаҳои иқлимаш гарм дар заминҳои кушод парвариш менамоянд. Дар Осиёи Марказӣ лимӯро дар гармхонаҳо ва хандақҳо парвариш менамоянд, чунки растании лимӯ ба хунукӣ мисли дигар растаниҳои субтропикӣ тобовар нест. Лимӯпарварӣ дар Тоҷикистон таърихи на он қадар калон дорад.

Паҳн гаштани зироатҳои ситрусӣ пеш аз ҳама лимӯ, дар ноҳияҳои Осиёи Марказӣ дар шароитҳои гармхона яке аз вазифаҳои актуалӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити гармхона лимӯ аз солҳои 50-уми асри гузашта парвариш карда мешавад.

Меваи лимӯ хусусиятҳои табобатӣ дошта, аз витаминҳо (А, В, С, Р) бой мебошад ва дармонбахши касалиҳои гуногун- (касалиҳои сирояткунанда, дарди гӯлу ва сил) ба ҳисоб меравад.

Хусусиятҳои биологии лимӯ

Растании лимӯ ба гармӣ тобовар буда, вобаста аз навъҳо аз 2,0 то 4,5 м қад мекашад. Шакли дарахти лимӯ зебо буда, ба атрофҳо шохаронӣ менамоянд ва дар навдаҳои солҳои пешин хорҳо мушоҳида мешаванд. Яке аз хусусиятҳои растании лимӯ аз он иборат мебошад, ки дар шароити мувофиқ дар давоми сол якчанд маротиба гул карда, ҳосил медиҳад. Аз ин сабаб лимӯро олимон ба гуруҳи растаниҳои мунтазам ҳосилдиҳанда (Ремонтантӣ) дохил намудаанд.

Муайян карда шудааст, ва дар шароити гармхонаҳо лимӯ 4 давраи сабзиш дорад. Давраҳои сабзиш пеш аз ҳама аз иқлим, ҳарорат, рӯшноӣ ва агротехника вобаста аст. Сабзиши навдаҳо дар муҳлатҳои гуногун оғоз мегардад. Дар шароити

номувофиқ навдаҳо хеле кам ё умуман намесабзанд. Дар ҳолати ҳарорати ҳаво ба 12-140 С баробар шудан, навдаҳо ба сабзиш сар мекунанд, бо баробар шудани ҳарорати ҳаво аз 13-180 С ба гулкунӣ оғоз мекунанд. Гули лимӯ аз 5 гулбарг, гардгирак (узви модина) ва гардҳои сершумори (узви нарина)  иборат мебошад.  

Сорт лимона Мейер (Лимон Мейера): фото, отзывы, описание, характеристики.

Хислатҳои шифобахшии лимӯ

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум хушк аст, баъзеҳо тар ҳам гуфтаанд. Он хуморро таскин ва варами гарми ҳалқро таҳлил медиҳад, тапидани дилро шифо бахшида, фишори баланди хун ва ҷӯшиши сафроро паст мегардонад. Агар ҳангоми холӣ будани меъда бихӯранд, рӯдаҳоро заиф мегардонад ва дар ин узвҳо дард пайдо мекунад. Агар худи лимуро батанҳоӣ бо мудовамат бихӯранд, хобро мегурезонад. Бинобар ҳамин бояд, ки инро бо шакар ё бо қанди сафед бихӯранд. Чун лимуро бо корд бурида, тарафи буридаи онро дар оташ гарм намуда, ба пешонӣ ва чаккаҳои сар батакрор бимоланд, дарди сареро, ки сабабаш гармӣ бошад, таскин медиҳад. Ва агар буридан онро бимоланд, доначаҳои дар пӯст ҷӯшида, шаро (аллергия) ва хушк шудани пӯсти баданро шифо мебахшад ва агар ба рухсора бимоланд, онро пок ва чиркҳояшро нест мекунад.

                                             

Ҳосилдиҳии лимӯ дар лимӯхона

Муайян карда шудааст ва давраи инкишофёбии ғунча то гулкунии лимӯ дар фасли баҳор 26-45 рӯзро дар бар мегирад. Вобаста аз шароити сабзиш ҳар 2- 3 сол пас баргҳои лимӯ иваз мешаванд, канори гирди баргҳо аррамонанд буда, рангаш сабзи баланд мебошад. Андозаи барг аз мӯҳлати нашъунамо вобаста аст. Ҳангоми осеб ёфтани баргҳои лимӯ, навдаҳо хушк мешаванд, дар натиҷа навдаҳои нави беҳосили майда пайдо мешаванд, ки миқдори зиёди онҳо ба ҳосилнокии минбаъда таъсири манфӣ мерасонад. Барои гирифтани ҳосили фаровони лимӯ технологияи парвариши он бояд риоя карда шавад.

Зиёдкунии ниҳолчаҳои лимӯ

Растании лимӯ бо ду роҳ зиёд карда мешаванд: бо роҳи ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ (нашвӣ) пайвандкунӣ. Ниҳолҳое, ки аз тухм парвариш карда мешаванд хеле дер (6-8 сол) ба ҳосил медароянд. Асосан ниҳолҳои аз тухм парваришкардашударо барои гузаронидани корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ истифода мебаранд. Ниҳолҳое, ки бо роҳи нашвӣ-қаламчакунӣ ва пайвандкунӣ тайёр карда мешаванд дар соли сеюм ба ҳосил медароянд.

Яке аз усулҳои беҳтарин барои зиёд кардани ниҳолҳои лимӯ қаламчакунӣ ба ҳисоб меравад.

Олимон исбот кардаанд, ки дар шароити минтақаҳои субтропикии Осиёи Марказӣ аз лимӯи навъи Мейер (лимӯи Чинӣ) қаламча гирифтан самараи дилхоҳ медиҳад. Солҳои охир дар хоҷагиҳои деҳқоние, ки лимӯ парвариш карда мешавад, асосан аз навъи Мейер қаламча гирифта ниҳол тайёр мекунанд.

Лимоны 1 кг - купить по выгодной цене с доставкой по Москве в  интернет-магазине Водовоз.RU

Қаламчакунии лимӯ

Барои қаламчакунии лимӯ пешаки дарахтони солиму серҳосилро интихоб кардан лозим аст. Аз ин дарахтон навдаҳое, ки дарозиаш 10 – 12 см ва ғафсиаш 6-8 мм мебошанд, қаламча гирифта баргҳои поёниашро бо қайчи бурида мепартоянд, ду ё се барги болоиро барои давом ёфтани ҷараёни фотосинтез нигоҳ медоранд.

Қаламчаҳои тайёркардашударо бо маҳлули гетероауксин (1 г ба 10 л об) моддаҳои сабзонанда, барои ташаккулёбии решаҳо тар мекунанд ва онҳоро дар ҳарорати 22- 240 С, 12 – 16 соат нигоҳ медоранд пас дар ҷойи пешаки тайёркардашуда, мешинонанд.

Барои шинонидани қаламчаҳо заминро чунин тайёр мекунанд. Хокро дар чуқурии 20 – 25 см мулоим карда 30-40 кг поруи пӯсидаро дар 10 м2 омехта мекунанд.

Сипас дар чуқурии 4-5 см реги тоза мерезанд ва об мепошанд. Пас аз тайёр кардани ҷуякҳо қаламчаҳоро дар чуқурии 3, 0 – 3,5 см мешинонанд. Барои нигоҳ доштани намнокӣ ва ҳарорат ниҳолхонаро бо плёнкаи полиэтиленӣ мепӯшонанд ва ба қаламчаҳо вобаста ба шароит пайдо шудан рӯзе 1-2 маротиба бо обпошакҳо об мепошанд. Дар рӯзҳои гармӣ плёнкаро каме боло кардан лозим аст, то ин ки ҳаво тез-тез иваз шуда, истад. Пас аз решадавонӣ обмониро аз рӯи талаботи растанӣ ба роҳ мемонанд. Ҳамин тариқ бо баландшавии ҳарорати ҳаво ба 24- 260 С, дар давоми 20-22 рӯз, қаламчаҳо ба пуррагӣ реша мебароранд.

Пас ба 20 – 22 см баробар шудани навдачаҳои нав ниҳолчаҳои тайёршударо ба ниҳолхонаи калон гузаронида, мувофиқи нақшаи муайян мешинонанд.

         Бояд тазакур дод, ки пеш аз шинонидани ниҳолчаҳо замини ниҳолхона дар чуқурии 30 – 35 см ҷуфт карда шавад. Ҳамзамон мувофиқи қоида ба ҳисоби 50-80 тонна/га поруи пӯсида, 200 кг/га суперфосфат ба замин ворид кардан лозим аст. Ҷуякҳоро на он қадар чуқур дар масофаи 80 см тайёр менамоянд. Ниҳолҳои (қаламчаҳои) решадорро аз ҳамдигар дар масофаи 40 – 45 см мешинонанд. Дар рӯзҳои аввал ниҳолҳоро 2 маротиба об медиҳанд. Баъд намнокии хокро муътадил нигоҳ медоранд. Дар давраи нашъунамо ба ниҳолҳо ду маротиба ғизои нитрогенӣ ба ҳисоби 60 кг/га моддаи таъсирбахш медиҳанд.

 биология | Лимон содержит модулятор иммунитета нарингенин - Hi-News.ru

Шаклдиҳии лимӯ

Шаклдиҳии ниҳоли лимӯ яке аз чорабиниҳои муҳимтарин буда, аз ниҳолхона сар мешавад. Муайян карда шудааст, ки дуруст ба роҳ мондани он ба ҳосилнокӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Сохти ниҳоли лимӯ аз навдаҳои гуногун иборат мебошад, ки онҳо шохаҳои тартиби якум, дуюм ва сеюмро ташкил менамоянд. Навдаҳои тартиби чорум, панҷум навдаҳои ҳосилдиҳанда ба шумор мераванд. Бо мақсади сабзидани навдаҳои паҳлӯгии тартиби якум 3-4 тояшро гузошта боқимондаашро бурида мепартоянд. Кунҷи сабзиши ин навдаҳо нисбати танаи ниҳол бояд 45 - 500 - ро ташкил диҳад. Соли якуми дар гармхона шинонидани ниҳолҳои лиму шохчаҳои тартиби якӯмро бо андозаи 25-30 см мебуранд, то ин, ки шохчаҳои тартиби дуюм ташаккул ёбад. Дар соли дуюм шохчаҳои тартиби якуму дуюм 2-3-тогӣ навдачаҳои тартиби сеюм ва чорумро мегузоранд ва баробари ба андозаи 30-35 см қад кашидани онҳо, нӯги навдачаҳоро кӯтоҳ мекунанд. Ҳамаи навдаҳои беҳосили хордорро кӯтоҳ мекунанд ё бурида мепартоянд.

         Пас аз ба анҷом расидани шаклдиҳӣ шохаҳои тартиби чорум ба ҳосил медароянд. Ҳосилбандӣ аз хусусиятҳои биологии навъи лимӯ вобаста аст. Аксар вақт дар ҳолати шаклдиҳӣ баъзе навдаҳо гул мекунанд ва ба ҳосил медароянд. Дар ин ҳолат сабзиши навдаҳо суст мегардад, ки ба раванди шаклдиҳӣ ва ҳосили он таъсири манфӣ мерасонад. Барои тез нашъунамо ёфтани навдаҳо (шохчаҳо) ба гул кардани растанӣ роҳ додан мумкин нест. Шаклдиҳии лимӯ то давраи ҳосилбандӣ давом мекунад. Пас аз ҷамъоварии ҳосил шохчаҳои дарозу пароканда, шикаста ва хушкшударо буридан лозим аст.

Лимон описание растения,фото,лечебные свойства и противопоказания - Травник

Касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасони лимӯ

Касалиҳо ва ҳашаротҳои зарарасон барои муътадил нашъунамо ёфтани растаниҳои лимӯ таъсири манфӣ расонида, ҳосилнокии онро кам менамояд. Дар гармхона ва хандакҳо ҳашароти гуногунеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ғизои асосии онҳо ба навда, барг, ғунчаи гул ва меваи лимӯ зарари ҷиддӣ мерасонанд. Зараррасонҳои асосии лимӯ тортанаккана, ширинча, гамбӯсак ва сафедболаки ситрусиҳо мебошанд.

Тортанакканаҳо ҳашароти паҳншудаи растаниҳои ситрусӣ ба ҳисоб рафта, ба баргу навдаҳо, шохчаҳо ва меваҳо зарарри ҷиддӣ мерасонанд.

Дар ҳолати нагузаронидани чорабиниҳои муҳофизатӣ дар рӯи баргу навдаҳо замбуруғчаҳо пайдо мешаванд. Онҳо рӯшноигузаронии баргҳоро коста карда, ба раванди фотосинтез халал мерасонад.

Бар зидди тортанаккана заҳрҳои химиявиро ҳатман пас аз муайян кардани он пошидан зарур аст. Ба растании лимӯ ширинчаҳо низ зарари калон расонида метавонанд. Онҳо шираи растаниро макида, баргу навдаҳои ҷавонро хушк мекунанд. Бар зидди онҳо то давраи ғунчабандӣ, гулкунӣ ва пухтани мева мубориза бурдан зарур аст. Дар ин ҳолат истифодабарии оби тамоку ва собуни чомашӯйӣ тавсия карда мешавад. Онро бо тарзи зерин тайёр мекунанд: ба 1 л об 50 г хокаи тамоку (махорка) - ро андохта як соат ҷӯшонида, хунук карда, бо докаи дуқабата онро меполанд ва 6-7 г собуни ҷомашӯйӣ илова мекунанд. Кӯшиш кардан даркор, ки ҳаҷми об аз 1 л кам нашавад. Ҳангоми пошидани маҳлули тайёршуда, ба пуррагӣ тар шудани баргҳо аҳамият додан зарур аст.

Ҳангоми шинонидани ниҳол гарданаки реша бояд берун аз хок монад. Ғайр аз ин ба лимӯ касалиҳои хлороз меватосак, пажмурдашавии вертисилёзӣ таъсири манфӣ мерасонанд. 

    

Обдиҳии лимӯ

Иқлими минтақаҳои субтропикии Осиёи Марказӣ хушк мебошад. Дар аксар ноҳияҳои водигӣ зиёда аз 6 моҳ (май октябр) боришот намешавад. Аз ҳарорати баланди фасли тобистон хок хушк шуда, намнокии ҳаво ҳам паст мешавад. Ниҳоли лимӯ бошад ба намнокии хоку ҳаво эҳтиёҷи калон дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар гармхонаҳое, ки болои он бо плёнкаҳои полиэтилении шаффоф пӯшонида шудааст, намнокии хоку ҳаво зиёдтар аст ва заминро бо роҳи обмонӣ намнок кардан мумкин аст.

Дар бисёр мавридҳо растании лимӯ бо сабаби нодуруст интихоб кардани замин ва аз меъёр зиёд нигоҳ доштани намнокии хок ба касалии сироятии гомоз дучор мегардад, ки растаниро ба хушкшавӣ оварда мерасонад.

Тадқиқотҳои илмӣ нишон медиҳад, ки барои ниҳоли лиму 75 – 80% намиғунҷоиши хок самарабахш аст. Агар хок намнокии худро гум кунад, он гоҳ ранги он сафедчатоб мешавад ва дар вақти гармии рӯз навдаҳои болои ниҳоли лимӯ пажмурда мешаванд, дар чунин ҳолат ҳатман ниҳолҳоро бо об таъмин кардан зарур аст. Агар муҳити сабзиши ниҳоли лимӯ, намнокии хоку ҳаво ба ҳисоб гирифта шавад, сабзиши дарахтон беҳтар мегардад.

Мувофиқи маълумотҳои омории соли 2020 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ дар майдони 19,3 га ситрусӣ бунёд карда шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 16,3 га зиёд мебошад.

Навъҳои ноҳиябандишуда

Навъи лимуи Вилла Франка

Дарахти қадаш зебои сершохи овезон. Мевааш миёна ва калон, каме дарози тухмшакл, нӯгаш кӯтоҳ, васеъ. Асоси мевааш лӯнда. Ранги меваи напухтааш сабз аст. Пӯсти меваи пухтааш ранги зарди равшан, сероб, муаттар ва таъмаш хуш аст. Калонии тухмаш миёна буда, аз мевааш ба осонӣ ҷудо мешавад.

Таркиби кимиёвӣ: туршӣ 6,2 %, витамини С 10,2 мг/ %, ҳосилнокиаш баланд, ҳар сол бор меоварад. Нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақлаш хуб. Ҳангоми кам будани таъминоти об инкишофи дарахтон яку якбора суст мешавад, мевабандиаш кам ё тамоман қатъ мегардад. Ҳарорати баланд метавонад ҳосилро резонад. Дар соли 6-7 пас аз шинонидан ба ҳосил медарояд.

Навъи Лунария

Ватани ин навъ баҳри Миёназамин маҳсуб меёбад. Соли 1929 аз Италия ба Кавказ интродуксия карда шудааст. Сабзиши ин навъ суст, навдаҳояш парешон хорҳояш қарибки нест. Шакли баргаш миёна, гулаш алоҳида ва вазни миёнаи мевааш (110 г) буда, шаклаш кулӯла аст. Пусташ нозуки ҳамвор, рангаш зарди кушод аст ва  шарбати сероб дорад. Таркиби химиявӣ: қанд 1,1 %, туршӣ 4,4 %, витамини С-50 мг %.

Аз ҷиҳати таркиби химиявиашон ба лимӯи навъи Мейер монандӣ дорад, вале аз ҷиҳати ҳосилнокӣ бошад пас аз навъи Мейер дар ҷойи дуюм меистад.

Навъи Мейер

Навъ селексияи давлати Чин мебошад. Дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон аз соли 1981 минтақабоб карда шудааст. Навъ ба усули дурагаи табиӣ байни лимӯ ва афлесун офарида шудааст. Дарахташ начандон калон буда, шохаҳояш доирашакл аст. Дар муддати 1 сол  3 – 4 давраи қадкашии навдаҳо мушоҳида карда мешавад. Баргаш каме дарози тухмшакл буда, нӯгҳояш тез, ҳамвор, дурахшон ва сиёҳтоби зард мешавад. Калонии мевааш миёна, баъзан калон, доирашаклу тухмшакл ва дарозиаш начандон калон аст. Пӯстпардааш ҳамвор ва дурахшон аст. Ранги меваи пухтаи лиму зард, баътар норанҷии зард буда, пусташ аз мевааш ба осонӣ ҷудо мешавад. Лаҳмаш зардчатобу норанҷӣ, нозук, сероб ва нисбат ба лимуҳои муқаррарӣ  каме туршу муаттар аст.

          Таркиби кимиёвӣ: туршӣ 4,2 %, витамини С 102 мг/%. Ҳосилнокиаш баланд. Нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақлаш миёна. Лимуи Мейер бо устувории баландаш нисбат ба омилҳои номуносиби табиӣ тобовар буда, ба шароити замин талаботи махсус надорад.

Ба намнокии замин серталаб аст. Махсусан, дар давраи гулкунӣ ва инкишофи мева.

Ба касалиҳои гоммоз ва хлороз тобовар аст. Асосан аз қаламчаҳои яксола зиёд карда мешавад. Баъди 2 – 3 сол пас аз шинонидан ба ҳосил медароянд.

Навъи лимӯи Диоскурия

Навъи селексияи Пажуҳишгоҳи хоҷагии субтропикии Гурҷистон. Соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамчун зироати дар хандақ парваришёбанда минтақабоб карда шудааст. Дарахташ миёнақад, 2 - 3 сол пас аз шинонидан ба ҳосил медарояд. Калонии мевааш миёна ва тухмшакл аст. Рангаш зард. Вазни мева то 100 грамм. Ғафсии пӯсташ 4,6 мм, миқдори тухмаш ба ҳисоби миёна 7 дона. Таркиби кимиёвӣ: қанднокӣ 3,2 %, витамини С 31,3/ мг % ва туршии умумӣ 3,84 % мебошад.

Навъҳои ояндадор

Навъи  Коммуне

         Ватани ин навъ баҳри Миёназамин буда, соли 1928 аз Италия ба Кавказ оварда шудааст. Дарахташ миёнақад буда, навдаҳояш бе хор буда, аҳромшакл аст. Шакли баргаш дарозрӯяи васеъ ва рангаш кабуди равшан мебошад. Гулаш сафед андозааш миёна аст. Вазни мевааш миёна (120 – 130 г) шаклаш лӯндашакл ё дарозрӯя, пӯсташ ғафси ҷилонок, рангаш зард мебошад. Таркиби химиявии шарбати ин навъ чунин аст: қанд 3,4%, туршӣ то 5%, витамини С 64,3 мг % ҳосилнокиаш баланд, меваҳояш хуб нигоҳ дошта мешаванд, ба сардӣ начандон тобовар аст.

 

 Lemon 'Lisbon' (Citrus limon) | My Garden Life

Навъи Лисабон

Ин навъ дар Амрико бароварда шудааст. Аз штати Калифорния ба дигар ҷойҳо паҳн гардидааст. Дарахташ тезсабзу сершохи хордор мебошад. Шакли баргаш дарозрӯя, гулаш сафеди хушбӯй, Вазни миёнаи мевааш (110 г.) шакли мевааш дарозруя, пӯсташ сахти ҳамвор, шарбати хушбӯй дорад

Таркиби химиявии шарбати ин навъ: қанд-2,4 %, туршӣ – 7,0 м %, витамини С 78 мг %. Устуворияташ ба гармӣ баланд аст. Дар истеҳсолот барои парвариш тавсия карда мешавад.

Навъи Кузнер

Ин навъро селексионер И.Г. Кузнер соли 1926 дар Сухумӣ баровардааст. Дарахташ тезсабзу сербарги хордор мебошад. Пас аз 4-5 соли шинонидан ба ҳосил медарояд, ранги баргаш кушоди сабз. Вазни мевааш аз 5,8 то 7,8 см (100 г) лӯндашакл, пӯсташ ҳамвори борик, рангаш зард, шарбати хушбӯйи турш дорад, таркиби химиявӣ: қанд 2,7 %, туршӣ то 7,0 %, витамини С - 60,0 ва Р-52,0 мг/% аст.  

Ҳосилнокиаш баланд, ба сардӣ начандон устуворияташ баланд аст. Мевааш хуб нигоҳ дошта мешавад.

Навъи Ударник

Ин навъро селексионер Н. М. Мурри соли 1939 дар Сухумӣ бароварда аст. Дарахташ тезсабзи сербарг мебошад. Дар баъзе навдаҳояш хор пайдо мешавад. Баргаш сабзи торик, нӯгаш тез, гулаш калон, риштаи узви мардонааш дароз мебошад. Мевааш калон аз 6,1 то 8,7 см, вазни миёнаи мева то 150 г, шаклаш лундаи тухммонанд аст. Ғафсии пусташ миёна, рангаш зарчатоб мебошад. Шарбати хокистарранги зардчатоб дорад, хуштамъ аст. Таркиби химиявӣ: қанд то 3,0 %, туршӣ аз 6,0 %, аз витаминҳои С  (61,0%) ва Р  (31мг %) бой аст  аст. Ҳосилнокиаш баланд, нисбатан ба хунукӣ тобовар, меваҳояш хуб нигоҳ дошта мешаванд.

Навъи Эврика

Ин навъ дар Амрико бароварда шудааст. Дарахташ сабзи камхор аст. Баргаш сабзи торик, гулаш сафеди калон аст. Вазни миёнаи мевааш то 120 г, шакли дарозрӯяи доирашакл дорад. Пусташ ҳамвори торик, таркиби химиявӣ; қанд- 2,6 % витамини С- 63,0 ва Р- 26,0 мг % аст. Ҳосилнокиаш миёна, меваҳояш хуб нигоҳ дошта мешаванд. Дар шароити гармхона парвариш карданаш хело мувофиқ аст.

Навъи Верния

Навъи тезсабзи сербаргу камхор аст. Нӯги баргаш тез, гули майдаи бисёр вақт алоҳида дорад. Вазни мевааш миёна, дарозрӯяи гирд, доғнок мебошад. Пӯсташ сахт, рангаш зардчатоб, шарбати форами хушбӯй дорад. Таркиби химиявии меваҳо: туршӣ – 6,7 % витамини С зиёда аз 53,0 мг %, навъи дерпаз мебошад, ҳосилнокиаш миёна. Ба истеҳсолот барои  парвариш кардан тавсия дода шудааст.

Навъи Дженоа

Соли 1973 аз Амрико оварда шудааст. Дарахташ сербарг, шаклаш хело зебо аст. Баргаш сабзи торик ё ҷилонок. Гулаш майдаи сафед, вазни миёнаи мевааш 105 г буда, шакли дарозрӯяи доирашакл дорад. Пӯсташ ҷилонок, шираи шарбаташ дорои ранги кабуди зардчатоби хушбӯй аст. Таркиби химиявӣ: то 2,3 % қанд, 5 % туршӣ ва витамини С- 53,0, Р- 30 мг %. Навъи серҳосил ва ба хунукӣ тобовар ба ҳисоб меравад.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: