Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

САБЗӢ МАНБАИ ВИТАМИНҲО

12.05.2020

Сабзӣ дар таркиби худ нисбат ба ҳамагуна сабзавоти дигар ба маротиба зиёд витамин дорад. Он муъҷизаест, ки дилро қувват мебахшад, таркиби хунро ба эътидол меорад,  кори ҷигару гурдаро  беҳтар месозад.

Тадқиқотҳо шаҳодат медиҳанд, ки сабзӣ аз калий, калсий, оҳан, фосфор, йод, мисс, кобалт, витаминҳои В1, В2, В9, С, Д, К, РР – и барои ҳаёт хело муҳим бой аст.

Бинобар ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳивзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити оламгир шудани бемории коронавируси Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадифи он бемории бронхопневмания рафта истодааст. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки зукоми коронавирус ба оризаҳои бемории зукоми Грипп ва бронхопневмания хело шабоҳати наздик дошта, дар қисмати узвҳои нафаскашӣ сироят меёбад.

Тавсияҳо оиди пешгирии ин беморӣ риояи қатъии  гигиенаи шахсӣ, бе зарурат ба ҷойҳои серодам нарафтан ва истеъмолӣ меваю сабзавотҳои дорои витаминҳо мебошад.

Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас кардани меваю сабзавот, алахусус сабзӣ монеагиро ба бор оварда наметавонад. Зеро бинобар  иттиллои Раёсати растанипарварии  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон   рафти кишти зироатҳои хочагидор бо маром идома дошта, ба  ҳолати 13.05.2020с тибқи нақшаи дурнамо кишти сабзӣ 4705 гектарро ташкил медиҳад, ки  аз он 3812 гектар иҷро гардидааст.

Аз ин лиҳоз ба шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон истеъмоли сабзӣ тавсия дода мешавад!

Доир ба дигар хусусиятҳои шифоии меваю сабзавот метавонед ба китоби “Забони хӯрокиҳо” –и доктор Ғиёсиддин Ҷазоирӣ  назар афканед.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: