Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари кории муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд

06.12.2020

Санаи 4 декабри соли 2020 муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор дар раванди сафари корӣ ба вилояти Суғд, ҳамзамон барои шинос шудан аз фаъолияти мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятии (МХҶ) ноҳияи Шаҳристон боздид намуданд.

Бояд қайд намуд, ки МХҶ-ҳо дар доираи Лоиҳаи "Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа"-и Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" ташкил шудаанд.

Дар соли ҷорӣ дар ноҳияи мазкур бо дастгирии Лоиҳа 8 адад МХҶ ташкил шуда ба фаъолият шуруъ намуданд, ки баҳри рушди кишоварзии аҳолии деҳот ва деҳқонон мусоидат менамоянд.

Дар ҷараёни сафари корӣ муовини якуми вазир Каримзода С.Ғ. аз МХҶ "Ваҳдат"-и ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва МХҶ "Ободи"-и ҷамоати Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон боздид намуда, бо раис ва аъзоёни Шӯрои МХҶ-ҳо оид ба фаъолияти онҳо, корҳои иҷрошуда ва дар раванд қарор дошта, инчунин оид ба корҳои ба нақша гирифташуда суҳбати озод гузарониданд. То ин замон, пас аз ташкил намудани МХҶ, ҷаласаҳо оид ба сафарбар намудани аҳолии деҳа, таҳия намудани нақшаи 5 солаи рушди деҳа ва якчанд зерлоиҳа ҷиҳати маблағгузории минбаъда таҳия карда шудааст.

Зимни суҳбат муовини якуми вазир ба аъзоён Шӯрои МХҶ-ҳо маслиҳатҳои муфид ҷиҳати гузаронидани кишти тирамоҳӣ, захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, доштани захираи кофии тухмии зироатҳо, аз ҷумла тухмии картошка иброз доштанд.

 2

 15 декабри соли 2020 дар бозори ҶДММ «Беҳбудхӯҷа»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Намоиши чорвои зотӣ ташкил ва баргузор карда шуд.Дар намоиши мазкур муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафорро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамраҳӣ намуданд. 
Таъкид карда шуд, ки ҳадаф аз баргузории намоиши чорвои зотӣ ин пеш аз ҳама зиёд намудани саршумори чорвои хушзот, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва дар ин замина мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ мебошад.
Бо мақсади амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” қабул гардид, ки он ба рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшту шир ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.
Дар вилоят ҷиҳати таъмини иҷрои барномаи “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” бунёд ва барқароркунии фермаҳои чорвопарварӣ,корхонаҳои парандапарварӣ, ташкили ҳавзҳои моҳипаварӣ, инчунин рушди соҳаҳои занбӯрисалпарварию қутоспарварӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ, дар вилоят давоми даҳ моҳи соли равон зиёдшавии саршумори чорвоую паранда ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи човопарварӣ бар зиёд таъмин карда шуд.
Ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят саршумори чорвои калон ба 667,1 ҳазор сар, чорвои майда 1,6 миллион сар, паранда 5 миллион сар ва асп 8472 сар расонида шуд, ки дар муқоиса нисбати нишондоди ҳамин давраи соли 2019-ум мутаносибан чорвои калон 5,8 ҳазор сар, моли майда 16 ҳазор сар, паранда 1,2 миллион сар ва асп 77 сар зиёд гардидааст.
Дар ин давра аз ҳисоби соҳаи чорводорӣ 38,7 ҳазор тонна гӯшт, 209,6 ҳазор тонна шир, зиёда аз 487,7 миллион дона тухм, 1546,4 тонна пашм, 1388 тонна асал ва 524 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан гӯшт 5388 тонна, шир 3495 тонна, тухм 146,7 миллион дона, пашм 33 тонна, асал 19 тонна ва гӯшти моҳӣ 327 тонна зиёд мебошад.

06 - уми декабри соли 2020 муовини якуми Вазири кишоварзии Чумхурии Точикистон  Каримзода С.Ғ. дар Семинар машварат «Оид ба гузаронидани шудгори тирамоҳи, яхобмонӣ ва шўршўи, асоси баланд бардоштани хосилхезии замин» дар шахри Конибодоми вилояти Суғд иштирок намуд.Дар кори семинар олимон, пажӯҳишгарон ва кишоварзонӣ маҳаллӣ ширват варзида оиб ба давраи зимистонгузаронӣ ва ҷоннок кардани корҳои агротехникии кишоварзӣ машварат намуданд.

Ҳамзамон зимни сафари корӣ дар вилояти Суғд муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Ғ. дар шаҳри Бӯстон дар  маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзид.Аксарияти иштирокдоронро ҷавонону бонувон ва сокинони рӯзгордидаи шаҳр нахуст дар кӯчаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ниҳолҳои ороишии сиренаи ҳиндӣ ва каштан шинонида, саҳми худро дар хуррамгардониву кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо саҳм гузоштанд

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Илова кунед: