Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 03.10.2020 дар бозори "Меҳргон" Фестивал-намоиш, фурӯши асал, Озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот доир мегардад

30.09.2020

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.08.2020, № АП – 1332 “Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” санаи 3-уми октябри соли 2020 дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе “Фестивал-намоиш, фурӯши асал, Озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот” –ро баргузор менамояд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур ва аз таҷрибаи деҳқон баҳра бурдан аст.  

    Истеҳсоли меваю ангур то имрӯз (30.09.2020) тибқи маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 179066 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1963 тонна зиёд мебошад.

    Ҷамъоварии ангур бо маром идома дошта, кишоварзони мамлакат 45912 тонна ангурро саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он  9923 тонна ба вилояти Суғд, 21411тонна ба вилояти Хатлон ва 14578 тонна   ба НТҶ  рост меояд.

Дар ин чорабинӣ, инчунин намоиш-фурўши навъҳои гуногуни асали занбӯрпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ манзури харидорон гардонида  мешаванд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 30.09.2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 232146 оилаи занбури асал (103,3%) мавҷуд буда, дар ин давра 1886,3 тонна (100,1%) асал истеҳсол карда шудааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи оилаҳои занбӯри асал 7521 адад ва истеҳсоли 1, 8 тонна зиёд мебошад.

    Хусусиятҳои табобатии  асал ғизои хуштаъм буда, аз қадимулайём чун даво истифода мешавад. Дар аввал асалро барои муолиҷаи зиёда аз 100 номгӯи бемориҳои гуногун истифода мебурданд, ҳоло олимону донишмандони соҳаи тиб асалро қариб барои табобати ҳамаи бемориҳо тавсия медиҳанд.

    Меъёри шабонарўзии истеъмоли асал барои калонсолон 70-75 грамм, барои бачаҳо 30-35 грамм тавсия дода  мешавад. Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, он танҳо ба инсон қувват мебахшад. Онҳое, ки нисбат ба асал ҳассосият (аллергия) доранд, бояд онро аз меъёр кам ва бо омехтаи меваю равғанҳо истеъмол намоянд. Қувватнокии асал бениҳоят баланд буда, 3150  килокалория аст. 

Дар ҷамъбасти “Фестивал-намоиш, фурӯши асал, Озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот” аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ба кишоварзони фаъол аз рӯи наминатсияҳо  тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

тамос: 235 38 63

 

Илова кунед: