Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинар - машварати илмию амалӣ дар бахши боғу токпарварӣ

09.12.2021

Санаи 9 декабри соли равон дар Хоҷагии давлатии фаръии Искичи шаҳри Ҳисор семинар машварати илмию амалӣ  дар мавзӯи “Буруши ниҳол, фӯруши ниҳолҳои мевадиҳанда, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба яхобмонии заминҳо, барқарор намудани боғҳои куҳна ва агротехникаи парвариши баъзе дарахтону буттаҳои ороишӣ” баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиши илмӣ татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши боғу токпарварӣ, таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи боғпарварӣ, дарёфти усулҳои нави парвариш, бурриши ниҳол, тартиби шаклдиҳии ниҳолҳо, пайвандкунӣ, фурўши ниҳол ба шумор меравад. Баргузории семинари мазкур ба фаъолияти минбаъдаи кишоварзон метавонад ба захиракунии намӣ, нест кардани ҳашароту зараррасонҳо, баланд бардоштани ҳосилхезии замин, ба даст овардани маҳсулоти босифат ва меваҳои лазизу шаҳдбор замина гузорад.

Дар кори семинар Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон, Раиси шаҳри Ҳисор Ҷумазода Шарифҷон  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон олимон ва мутахассисони Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, КВД “Тоҷикниҳолпарвар”  дар маърӯзаҳои худ оид ба ҳолати кунунии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, афзалияту самаранокӣ ва агротехникаи бурриш ва башаклдарории дарахтони мевадиҳанда ва ангур, парвариши баъзе дарахтону буттаҳои ороишӣ, яхобмонии заминҳо ва аҳамияти он, омода намудани кишти тухмиҳои дарахтони нодир ва парваришу нигоҳубини тухмии дарахтони ороишӣ, мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасони боғҳо дар давраи тирамоҳу зимистон ва барқарор намудани боғҳои кўҳна бо усули зина ба зина, инчунин барои бунёди боғҳои нав тавсияҳои илман асосноки худро  пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла, қисми амалии семинари мазкур дар хоҷагии давлатии фаръии Искичи шаҳри Ҳисор “Буруши ниҳол, фӯруши ниҳолҳои мевадиҳанда, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба яхобмонии заминҳо, барқарор намудани боғҳои куҳна ва агротехникаи парвариши баъзе дарахтону буттаҳои ороишӣ” гузаронида шуд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҶТ

Илова кунед: