Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯъи “Муаррифӣ ва мафҳуми равиши SHEP” дар шаҳри Кӯлоб

07.02.2022

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба лоиҳаи “Баланд бардоштани имкониятҳои хоҷагии хурди деҳқонӣ ва пешбурди онҳо тавасути равиши SHEP” санаи 27-28 январи соли 2022 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯъи “Муаррифӣ ва мафҳуми равиши SHEP” баргузор карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии мазкур Лутфуллои Давлати Абдурозиқзода - муовини сардори Раёсати растанипарварӣ ва Холиқзода Фирдавсӣ Санавар – муовини сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ, инчунин Искандаров Ислом намояндаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Беҳруз Дадобоев -Менеҷери лоиҳаи озмоишии рушди агробизнес дар Тоҷикистон (AKF), Дилшоди Давлталӣ -сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб дар маҷмӯъ 35 нафар иштирок доштанд, баргузор карда гардид.

Санаи 27 январи соли 2022 қисмати назариявии чорабинӣ дар мавзӯъи “Муаррифӣ ва мафҳуми равиши SHEP” дар меҳмонхонаи Помир - Кӯлоб ба саҳми иштирокчиён расонида шуд. “((Маълумоти мухтасар оиди SHEP: SHEP (Smallholder Horticulture Empowerment and Promotion) - ин равишест, ки «Кишоварзии ба бозор нигаронидашуда»-ро амалӣ намуда ва шуури (донишу малака) хоҷагидоронро аз «Парвариш ва фурӯш» ба «Афзоиш ба фурӯш» табдил медиҳад.))”

Ҳамзамон дар семинари мазкур аз ҷониби масъулин “Лоиҳаи озмоишии рушди агробизнес дар Тоҷикистон” низ муаррифӣ карда шуд.

Дар санаи 28 январи соли 2022 мутахассисони мазкур қисмати амалии чорабиниро дар Бозори марказии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб таҳлилӣ бозор гузаронида шуд, ки қисмати хоҷагидорон ва соҳибкорон ҷиҳати шартномабандии дуҷониба барои дастрас ва таъмин намудани маҳсулоти тару тоза барои бозори истеъмолӣ ҳамкориро ба роҳ монданд.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

 

Илова кунед: