Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинар-машварати ҷумҳуриявӣ

10.06.2021

Санаи 8-9-июни соли 2021 дар меҳмонхонаи “Азия Гранд-Отел”  Семинар-машварати ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Тақвият бахшидани системаи  тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ ва роҳҳои нигоҳдории гуногунии агробиологӣ дар тухмипарварии маҳаллӣ”  баргузор гардид.

Ҳадаф аз гузароидани семинар-машварати ҷумҳуриявӣ  муҳокимаи дастовардҳо  ва мушкилоту монеъаҳо дар соҳаи системаи  тухмипарварӣ ҷумҳурӣ муайян намудани роҳҳои  тақвият бахшидани он, баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони соҳаи кишоварзӣ ва мардуми маҳал оиди аҳамияти тухмипарварии маҳаллӣ ва баланд бардоштани нақши деҳқони тухмипарвар, аллалхусус занон дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Нахуст, гузориши муовини якуми Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғафор оиди  вазъи имрузаи соҳаи тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ, ва дурнамои тухмипарварии маҳаллӣ, роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳа шунида шуд.

Сипас, аз тарафи намояндагони  идораҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, мутахассисони  соҳаи тухмипарварӣ, олимони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва байнихалқӣ, ВАО, деҳқонони тухмипарвар, хусусан занон-маҳфузгарони тухмиҳои маҳаллӣ намояндагони дигар ташкилотҳо шунидан ва муҳокимаи маърузаҳо дар бораи вазъи  имрузаи соҳаи  тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ ва дурнамои он, тавсифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипаварӣ ва селексия, нақши олимони соҳаи кишоварзӣ дар рушди соҳаи тухмипарварӣ дар кишвар, нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таъсис додани бонкҳои тухмии ба ҷомеа асосёфта, масоили тухмиҳои гибридӣ ва ГМО дар ҷумҳурӣ, мухиммияти нигоҳдоии гуногунии  биологии тухмипарварии маҳаллӣ ва ҷанбаҳои маънавӣ ва фарҳанги он ва дигар маърузаҳои  марбут ба соҳаи  тухмипаварӣ  баён гардиданд.

Аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии “Зан ва Замин” ба  роҳбарони ташкилотҳои ҷамъятӣ  тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Рузи дуюми семинар-машварати ҷумҳуриявӣ аз таҷрибаи фаъолияти кории тухмипарварии Кооперативии тиҷоратии ба номи Латиф Муродов, ш. Ҳисор боздид карда шуд.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: