Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинар оид ба «Технологияи парвариши картошка дар кишти такрорӣ»

07.08.2020

Санаи 14-уми июли соли 2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ семинар оид ба «Технологияи парвариши картошка дар кишти такрорӣ» баргузор гардид.
Дар кори семинар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, сардорону мутахассисони идораи кишоварзии ноҳияҳои минтақаи водии Ҳисор, хоҷагиҳои деҳқонӣ, воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Инчунин зиёда аз 70 - нафар хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои минтақа, аз он 30 - нафар аз дигар шаҳру ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мақсади баргузории семинар таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи картошкапарварӣ, аз ҷумла парвариши картошка дар кишти такрорӣ, дарёфти усулҳои нави парвариш, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати он, зиёд намудани истеҳсол, нигоҳдорӣ, маркетинги содирот, инчунин ҳавасмандгардонии хоҷагидорон ва таъмини аҳолӣ бо картошкаи босифат ва тухмиҳои хушсифати ватанӣ мебошад.

На изображении может находиться: 3 человека, люди стоят, толпа и на улице
Олимон ва мутахассисони соҳа дар маърӯзаҳои худ оид ба масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи картошкапарварӣ, технологияи парвариши картошка дар кишти такрории шароити водигӣ, парвариши зироатҳои сабзавотӣ дар кишти такрорӣ, самаранокии иқтисодии рушди соҳа, коркарди замин пеш аз кишт, баланд бардоштани сатҳи корҳои механиконӣ, риоя намудани агротехникаи парвариш, ғизодиҳӣ, меъёри обмонӣ, мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо, тадбирҳои беҳтар намудани ташкили хоҷагидорӣ дар парвариш, ҷамъоварии ҳосил, инчунин баланд бардоштани даромаднокии соҳа тавсияю дастурҳо пешниҳод намуданд.
Дар қисми амалӣ иштирокчиён бо гузаронидани кишти такрории картошка дар шароити водигӣ, дар хоҷагиҳои ноҳияи Рӯдакӣ шинос шуданд.

На изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят, толпа, дерево и на улице

Илова кунед: