Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020, № 156 «Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмиву технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз тарафи институтҳои чорводорӣ ва чарогоҳ, тибби ветеринарӣ, масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКҶТ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 - солагии таъсисёбии АИКҶТ рӯзҳои 18-19-уми декабри соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Роҳҳои самарабахшгардонии истеҳсоли тухм ва гушти паранда дар шароити гарму хушк» доир мегардад.
Дар кори конференсияи мазкур иштироки намояндагони институти АИКТ, хоҷагиҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ, ба тариқи онлайн - олимони соҳаи чорводории Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Бошқирғизистони Федератсияи Россия дар назар аст.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон