Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи “ Агротехникаи кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ дар заминҳои лалмии мавзеи Олимтой”-и ноҳияи Данғара

16.11.2020
Санаи 17.11.2020 бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи “ Агротехникаи кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ дар заминҳои лалмии мавзеи Олимтой”-и ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси вилояти Хатлон Курбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва кишоварзону сокинони вилоят иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёт ба ҳисоб рафта дар таъмини маҳсулоти истеъмолии аҳолӣ, беҳдошти муҳити зист, мелиоратсияи замин, бехатарии биологӣ ва истеҳсоли ашёи хом накши муҳим мебозад.
Иқдоми Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар бораи сари вақт ба кишти тирамоҳӣ оғоз бахшидан амали муҳим ва саривақтӣ буда, дар таъмини маҳсулоти истеъмолии аҳолӣ ва боэътимодии амнияти озуқавории давлат ҳам бо маҳсулоти худӣ ва ҳам бо мавҷудияти маблағҳое, ки барои воридоти озуқаворӣ зарур аст, роли калонеро мебозад.
Имрӯз пандемияи коронавирус инсониятро ба тарсу ваҳм дучор намуда, бисёре аз соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳонро зараровар гардонида, ҳамаи кишварҳои дунёро зери таъсири манфии худ қарор додааст. Сарфи назар аз душвориҳои вазъи имрӯза, пешгирии таназзули иқтисодиёт ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани суръати рушди иқтисодиёт Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ ва ҳифзи солимии аҳолии кишвар, иҷрои супориши Роҳбари давлат оид ба таъмин намудани ҳадафи стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани майдони кишти картошка, босамар истифода бурдани замин, рӯёндани се-чор ҳосил аз замин, таъминот бо тухмии хушсифат ва сафарбар намудани кишоварзон барои дар муҳлати муносиб анҷом додани кишти тирамоҳӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Инҳо омилҳои калидиеро ҳастанд, ки ба носозгории иқтисодиёт таъсир мерасонанд, бинобар ин таҳлили масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар айни замон барои кишварамон масъалаи муҳими ҳалталаб ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба ин ташкили Семинари имруза низ барои иҷрои яке аз ҳадафҳои муҳим таъмини дастархони мардум бо маводи аввалия равона гардида, аз мо пеш аз ҳама онро тақозо менамояд, ки аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, дар се баст кори мавсимиро ташкил бояд кард, зеро аз ин пас ҳавои мусоидро интизор шудан хеле мушкил мегардад. Аз ин рӯ, хоҷагиҳое, ки дар мавзеи Олимтой заминҳои кишткунанда доранд, бояд аз ҳар дақиқаю соати ҳавои мусоид истифода баранд.
Тибқи тақсимоти ҳудудии мавзеи Олимтой, ки ҳамасола дар майдони муайяни он кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо дар заминҳои лалмии бо намитаъмини мавзеъ гузаронида мешавад, 7081 га буда, ба 5 ноҳия тақсим карда дода шудааст, ки аз ин ноҳияи Данғара- 2164 га, ноҳияи Восеъ-386 га, Ҳамадонӣ-144 га, Фархор -3813 га ва Муъминобод -574 га –ро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, дар ин мавзеъ зиёда аз 150 адад трактор ва 80 адад мошинолотҳои кишоварзӣ дар тайёр кардани шудгори заминҳо ва кишти он зери назорати Муассисаи Бозрасии давлатии назорати техникаи кишоварзӣ ва иҷрои корҳои баанҷомрасонидашуда назорати шабонарузӣ дар се баст таъмин карда мешавад.
Дар Семминар  олимони соҳа вобаста ба омода намудани тухмиҳои зироатҳои ғалладонагӣ, заҳролудкунии тухмиҳо пеш аз кишт ва талаботҳои стандартии сифатии тухмиҳои кошташаванда баромадҳо намуда, ба хоҷагидорон дар раванди гузаронидани кишти тирамоҳӣ, муҳлат, аҳамият ва истифодаи технологияи муосир дар гузаронидани ин чорабинӣ тавсияҳои худро пешниҳод  намуданд.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Илова кунед: