СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Санаи 27 – ми августи соли ҷорӣ бо ташабуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи ш.Шоҳтемур, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода семинари илмӣ – амалии ҷумҳурявӣ дар мавзуи «Парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо истифода аз таҷрбаи кишоварзони шаҳри Турсунзода» доир гардид.
Семинари мазкур оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода 3 январи соли 2020 баён доштанд, дар деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти «Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Салимзода Амонулло, намояндагони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, сардорону мутахассисони идораи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Мақсади баргузории семинар таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ, дарёфти усулҳои нави парвариш, ьаланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати он, зиёд намудани истеҳсол, нигоҳдорӣ, маркетинги содирот инчунин, ҳавасмандгардонии хоҷагидорон ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулотҳои хушсифати ватанӣ мебошад.
Олимон ва мутахассисони соҳа дар маърўзаҳои худ оид ба усулҳои муосири парвариши пахта ва амалӣ намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, муборизаи интегратсионӣ бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ, технологияи парвариши шолӣ дар кишти асосию такрорӣ ва рушди минбдаи соҳа, самаранокии татбиқи дастовардҳои илм ва технологияҳои замонавии парвариши ҷуворимакка, баланд бардоштани ҳосилхезгардонии хок ва беҳтар намудани ҳолати заминҳои обёришаванда дар манотиқи кишвар, технологияи парвариши зироатҳои сабзавотӣ ва роҳҳои афзунгардонии онҳо, баланд бардоштани маданияти зироаткорӣ бо истифодабарии техника ва технологияҳои замонавӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, технологияи баланд бардоштани боғу токзорҳо ва бунёди боғҳои навъҳои серҳосил дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин, роҳҳо ва тадбирҳои амалӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи кишоварзӣ, таъмини содирот ва мутобиқгардонии онҳо ба стандартҳои байналмиллалӣ, тавсияю дастурҳо пешниҳод намуданд.
Дар қисми амалӣ иштирокчиён бо қитъаҳои намоиши зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагии кооперативии «Дўстӣ» (бо парвариши навъҳои пахта), хоҷагиҳои деҳқонӣ дар деҳаи ба номи Сайдалӣ Табаров (парвариши зироатҳои кишоварзӣ), ҶСК «Ҳақиқат» (бо парвариши шолӣ дар кишти асосӣ ва такрорӣ), ҶДММ «Агросаноат» (бо намоиши техникаи кишоварзӣ), хоҷагии деҳқонии «Нодирбек - Д» (бо боғи меваҳои тухмакдор ва истифодаи сардхона), хоҷагии деҳқонии «Неъмат Ҳоҷӣ» (бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ), хоҷагии деҳконии «Ҳоҷӣ Камол» (бо сардхонаи муосир) ва филиали кафедраи меваю сабзавотпарварии ДАТ –и ба номи Ш.Шоҳтемур дар шаҳри Турсунзода шинос шуданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
235 38 63