Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинари моҳипарварӣ дар вилояти Суғд

27.05.2022
 
Дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаҳои 26-27 майи соли ҷорӣ дар заминаи ҶДММ «Рахшона»-и ноҳияи Ашт ва ҶДММ «Корпоратсия Моҳии Тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Семинари илмию амалӣ оид ба рушди соҳаи моҳипарварӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Вазири кишоварзӣ Мирзозода Музафар, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Шарифиён М.М., намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров, мутахассисону олимони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои моҳипарварии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳиязои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Сараввал муовини якуми Вазири кишоварзӣ Мирзозода М., чорабинии мазкурро ифтитоҳ бахшида қайд намуданд, ки маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 ба соҳаи моҳипарварӣ имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ дода шуданд. То ин давра бо истифодаи имтиёзҳои додашуда соҳаи моҳипарварӣ босуръат рушд ёфта, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва истеҳсоли моҳӣ марҳила ба марҳила зиёд гардида истодааст.
Айни замон дар миҳёси ҷумҳурӣ 372 адад, аз ҷумла дар вилояти Суғд 32 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ мавҷуд аст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12 адад зиёд аст. Аз рўи маълумотҳои оморӣ ба њолати 01.05.2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 963,8 тонна, аз ҷумла дар вилояти Суғд 285,1 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 219 ва 47,4 тонна зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки таи солҳои охир саҳми ҶДММ «Рахшона»-и ноҳияи Ашт ва ҶДММ «Корпоратсия Моҳии Тоҷик» дар пешрафти соњаи моњипарварии вилояти Суҷд назаррас мебошад. Хусусан дар сехи моҳичабарории ҶДММ «Корпоратисия Моҳии Тоҷик» соли гузашта 70 млн. дона кирминамо истеҳсол гардида, соли ҷорӣ масъулин тасмим доранд, ки ин нишондиҳандаро ба зиёда аз 80 млн. дона расонанд.
Ҳамзамон соли 2021 ҶДММ «Рахшона» 160 тонна моҳӣ истеҳсол намуда, аз рўи дурнамо то охири соли ҷорӣ истеҳсоли моҳӣ ба зиёда аз 200 тонна расонида мешавад.
Дар рафти семинар мутахассисон ва олимони соҳа баромад намуда, оид ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карданд. Инчунин мубодилаи таљриба байни роњбарони хољагињои моҳипарварӣ сурат гирифта, иштирокчиёни чорабинӣ санаи 27-уми май аз рафти истеҳсоли кирминамоҳӣ дар сехи инкубатсионии ҶДММ «Корпоратсия Моњии Тољик» шиносої пайдо намуданд.
Дар фарҷом иштирокчиёни семинар миннатдории худро ба Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, уҳдадор гардиданд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда истеҳсоли моҳиро дучанд гардонида, дар таъмини бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: