Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

СИСТЕМАИ ИММУНИИ ХУДРО БО САБЗАВОТИ ДОРОИ ВИТАМИНИ - С БАЛАНД НАМОЕД!

07.05.2020

 

“Аксарияти мардуми кишвар барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ худсарона бе  тавсияи табибон аз дорухонаҳо доруҳои баландкунандаи  системаи иммуниро харидорӣ менамоянд, ки дар сурати мавҷуд набудани вирус дар бандан, метавонад, ки ҳуҷайраҳои муҳими баданро аз байн бубарад” – чунин иброз намуд намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳивзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Рауфов ба кормандони Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фирдавс Рауфов ҳамчунин илова  намуд, ки “ Ба ҷои худсарона ва бе тавсияи табибон ҳаргуна доруҳои баландкунандаи масунияти бадан, хубтар мешуд, ки аз меваю сабзавоти дорои витамини С дар давраи хуруҷӣ бемории коронавирус, зиёдтар истеъмол намоянд. Зеро, витамини C масуниятро дастгирӣ мекунад ва онро аз сирояти  вирусҳо муҳофизат менамояд. Ба туфайли ин, шахс зуд барқарор мешавад. Аз ин рӯ, кислотаи аскорбинро аксар вақт барои сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ, шамолкашӣ дар давраи норасоии витамини баҳорӣ тавсия медиҳанд”

Шаҳрвандони муҳтарам, хотиррасон менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  кишвари аграрӣ буда, аксари витамини С дар маҳсулоти сабзавотӣ, мевагӣ ва гиёҳӣ мавҷуд аст. Шумо метавонед меъёри ҳаррӯзаро бо пиёз, помидор, гулкарам, картошка ва дигар сабзавоти дорои хусусияти витамини С  пур намоед.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тољикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол  пайваста кӯшиш менамояд, ки майдонҳои умумии гармхонаҳои доимоамалкунандаро тибқи нақша сол аз сол зиёд намуда, ҳосилнокии онро афзун гардонад.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Илова кунед: