СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД!

Бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии саривақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах, инчунин гузаронидани чораҳои муҳофизатии зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону касалиҳо, ҳамзамон дар ин замина баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2021 санаи 18.02.2021, соати 900 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Дар ситоди мазкур роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ташкилотҳои зертобеи вазорат, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони сарраёсатҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон