Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

12.08.2020

Бо мақсади бамаротиб зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо субъектҳои кишварҳои харидор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳа дастурҳои мушаххас дода шудааст, ки дар ин асно тибқи маълумоти фаврии гумрукӣ ба ҳолати 31.07.2020 ба хориҷи кишвар 103657 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 13 761 520 доллари ИМА содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, аз рӯи ҳаҷм 37896 тонна ё 36, 8 фоиз ва аз рӯи арзиши гумрукӣ 4 327 945 доллари ИМА зиёд мебошад.
Бахусус, содироти пиёз 82771 тонна ё 146,6 фоиз, дигар сабзавот 1027 тонна ё 142,0 фоиз, меваҷот 8702 тонна ё 103,8 фоиз, аз ҷумла ангур 1460 тонна ё 189,1 фоиз, меваи хушк ва чормағзмева 10348 тонна ё 110,7 фоиз ва себ, гелос ва нок 3262 тонна ё 92,5 фоиз зиёд гардидааст.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамос:235 39 23

Илова кунед: