Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст

19.06.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба нигоҳдорӣ ва таҳвили сабзавот, меваи тару тоза ва хушк, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо субъектҳои кишварҳои харидори ин маҳсулот бо мақсади бамаротиб зиёд карди ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа пайваста таъкид намуда дастур доданд, ки вобаста ба ин масъала  Ситоди корӣ оид ба ташкили содироти мева ва сабзавоти барвақтӣ бо риояи қатъии талаботи фитосанитарию эпидимиологӣ ташкил карда шавад. Ситоди корӣ доир ба корҳои анҷом додашуда ва нақшаҳои ояда дар ду ҷаласа масъалаҳои мавҷудро барраси намуда ҷиҳади бартараф сохтани камбудиҳои соҳа тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (17.06.2020с. – 18.06.2019с.) афзоиш ёфта 22433 тонна зиёд мебошад.

Тибқи ахбороти гумрукӣ ба ҳолати 17.06.2020 с. аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти сабзавотӣ  68667 тонна, меваҷот 7276 тонна, тарбуз ва харбуз 62тонна, меваи хушк ва чормағзмева 9073 тонна,  дигар намуди маҳсулотҳо 41 тонна, дар маҷмӯъ 85119 тонна содирот шудааст.

Дар ин давра 1940 тонна олу ва 200 тонна гелос содирот шудааст.

Бо вуҷуди оламгир шудани бемории сироятии коронавирус Covid -19 ва мушкилоти сарҳадӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз рӯи ҳаҷм 35,8 фоиз ва аз рӯи арзиш 44,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Илова кунед: