Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Суратгузориш аз рафти супоридани техникаҳои хурд.

03.08.2022
Санаи 02 августи соли равон бо иштироки муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода  барои пешбурд ва мустаҳкам намудани базаи моддии техникии Стансияҳои навъсанҷии Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад техникаҳои хурд (мотоблок) супорида шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар доираи амалишавии "Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" ва  дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаҳои озмоишӣ ва хоҷагиҳо кумакҳо расонида мешавад.
 
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: