Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

08.09.2022
 
Санаи 8 сентябри соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири кишоварзӣ Мирзозода Музаффар, муовинони вазир Ҷаббор Носирзода ва Нигина Анварӣ ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири кишоварзӣ Мирзозода Музаффар кормандонро ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ, ки дастоварди муҳимтарини кишвар маҳсуб меёбад, аз номи роҳбарияти вазорат табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду муваффақиятҳои арзанда ноил гардид.
Дар фарҷом ба муносибати 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд нафар кормандони дастгоҳи марказии вазорат бо Ифтихорномаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед: