Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Вазорати кишоварзӣ

05.11.2020
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 05.11.2020 чорабинии тантанавӣ таҷлил гардид.
Муовини якуми Вазири кишоварзӣ Каримзода С.Ғ. дар баромади худ командони дастгоҳи марказӣ ва тамоми сокинони мамлакатро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик намуда таъкид доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти он ки бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидааст, хусусияти миллӣ дорад ва дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд.
Мардуми сарбаланди кишвар дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Дастовардҳое, ки дар давоми солҳои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби халқу давлати тозабунёди мо гардидаанд, натиҷаи хирад ва сиёсати оламгири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва орияти ватандӯстии халқи шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Сипас, маърӯзаи сардори Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ Зарифов Анвар доир ба раванди қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд. Баён гардид, ки тавассути ин дастоварди олӣ миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи дастовардҳо кӯшиш менамояд ва рушди давлати миллии хешро ҳадафи асосӣ қарор дода, барои тақвияти он аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода мебарад.
Дар интиҳо аз ҷониби Шуъбаи матбуот ва иттилоот филми мустанад доир ба қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури ҳозирин гардонида шуд.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 

Илова кунед: