Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои Стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

11.02.2022

Соҳаи кишоварзӣ - яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад.

                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон        

     Амнияти озуқавории кишвар аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дошта, вобаста ба ин таҳти сиёсати хирадмандона, оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ин соҳа тамоми тадбирҳо дар ин самт амалӣ гардида истодаанд.

     Ҳар як нақшаву амалҳое, ки Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ менамояд, барои рушду тараққиёт ва ояндаи дурахшони кишварамон нигаронида шудааст.

     Вобаста ба силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ бошад, исбот гардид, ки ҳар яке аз онҳо амалишавандаанд. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат бештар таваҷҷӯҳ ба раванди расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар ва як қатор иқдомҳо дар ин самтҳои барои давлат ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Дар баромад инчунин дастовардҳо дар самти амалишавии ҳар як ҳадафи стратегӣ муфассал арзёбӣ гардида, барои пурра расидан ба ҳадафҳои стратегии ҳаётан муҳим вазифагузориҳои ҷиддӣ ироа гардид. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба рушди соҳаи саноат ва тақвияти саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷӯҳи зоҳир намуда, иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфт. Диққати асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ нигаронида шуд.

     Таъсиси корхонаҳои муштарак барои тамоми минтақа муфид хоҳанд буд. Тоҷикистон дар як сол то ним миллион тонна пахта тавлид мекунад. Аммо танҳо 15% пахта дар кишвар коркард карда мешавад. Коркарди пахта ва таъсиси корхонаҳои муштараки бофандагӣ бегуфтугӣ самти дигари ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Олмону Лаҳистон ва дигар кишварҳои Аврупо буда метавонад.

     Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тољикистон барои давраи соли 2030 чор ҳадафи асосӣ - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти комуникатсионї, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат яке аз вазифаҳои калиди ба ҳисоб меравад.

     Имрӯз бо заҳматҳои беандозаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номуси тоҷик Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад, ки ин натиҷаи сулҳу оромӣ аст.  

     Таваҷҷӯҳи рӯзафзуни сарвари давлат ба пешрафти соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудаст, ки дар ин самт Вазорати кишоварзӣ яке аз вазоратҳои калиди ба ҳисоб меравад. Ва мо кишоварзонро вазифадор месозад, ки барои пешравти  ин соҳа  саҳмгузор бошем. Ва ҳар вазифаҳое, ки дар назди мо муҳим аст. Бо як нерӯи хирад ва заковати хеш иҷрои саривақти онро  таъмин намоем.

     Амнияти озуқавории мамлакат аз самтҳои афзалиятноку стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон шинохта шудааст, ки кишоварзони мамлакат дар қатори даҳҳо сохторҳои давлатӣ - ташкилоту корхонаву муассисаҳо, бо фаъолияти ҳамарӯзаашон дар амалӣ намудани сиёсати Сарвари Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузошта истодаанд.

     Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Паёми навбатии хеш баён намудаанд, ки  "Дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

      Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд. Дар ин давра дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ шуда истодааст. Дар натиҷа дар замони истиқлолият маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани 2–3 ҳосил ба ҳукми анъана даромад, ки барои бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда истодааст. Бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, махсусан, дар шароити ду соли охир пайиҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ба шарофати заҳмати онҳо фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардид ва мардуми мо аз ҷиҳати таъминот бо маводи озуқа танқисӣ накашиданд".

       Мо кормандони Вазорати кишоварзӣ ҳар як дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти кории худ қарор дода, тамоми саъю талош дар таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, боз ҳам баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагии мардум таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ва ба раванди ободониву созандагии Ватан сафарбар сохтани  деҳқону кишоварзон равона месозем.

Раҳмонов Далер Сайвалиевич

сармутахассиси Шуъбаи сиёсати техникӣ

  ва рушди инфраструктураи кишоварзии

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                               

  

 

Илова кунед: